Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Восеъ

13.06.2010 18:30, ноҳияи Восеъ

Нимаи дуюми рўзи якшанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ташриф оварда, нахуст дар деҳаи Кўчабоғи ҷамоати Пахтакор бо рафти сохтмони хонаҳои нав ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ аз наздик шинос шуд.

Зимни шиносоӣ зикр гардид, ки дар ин ноҳия ба 42 оилаи бесарпаноҳмонда хонаҳои нав сохта, бо ҳамаи асбобу ашёи рўзгор тақдим карда мешаванд, 83 оилаи дигар, ки хонаҳояшон қисман зарар дидаанд, бо масолеҳи сохтмонӣ таъмин мешаванд ва барои ба ҷойҳои бехавф кўчондани аҳолии дар мавзеъҳои осебпазир истиқоматдошта 85 га замини наздиҳавлигӣ ҷудо шудааст.

Мардум аз ташрифи навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ки рафти бартарафсозии оқибати офатҳои табииро таҳти назорати бевосита ва доимии худ қарор додааст, хушҳолу сарфароз гашта, ба ў барои ғамхориҳои пайваста арзи сипос намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо рафти корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар паҳлўҳои дарёи Ёхсу шинос шуда, баҳри бо сифати баланд анҷом додани корҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Дар ҳамин ноҳия Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба хоҷагии деҳқонии Салом, ки 175 гектар замини кишт доштааст, ташриф оварда, нашъунамои ниҳолҳои пахтаро аз назар гузаронд ва бо деҳқонон аз наздик сўҳбат намуд. Чунонки зикр гардид, аъзои хоҷагӣ бо маоши хуб ва маҳсулоти кишоварзӣ пайваста таъмин шуда, бо ҳавасмадии зиёд ба кори деҳқонӣ машғуланд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбатҳо бо мардум ва роҳбарони сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявию маҳаллӣ барои ғамхории доимӣ зоҳир кардан ба мардум супоришҳои мушаххас дод.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520