Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикӣ ба Ҳорст Зееҳофер

07.03.2012 18:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Бундесрати Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Иҷрокунандаи вазифаи Президенти Федеролии Олмон Ҳорст Зееҳофер барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати фаро расидани бистумин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеролии Олмон сарфарозам ба Шумо табрикоту шодбошҳои самимонаи худро бифиристам.

Мо кишвари Олмонро шарики дерина ва мӯътамади худ дар арсаи байналмилалӣ медонем ва дастгириву мусоидати пайвастаи онро дар таҳкими пояҳои соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон баланд арзёбӣ менамоем.

Бист сол муқаддам кишварҳои мо дар шароити барои Тоҷикистон нави истиқолияти миллӣ муносибатҳои байнидавлатиашонро ба роҳ монда, барои ҳамшарикии васеи худ заминаи мусоид фароҳам оварданд.

Боиси қаноатмандист, ки тайи ин муддат доираи равобити дӯстӣ ва гуногунмазмуни байни Тоҷикистон ва Олмон дар ҳамаи бахшҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн зина ба зина густариш ёфта, имрӯз фарогири ҳамкориҳо дар соҳаи рушди устувор мебошад.

Ҷониби Тоҷикистон ҳамеша хоҳони маҳз чунин сатҳу ҷараёни инкишофи муносиботи ҳасана бо кишвари Олмони мутараққӣ мебошад ва омода аст, ки баҳри таҳкими онҳо дар минбаъда ҳам кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад.

Изҳори итминон менамоям, ки саъй ва талошҳои муштарак ҷиҳати татбиқи пайгиронаи тавофуқоте, ки дар рафти сафари тозаанҷомёфтаи инҷониб ба кишвари зебоманзари Шумо ба даст омадаанд, ба ин раванд мусоидати арзишманд хоҳад кард.

Бо камоли масаррат ба Шумо сиҳатии бардавом, бахту иқбол ва дастовардҳои нав ба нав дар фаъолияташон, ҳамчунин ба мардуми дӯсти Олмон пешрафту шукуфоии рӯзафзун таманно дорам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520