Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод

13.06.2010 11:00, ноҳияи Мӯъминобод

Аз ноҳияи Шўрообод Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҷамоати деҳоти Тутуи ноҳияи Муъминобод, ки аҳолиаш ҳамчунин аз офати табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, ташриф овард.

Зимни шиносоӣ бо рафти сохтмони хонаҳои нав дар деҳаи ҷарпечи ин ҷамоат ва сўҳбат бо аҳолии зарардидаю масъулини бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ, аз ҷумла зикр гардид, ки дар ноҳияи Муъминобод барои 10 оилаи пурра бехонамонда, манзилҳои нав сохта, бо тамоми ашёи рўзгор онҳоро таъмин мекунанд ва ба наздики 250 оила қитъаҳои замини назди ҳавлигӣ дода мешавад. 39 оила, ки хонаҳояшон қисман хароб шудаанд, ба таври ройгон бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин мешаванд. Ба тамоми оилаҳои зарардида кўмаки яквақтаи пулӣ низ расонда шудааст. ҳамаи аҳолии зарардида ва бинокорон бо хўроки гарм ва шароити хуби корӣ ва будубош таъмин гаштаанд. қувваи бештари корӣ аз аҳолии маҳаллӣ аст. қисмате аз онҳо, сарфи назар аз он, ки дар сохтмони хонаҳои худ иштирок мекунанд, аз муассисаҳои сохтмонӣ маош ҳам мегиранд.

Дар маҳаллаи нав барои 320 нафар хонанда мактаб ва як бунгоҳи тиббӣ низ сохта мешавад. Масъулини дахлдор дастур гирифтанд, ки хатмкунандаи мактаби ҳамин деҳа духтараки ҷавон Оишаи Раҷабалиро, ки дониши хуб ва лаёқати баланди илмомўзӣ доштааст, аз ҳисоби квотаи Президентӣ ба Факултаи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Кўлоб қабул намоянд. Ин факултаро худи ў интихоб намудааст.

Духтараки 21 – солаи ин деҳа Шукрона Иқболова, ки бемор ва маъюби гурўҳи якум аст, аз ҳисоби маоши шахсии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон соҳиби тўҳфаҳои қиматнок, аз қабили сарулибос, магнитофон, телевизор ва дигар ашёи рўзгор хоҳад шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520