Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи дурдасти Мурғоб ташриф оварда, нахуст ба сохтмони як нерўгоҳи хурди обӣ оғози расмӣ бахшид ва бо намояндагони сершумори мардуми ин ноҳия мулоқот намуд.
Дар ноҳияи Мурғоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон санги асос ва нома ба наслҳои ояндаро дар ҷойи сохтмони як нерўгоҳи хурди обӣ гузошт, ки иқтидори лоиҳавияш 2,5 ҳазор киловатт/соат буда, бо маблағгузории муштараки Тоҷикистону Олмон дар муддати кўтоҳ бунёд меёбад. Барои сохтмони ин нерўгоҳ харҷи 30 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зимни мулоқот бо мардуми ноҳия ҳамчунин зикр гардид, ки бо сохта, ба кор дароварда шудани ин нерўгоҳ мушкили барқтаъминкунӣ дар ин ноҳия пурра бартараф мегардад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори сатҳи ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои таъмини доимии мардуми ин ноҳияи дурдасту баландкўҳ ва дорои иқлими вазнин бо ангишту дигар навъҳои сўзишворӣ, озуқаворӣ ва ғайра супришҳои мушаххас дод.
Мардуми ноҳияи Мурғоб ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ҷаҳду талошҳои беназираш баҳри таҳкими фазои сулҳу оромӣ дар кишвар ва рушди нумуи бемайлони иҷтимоию иқтисодӣ, аз ҷумла дар ин минтақаи дурдасти баландкўҳ арзи сипос карданд.
Дар ноҳияи Мурғоб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як барномаи варзишӣ-фарҳангӣ низ иштирок намуд. Зимни он ҷавонону духтарони маҳаллӣ ҳунарҳои аспдавонӣ ва мусобқаҳои гуногуни бо асп иҷрошавандаро намоиш доданд.