Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Рўшон

24.06.2010 16:00, ноҳияи Рӯшон

Субҳи имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Дарвоз ба ноҳияи Рўшони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф овард.

Дар ин ноҳия Сарвари давлат нахуст аз мактаб-интернати вилоятӣ барои ятимону бепарасторон дидан карда, бо омўзгорону хонандагони он аз наздик сўҳбат намуд. Онҳо ба Президенти мамлакат барои ѓамхорӣ ва кўмакҳои доимияш ба ин ва дигар мактаб-интернату ятимхонаҳо, аз ҷумла кўмакҳои моддии дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ расондааш, арзи сипос намуданд.

Хотиррасон бояд намуд, ки аз 74 нафар хонанда дар ин мактаб-интернат шумораи зиёдашон ятимон мебошанд. Зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки дар наздикии ин таълимгоҳ мактаб-интернати нави ҷумҳуриявӣ ҳоло бунёд ёфта истодааст ва он бо харҷи 6,5 миллион сомонӣ барои 650 нафар ятимону бепарасторон ва ҳамчунин хонандагони хушлаёқати Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон пешбинӣ шудааст. Ин мактаби мўҳташам бо беҳтарин шароити муосири таълиму тарбия то моҳи сентябри соли оянда, яъне то 20 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон сохта, ба истифода дода мешавад.

Дар сўҳбат бо роҳбарият ва омўзгорону парасторони ин мактаб-интернати мавҷуда Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ба кўдакони ятиму бепарастор чун бо фарзандони худ муносибат кунанд, то ки онҳо дар фазои меҳру муҳаббат таълиму тарбия гирифта, кадрҳои хубу ватандўсти оянда шаванд.

Дар деҳаи Деҳрўшони ноҳияи Рўшон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як мактаби нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин мактаб, ки бо харҷи 2,1 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, бо шароити хуби таълимӣ барои 240 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.

Зимни боздид аз мактаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сифати корҳои сохтмонӣ дар ин ва дигар иншооти нав, ки дар ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз ва Рўшон тайи ду рўз мавриди истифода қарор гирифтанд, изҳори қаноатмандӣ намуда, таҷрибаи бинокорони ин ноҳияҳоро намунаи ибрати дигарон арзёбӣ кард. Дар ин ҷо ҳамчунин зикр гардид, ки дар ноҳияи Рўшон дар арафаи иди Ваҳдати миллӣ боз 3 мактаби нави дигар низ сохта, ба истифода дода шуд.

Зимни сўҳбат бо хонандагон иттилоъ дода шуд, ки хатмкунандаи мактаби кўҳнаи ин деҳа Хушрўз Маҷидов дар озмуни ҷумҳуриявии Дурахшандагон аз ҳунари меъморӣ ҷойи якумро ишѓол намуда, аллакай ба Донишгоҳи техникии сохтмон ва меъмории шаҳри Алмаатои ҷумҳурии қазоқистон шомил гаштааст.

Дар ноҳияи Рўшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Нури Ваҳдат ташриф оварда, бо кори деҳқонон аз наздик шинос шуд. Чунонки маълум шуд, хоҷагӣ дорои 129 га замин аст ва дар он 480 нафар соҳиби кор ва ризқу рўзианд. Дар заминҳои хоҷагӣ бештар пиёзу картошка кишт карда, аз ҳар гектараш то 400 сентнерӣ пиёз ва 350 сентнерӣ картошка мерўёнанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба парвариши картошкаи тухмӣ низ ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки иқлими ин ноҳия барои ин кор бисёр мусоид аст.

Дар маркази ноҳияи Рўшон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони сершумори он мулоқот намуда, сўҳбатҳои озоду ошкоро анҷом дод.

Бо дархостҳои мардум баҳри ободонии минбаъдаи бисёр деҳаю минтақаҳои дигари ин ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешида мешаванд, аз ҷумла баҳри кашидани хатти интиқоли нерўи барқ ба деҳаи Деҳ, ба анҷом расондани сохтмони клуби ин деҳа, бунёди варзишгоҳ ва маркази ҷавонон дар маркази ноҳия ва навсозии роҳу пулҳои дараи Бартанг.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520