Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа

26.06.2010 13:00, ноҳияи Роштқалъа

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф оварда, дар маросими ифтитоҳи бинои нави бахши Бонки давлатии амонатгузории Амонатбонк ва варзишгоҳи марказии ноҳия иштирок намуд.

Зимни шиносоӣ бо бинои нави бахши Амонатбонк, аз ҷумла зикр гардид, ки дар он барои 21 нафар ҷойҳои нави корӣ муҳайё гаштааст. Гардиши пулии ин бонк дар ноҳияи Роштқалъа дар 5 моҳи соли равон 4,5 миллон сомониро ташкил дода, ҳаҷми пасандозҳои аҳолӣ ба қариб 500 ҳазор сомонӣ ва сандуқи қарзӣ ба 1,2 миллион сомонӣ баробар шудааст.

Сипас бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказии ноҳияи Рошткалъа ифтитоҳ ёфт, ки дар зарфи 2 соли охир бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ навсозӣ шудааст. Варзишгоҳ ҳоло дорои 2800 ҷойи нишаст мебошад.

Месазад таъкид намуд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати Миллӣ дар ин ноҳия ҳамчунин беш аз 30 иншооти дигари иҷтимоию маъмурӣ, аз ҷумла 2 мактаби замонавӣ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар варзишгоҳи марказӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолон ва намояндагони сершумори аҳолии ноҳия мулоқот намуд.

Зимни суханронии Президенти мамлакат ва сўҳбатҳои дилнишинаш бо мардум, аз ҷумла зикр гардид, ки танҳо ҳамин сол барои дастгирии буҷети ноҳия аз буҷети ҷумҳуриявӣ 6,5 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ ҷудо карда шуд. Баҳри дастгирии бештари соҳибкорони деҳоти кўҳистон ҳаҷми карздиҳии хурди бонкӣ 2 баробар зиёд карда мешавад. Ба мактабҳои ноҳияи Роштқалъа дар рўзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ боз 60 компютери иловагӣ тўҳфа мегардад. Тибқи супоришҳои Сарвари давлат, то соли оянда дар ноҳия як мактаби замонавии мусиқӣ бунёд меёбад ва то ҷашни истиқлоли соли равон варзишгоҳи марказӣ бо ҷудо намудани маблағи иловагӣ боз ҳам ободу зеботар карда мешавад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520