Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ишкошим

25.06.2010 19:00, ноҳияи Ишкошим

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Мурғоб ба ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон омад.

Боздиди Сарвари давлат аз деҳаи Вранги дуртарин ҷамоти ноҳия, ки дар дараи овозадори Вахон ҷойгир аст, оғоз ёфт. Дар ин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон нахуст як мактаби нави замонавиро, ки бо 10 синфхона барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дод.

Зимни дидани мактаб зикр гардид, ки дар назди ин мактаб то соли оянда боз як бинои дигар бо 8 синфхона бунёд меёбад ва дар он маҷмуан барои 320 хонанда дар як баст шароити таълиму тарбия муҳайё мегардад.

ҳангоми сўҳбат бо мактаббачагони ин деҳа аён гашт, ки сатҳи донишомўзиашон хубу ибрабахш аст. Хонандаи синфи 9 Фидои Юсуфбек, ки иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии ихтироъкорони ҷавон аст, дар сўҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки худаш лоиҳаи як осёби обиро таҳия намудааст ва мехоҳад онро дар деҳаи Вранг бунёд карда, ба мардум хизмат расонад. Сарвари давлат дар посух бо хушнудӣ изҳор дошт, ки маблағи бунёди ин осёбро аз Фонди захиравии Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо мекунад. Ба роҳбарият ва омўзгорони мактаб дастур дода шуд, ки барои таълиму тарбияи хуби ин навраси боистеъдод таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоянд, то ки оянда бо квотаи президентӣ ба Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон қабул шавад.

Дар ҳамин деҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва намояндагони сершумори ноҳияи Ишкошим мулоқот намуда, сўҳбати ошкору самимӣ анҷом дод.

Тадбирҳои зиёде, ки имрўз аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия татбиқ мегарданд ва барои оянда ба нақша гирифта шудаанд, боиси хушҳолӣ, сарфарозӣ ва сипосу қадрдониимардуми Ишкошим гардид.

Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хатмкардаи порсолаи мактаби деҳаи Путупи ноҳия Софияи Давлатбек, ки табъи шоирӣ ва дониши баланд дорад, аз ҳисоби квотаи президентӣ ба яке аз мактабҳои олии шаҳри Душанбе қабул шуда, бо хобгоҳ ва дигар шароити зарурӣ тамин мегардад. Чунонки маълум шуд, ў соли гузашта ба Донишгоҳи давлатии Хорўғ дохил шудааст, вале бо сабаби тангдастии оилаашон, таҳсилро давом дода натавонистааст.

Мардуми деҳа бо самимияту муҳаббати беандоза андешаҳои сипосу қадршиносии худро ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои беназираш баён намуданд.

Худи ҳамин руз бо иштироки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар мавзеи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим бинои нави осоишгоҳ ва якчанд иншооти дигари дорои аҳамияти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520