Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруя

03.09.2018 11:41, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Япония Кейҷи Фуруяро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, роҳҳои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва саҳми Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ дар рушди муносибатҳои ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Япония баррасӣ шуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Муколамаи “Осиёи марказӣ-Япония”-ро барои фарох кардани доираи масъалаҳои ҳамкорӣ ба манфиати мардумони кишварҳои аъзо махсус таъкид карданд.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, татбиқи санадҳои қаблан имзошудаи ҳамкорӣ ва амалӣ кардани лоиҳаҳои муштарак изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Барои идомаи муколамаи сатҳи олӣ оид ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, инчунин зарурати таъмиқи ҳамкорӣ дар соҳаҳои барои ҳар ду кишвар судманд изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520