Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Хатлон

14.06.2010 12:00, шаҳри Кӯлоб

Субҳи рўзи 14 – уми июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кўлоб бо роҳбарият ва фаъолони вилояти Хатлон машварати корӣ доир намуд, ки дар он натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар 5 моҳи соли равон ва масоили вобаста ба бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо маърўзаи таҳлилӣ суханронӣ намуда, камбудиҳои ҷиддии мавҷударо ошкор кард ва баҳри ислоҳ намудани онҳо супоришҳои мушаххас дод.

Аз ҷумла таъкид гардид, ки баҳри беҳ намудани шароити сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ чораҳои муассир андешида шаванд ва ҳаҷми умумии қарзҳои хурди бонкӣ ба соҳибкорони деҳот афзун карда шавад. Аз он изҳори нигаронӣ карда шуд, ки нақшаи даромадҳо ба буҷети давлатӣ иҷро шуда бошад ҳам сифати баланду ҳадафманди ҷамъварии маблағҳо таъмин нагардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз бекор мондани 18 600 гектар замини корам, ки 16 500 гектараш замини обӣ мебошад, изҳори нигаронӣ карда, баҳри босамар истифода бурдани ин заминҳо, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, пешгирӣ аз тақсимоти ғайриқонунии замин барои сохтмони хонаҳо, ба мавзеъҳои бехавфи барои сохтмони маҳаллаҳои нави зист ҷудошуда кўчондани аҳолии дар ҷойҳои хатарнок зиндагикунанда ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ дар деҳоти нав ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Таъкид гардид, ки маҳаллаҳои нав бояд тибқи нақшаи таҳиягашта бо мактабу бунгоҳи тиббӣ ва хатҳои обу барқрасонӣ бунёд ёфта, хонаҳо низ бо сифати баланд ва аз рўйи лоиҳа сохта шаванд. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки маҳаллаҳои нав на дар заминҳои корами ҳосилхез, балки бояд дар заминҳои лалмӣ, партов ва ба ҳадафҳои кишоварзӣ номутобиқ бунёд ёбанд. «Барои бунёди боғҳои нав низ бояд аз заминҳои барои зироаткорӣ номувофиқ ва дур аз маҳалҳои аҳолинишин истифода шаванд», таъкид дошт Сарвари давлат. Супориш дода шуд, ки солҳои оянда майдони кишти пахтаи маҳиннах зиёд карда шавад, «зеро, - ба гуфти Президенти мамлакат, - талабот ба ин навъи пахта дар бозори ҷаҳонӣ зиёд ва нархаш баланд аст».

Супоришҳои мушаххас оид ба ҷамъоварии ҳосили фаровони ғалладона, сабзавот, хўроки чорво ва барои ду соли оянда захира намудани онҳо ва ҳамчунин пурзўр намудани мубориза бо ҳашароти зараррасон, пеш аз ҳама малах, дода шуд.

Аз рафти иҷрои супориши Сарвари давлат оид ба дастаҷамъона ва аз ҷониби саховатмандон ба таври хайрия ташкил намудани хатнасури писарчаҳои ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат изҳори қаноатмандӣ карда шуд, зеро тибқи маълумоти расида дар 5 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ бо ҳамин роҳ зиёда аз 5 ҳазор писарча хатна карда шуд ва бо ин кор пеши роҳи сарфу хароҷоти зиёд ва забҳи чорвои бисёр гирифта шуд.

Дар маҷлиси машваратӣ ҳамчунин ахбори муовини сарвазири мамлакат, Раиси комиссияи ҳукуматӣ ва сардори ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба рафъи оқибати офатҳои табиӣ Муродалӣ Алимардон, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, Раиси вилояти Хатлон Хатлон Ғайбулло Авзал ва Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода шунида шуд.

Бо ҳамин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон ба поён расид.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520