Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Морел

14.06.2010 19:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пйер Морелро, ки баҳри иштирок дар мулоқоти вазирони адлияи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба шаҳри Душанбе ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо, масъалаҳои минтақавии Осиёи Марказӣ ва авзои кунунии Қирғизистон баррасӣ шуд.

«Тоҷикистон ба рушду нумуи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо манфиатдор аст ва мо хоҳони онем, ки ҳамкориҳоямон бо он дар бахшҳои стратегӣ хислати мушаххас касб намоянд».

Пйер Морел дар навбати худ аз он, ки Созишномаи ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон ба тасвиб расидааст, изҳори қаноатмандӣ карда таъкид дошт, ки «татбиқи амалии ин санад ба оғози марҳилаи нав дар муносиботи гуногунҷанба, аз ҷумла дар ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои мушаххас боис мегардад».

Пйер Морел ҳамчунин аз омодагӣ ба нахустин ҷаласаи «Шўрои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо», ки тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе бояд баргузор шавад, иттилоъ дода, ин ва дигар чорабиҳои муштаракро «фоли нек аз оғози марҳилаи нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд арзёбӣ намуд».

Ба гуфти ў тирамоҳи соли равон дар шаҳри Душанбе ҳамчунин мулоқоти раисони судҳои конститутсионии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор мегардад.

Баргузоршавии чорабиниҳои сершумори сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ дар Тоҷикистон, ки солҳои ахир ва хусусан соли равон ба назар мерасад, нишона аз болоравии нуфузу эътибори ҷаҳонии кишвари мо маънидод гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба авзои кунунии Қирғизистон мубодилаи афкор намуда, изҳори умед карданд, ки ҷонибҳои даргир ҳарчи зудтар аз амалиётҳои ҷангӣ ва тахрибкорӣ даст мекашанд ва баҳри барқарорсозии амнияту субот дар минтақаи ҷануби ин кишвар чораҳои муассир андешида мешаванд

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520