Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Муовини Сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тсилян

05.09.2018 18:23, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рӯзи 5 сентябри соли 2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини Сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тсилянро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардид.

“Таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникии Тоҷикистону Чин, яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории кишварҳои моро ташкил медиҳад” - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо аз ҳамкории давлатҳо, ки характери стратегӣ ва шарикии ҳамаҷониба дорад, қаноатмандӣ намуда, изҳори умед карданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд мекунад.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон ва муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои ҷаҳони муосир - терроризму экстремизм, радикализм, инчунин пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт, инчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ муҳокима гардид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520