Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи шифобахшӣ-сайёҳии Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим

25.06.2010 20:30, ноҳияи Ишкошим

Бегоҳии рўзи 25-уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи шифобахшӣ-сайёҳии Гармчашмаи ноҳияи Ишкошимро, ки дар ҷойи собиқ осоишгоҳи Гармчашма бо тарҳу нигоҳи замонавӣ бунёд ёфтааст, ифтитоҳ намуд.

Дар доираи омодагӣ ба солгарди 13 – уми Ваҳдати миллии Тоҷикистон дар ҷойи собиқ осоишгоҳи Гармчашма бо харҷи 10 миллион сомонӣ 5 бинои нави иловагӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бисёр шароити дигари табобат, фароғат ва саёҳат бунёд ёфтааст.

Яке аз 5 бинои нав меҳмонхонаи Сомон ТМ бо тамоми шароити замонавӣ мебошад, ки ба қабули ҳама гуна меҳмонони дохилию хориҷӣ, аз ҷумла меҳмонони олимақом мутобиқ аст.

Як бинои нави фароғатию табобатӣ бо шароити пешқадами замонавӣ бунёд ёфта, биноҳои пешина мавриди навсозӣ қарор гирифтаанд.

Маҷмааи варзишии Гармчашма иборат аз майдончаҳои баскетбол, волейбол ва теннис буда, хеле зебо ва мутобиқ ба талаботи мизоҷони соҳибзавқ бунёд ёфтааст. Дар паҳлўи он ҳамчунин майдончаҳои офтобдиҳии бадан алоҳида барои занон ва мардон мавҷуданд.

Маҷмааи шифобахшӣ-сайёҳии Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим ҳамчунин дорои сомонаи интернетии garmchashma.tj мебошад, ки барои ҷалби сайёҳон ва эҳтиёҷмандони дохилию хориҷӣ омода гаштааст ва дар он тамоми иттилооти заруриро дар бораи кор ва шароити ин маҷмаа пайдо кардан мумкин аст.

Маҷмаа ҳамчунин якчанд микроавтобус дорад, ки барои аз фурўдгоҳи шаҳри Хорўғ ба Гармчашма ва баръакс аз ин ҷо то фурўдгоҳ дастрас намудани мизоҷон ва бо хатсайрҳои сайёҳӣ гардондани сайёҳон пешбинӣ шудаанд.

Имкониятҳои табобатию истироҳатии обҳои шифобахш ва табиати биҳиштосои ин мавзеъ ҳеҷ эҳтиёҷ ба тасвиру муаррифӣ надоранд, зеро ки манфиати фавқулоддаи онҳо натанҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар кишварҳои дуру наздики хориҷӣ маъруфу машҳур аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520