Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар вохўрӣ бо мардуми ноҳияи Роштқалъа дар варзишгоҳи навсохти ноҳия

26.06.2010 13:00, ноҳияи Роштқалъа

Падарону модарони арҷманд!
Бародарону хоҳарони меҳрубон!
Фарзандони азиз!

Сараввал ҳамаи шуморо ба ифтихори сездаҳумин солгарди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки заминаи устувори сулҳу субот, ваҳдату ягонагии мардуми шарифи Тоҷикистонро фароҳам овард, инчунин ба муносибати ифтитоҳи варзишгоҳи навсохти ноҳия самимона табрик мегўям.

Чунонки дар хотир доред, ҳадафи асосии фаъолияти давлат ва ҳукумат дар он давраи бўҳрониву хатарнок, пеш аз ҳама, дар асоси майлу иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ ва таъмини суботу оромӣ буд, ки боз ҳам ба шарофати хиради азалӣ ва фарҳанги сулҳхоҳиву таҳаммулгароии халқамон мо ба он ноил шудем.

Имрўз файзу баракати сулҳи тоҷикон хонадони ҳар яки моро лабрези шодиву нусрат ва амониву осудагӣ кардааст, ки дар ин гўшаи диёри биҳиштосоямон - ноҳияи Роштқалъа мо онро ба хубӣ эҳсос менамоем.

Воқеан, Бадахшон на танҳо макони маъдану сангҳои нодиру дар ҷаҳон машҳур аст, балки зодгоҳи ҳазорон мардони бонангу номус мебошад, ки барои пешрафти Ватанамон корҳои шоистаро анҷом додаанд.

Меҳнати шарафмандонаи фарзандони заҳматписанди Бадахшон буд, ки дар ин минтақаи дурдасти Тоҷикистон самтҳои гуногуни иқтисодиёту иҷтимоиёт рушд ёфта, солҳои охир дар доираи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Роштқалъа хеле корҳои ободонӣ анҷом дода шуданд, ки онҳо ба тадриҷан беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат менамоянд.

Солҳои охир дар ҳудуди ноҳия як қатор иншооти маъмуриву маишӣ, нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ, қасри фарҳангу меҳмонхона, пулу хатҳои оби нўшокӣ, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббиву беморхонаҳо бунёд ва таъмир гардиданд.

Имсол низ мо ин анъанаи некро идома бахшида, дар остонаи Рўзи ваҳдати миллӣ дар ҳудуди ноҳия тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ бинои маъмурии бахши ноҳиявии «Амонатбонк», ду мактаб ва варзишгоҳи ноҳияро сохта, ба истифода супоридем ва имрўз дар ин варзишгоҳи навбунёд бо шумо мулоқот дорем.

Илова бар ин, бо мақсади суръат бахшидан ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ноҳия татбиқи 3 лоиҳаи инвеститсионӣ ба роҳ монда шудааст, ки аз маблағи умумии онҳо танҳо дар панҷ моҳи соли ҷорӣ қариб 300 ҳазор сомонӣ азхуд гардидааст.

Инчунин барои дастгирии буҷети ноҳия аз буҷети давлатӣ қариб 6,5 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок ҷудо карда шудааст.

Дастгирии бахши соҳибкории хурд, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ дар шароити ноҳияҳои кўҳистон яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёт ва омили муҳими афзоиши даромади аҳолӣ ва зиёд гардидани ҷойи корӣ мебошад.

Тавре ки аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, соли 2009 аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба аҳолии ноҳия ба маблағи 3,6 миллион сомонӣ қарзҳои хурд дода шудаанд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта дуюним миллион сомонӣ ё ин ки 40 фоиз кам мебошад.

Бо мақсади ҳарчи зудтар ислоҳ кардани чунин вазъ ва бо дарназардошти афзалияти соҳибкорӣ, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ба Бонки миллӣ ва дигар бонкҳои тиҷоратӣ зарур аст, ки барои рушди минбаъдаи соҳа ва афзоиши додани маблағҳои қарз тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар шароити Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Роштқалъа вусъат додани соҳаи чорводорӣ, бахусус қутоспарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ва воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ба ҳисоб меравад.

ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия бунёди коргоҳҳои хурди коркарди меваю сабзавот ва занбўриасалпарвариро инкишоф додан зарур аст, ки метавонанд ба беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат мусоидат намоянд.

Дар баробари ин, кишоварзони ноҳия бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии заминҳои обӣ, маҳсулнокии чорво ва афзун гардонидани саршумори он аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд, зеро кишоварзӣ соҳаи асосӣ ва афзалиятноки ноҳия ба шумор меравад.

