Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Шуғнон

24.06.2010 19:30, ноҳияи Шуғнон

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Поршнев ба бунёди маркази нави маъмурии ноҳия оғози расмӣ бахшид.

Бунёди иншооти сершумори маркази нави маъмурӣ бо сохтмони бинои маќомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки санги асос ва нома ба наслҳои оянда дар ҷойи он аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, оғоз меёбад.

Зимни сўҳбат бо мардуми сершумори ба ин муносибат ҷамъомада Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки шаҳраки маркази маъмурии ноҳия ба хотири он, ки бунёдаш дар рўзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ оғоз меёбад, Ваҳдат номгузорӣ шавад. Ин пешниҳод аз ҷониби мардум хуш пазируфта шуд.

Дар деҳаи Боғеви ноҳияи Шуғнон бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як бинои дуошёнаи нав дар мактаби миёнаи раќами 20 ба истифода супурда шуд. Зимни дидан аз мактаб, зикр гардид, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ ҳамчунин ду бинои мавҷудаи мактаб аз таъмири асосӣ бароварда ва муҷаҳҳаз карда шуд. Бо 240 ҷой дар бинои нав кунун дар ин мактаб барои 624 нафар хонанда дар як баст шароити таълиму тарбия муҳайё шуд.

ҳамчунин зикр гардид, дар доираи омодагӣ ба ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ин ноҳия боз 5 мактаби дигар низ сохта, ба истифода дода шуд.

Дар ҳамин деҳа Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо фаъолон ва шумораи зиёди намояндагони мардуми ноҳияи Шуғнон мулоќоти дилнишин анҷом дода, ба суолу дархостҳои онҳо посух гуфт.

Бо дархости чанде аз намояндагони мардум баҳри идомаи корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла навсозии роҳҳо ва сохтмони иншооти нави дигар тадбирҳо андешида мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520