Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқия ба Владимир Путин

05.03.2012 13:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии Владимир Путин ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи Президенти Федератсияи Русия табрикнома ирсол намуд, ки дар он чунин омадааст:

Мӯҳтарам Владимир Владимирович,

Пирӯзии боварибахши Шумо дар интихоботи президенти Федератсияи Русия ба ман имконияти фараҳбахш медиҳад, ки табрикоти самимонатарин ва орзӯҳои беҳтаринамро ба Шумо ирсол дорам.

Изҳори иродаи халқи Русия далели сиёсати ҳамаҷониба фикру мулоҳизашудаи Шуморо васеъ дастгирӣ намудани аҳолии Русия буда ва мақсад аз он рушди минбаъда ва навсозии ҷомеа, дар арсаи ҷаҳон ҳамаҷониба таҳким бахшидани обрӯи Русияи дӯст мебошад, ки Тоҷикистонро муносибатҳои зичи мушорикати стратегӣ бо он пайвастаанд.

Изҳори умедворӣ менамоям, ки ширкати Шумо дар мансаби олии Президенти Федератсияи Русия ба рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилаи кишварҳоямон аз рӯи доираи васеи ҳамкорӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳавасмандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба татбиқи собитқадамонаи тавони муносибатҳои зич бо Федератсияи Русия тасдиқ намуда, мехостам иброз дорам, ки мо омодаем ҳамроҳи Шумо барои бахшидани суръати бештаре ба ҳамкории Тоҷикистону Русия ба нафъи халқҳоямон ҳамаи саъю кӯшиши заруриро ба харҷ диҳем.

Ба Шумо, мӯҳтарам Владимир Владимирович, аз самими қалб тансиҳатӣ, беҳбудӣ ва дар фаъолиятатон баҳри шукуфоии Русияи бузург комрониҳо таманно дорам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520