Дар давоми ду-се соли охир бо мақсади азнавсозии шабакаҳои обёрӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар як қатор мавзеъҳои ноҳия бо дастгирии ҳукумати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд, ки бешубҳа, ба рушди соҳаи кишоварзии ноҳия такон медиҳанд.

Бо дарназардошти ин, ки пешрафту тараққиёти кишвар аз вазъи роҳҳои мошингард вобаста мебошад, ҳукумати мамлакат солҳои охир хеле корҳоро ба анҷом расонид, ки далели равшани он бунёди роҳи мошингарди Душанбе-Кўлоб-Дарвоз-Мурғоб-Кулма мебошад.

Дар баробари ин, қитъаҳои алоҳидаи роҳи Душанбе - Хоруғ, роҳи Роштқалъа - Туқузбулоқ ва пулҳое, ки аз ҳудуди ноҳияи шумо мегузаранд, таъмиру барқарор карда шуданд.

ҳоло дар ноҳияи Роштқалъа сохтмони ду мактаби миёна, аз ҷумла мактаби деҳаи Сумҷев барои 150 ҷойи нишаст ба охир расид, ки фарзандони мардуми деҳаи мазкур аз соли нави хониш дар синфхонаҳои барҳавои он таҳсилро оғоз мекунанд.

Вобаста ба ин, Вазорати маориф ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки то ибтидои соли нави таҳсил ин мактабро бо лавозимоти хониш, аз қабили мизу курсӣ, китобҳои дарсӣ, компютер ва дигар ашёи зарурӣ таъмин намоянд.

Дар ду соли гузашта дар ноҳия барои ташкили беҳтари ҳифзи саломатии мардум, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим беморхонаи марказии ноҳия аз нав таъмиру тармим гардид.

ҳамчунин дар доираи лоиҳаи ислоҳоти низоми тандурустии Тоҷикистон марказҳои саломатии маркази ноҳия ва деҳаи Тавдем, шўъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ, бунгоҳҳои саломатии деҳаҳои Шудҷев, Лахшик, Дашт ва Лесхоз сохта, ба истифода дода шуданд, ки маблағи умумии онҳо қариб якуним миллион сомониро ташкил медиҳад.

ҳар сол тибқи нақша Вазорати тандурустӣ беморхонаҳои ҳудуди вилоят, аз ҷумла ноҳияи Роштқалъаро бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва доруворӣ таъмин менамояд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки таъминот ҳанўз нокифоя аст.

Бинобар ин, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки бо дарназардошти эҳтиёҷоти муассисаҳои тиббии ноҳия ҷиҳати таъмини онҳо бо таҷҳизоту доруворӣ чораҳои иловагӣ андешад.

Бояд гуфт, ки роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат аз мушкилоти мавҷудаи вилоят, аз ҷумла ноҳияи Роштқалъа ба хубӣ огоҳ ҳастанд ва барои ҳаллу фасли онҳо мунтазам чораҷўӣ мекунанд.

Вале хотирнишон месозам, ки барои таъмини рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, пеш аз ҳама, иттиҳоду ягонагӣ, ҳамраъйиву ҳамфикрӣ ва ваҳдати миллии мардуми шарифи Тоҷикистон зарур аст. Зеро суботи устувори ҷомеа асоси пешрафту тараққиёти ҳар як давлат мебошад.

Аз ин рў, ҳар кадоми мо бояд кўшиш намоем, ки заҳмату фаъолияти худро ба хотири таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ки соли оянда бистумин солгарди онро ботантана таҷлил хоҳем кард, равона созем. Дар ин раванд, мо бояд ваҳдати миллиамонро, ки бо баҳои хеле гарон ба даст омадааст, эҳтиёт кунем ва саъю талош намоем, ки ин дастоварди нодири халқи азизамон то ҷовидон пойдор бошад.

Ман ба ин комилан бовар дорам ва бо итминон изҳор менамоям, ки мардуми сарбаланди Бадахшон, аз ҷумла сокинони меҳмоннавозу заҳматписанди Роштқалъа сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати худро минбаъд низ ҷонибдорӣ карда, дар пешрафту тараққиёти Ватани соҳибистиқлоламон саҳми арзанда мегузоранд.

Бо ҳамин ниятҳои нек, ҳамаи шумо-ҳозирини гиромиро бори дигар ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ - ин неъмати муқаддас ва азизи мардуми Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон тандурустиву иқболи нек, рўзгори хушу босаодат ва барори кору комёбиҳо орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520