Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз Хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат»-и шаҳри Турсунзода

27.09.2018 14:08, шаҳри Турсунзода

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Турсунзода дар ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонов аз фаъолияти токпарварони номдору собиқадори Хоҷагиҳои деҳқонии «Ватан» ва «Ҳоҷӣ Неъмат» дидан намуданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, хоҷагии деҳқонии «Ватан» ду хоҷагии оилавиро муттаҳид карда, соли 2008-ум таъсис ёфтааст. Хоҷагӣ дар ихтиёри худ 25 гектар замин дорад, ки аз он 16,4 гектарашро токзор дар бар мегирад. Хоҷагии деҳқонии «Ватан» 18 нафар саҳмдор дошта, дар токзори он асосан ангурҳои навъи «Ҳусайнии сиёҳу сафед», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак» ва «Кишмиши сиёҳу сафед» парвариш карда мешавад.

Хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» бошад, дар майдони 105 гектар замин доман паҳн намудааст ва 95,6 гектари онро токзори замонавӣ ташкил медиҳад. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳанаш иттилоъ дода шуд, ки дар ин хоҷагӣ ҳамзамон дар майдони 4,8 гектар писта парвариш меёбад ва аҳли заҳмати он дар рӯёндани ғалладонагиҳо низ таҷрибаи ғанӣ доранд.

Таъкид гардид, ки қаблан дар заминҳои ин хоҷагӣ кишти гандум ба роҳ монда мешуд, ки аз сабаби норасоии об аҳли заҳмат ҳосили дилхоҳ гирифта наметавонист. Заҳматкашони хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат» соли 2015 дар заминаи дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи пурсамари замин аз қаламчаҳои дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ парвариш карда, ангурҳои навъи «Ҳусайнӣ», «Ғалаба», «Шоҳона», «Пешпазак», «Кишмиши сиёҳу сафед»-ро шинонидаанд ва имрӯзҳо аз ин ҳисоб ҳосили зиёд ба даст меоранд.

Дар токзори ин хоҷагӣ ҳамчунин ба таври таҷрибавӣ навъҳои «Чиликӣ» ва «Кардинал», ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин оварда шудааст, парвариш меёбанд.

Тавре иттилоъ дода шуд, баъди ба гардиши кишоварзӣ ворид шудани заминҳои ташналаби ин мавзеъ имкон даст додааст, ки 100 нафар сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати Ҷӯра Раҳмонов бо ҷойи кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гарданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни боздид аз майдонҳои хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Неъмат», ки дар онҳо парвариши навъҳои ангури хуштамъ бо санъати баланди касбӣ парвариш меёбанд, дорои талабгорони зиёд дар бозорҳои минтақа арзёбӣ карданд. Аз хушаҳои ҳосили фаровони токҳои ангур айён аст, ки аҳли заҳмати хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат» ҳамасола аз ин пешаи худ ҳосили дилхоҳ ба даст меоранд ва дар таъмини бозорҳои дохилӣ ва содироти ин меваи хуштаъму дорои талабгорони зиёд дар ҷаҳон саҳми назаррас мегузоранд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2017 аҳли заҳмати ин хоҷагӣ беш аз 540 тонна маҳсулот ба бозорҳои дохилӣ ва ба кишварҳои Қирғизистону Қазоқистон ва Федератсияи Россия содирот кардаанд ва соли ҷорӣ беш аз 500 тонна маҳсулоти хушсифат истеҳсол намудаанд. Ҳамзамон дар назар аст, ки боз 230 тонна навъҳои гуногуни ангурро ҷамъоварӣ ва пешниҳоди бозорҳои дохилию берунӣ намоянд.

Зимни боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз сардхонаи хоҷагӣ ба таҷрибаи аҳли заҳмати хоҷагии мазкур дар ин самт баҳои баланд дода шуд. Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, бо мақсади захираи маҳсулот аз ҷониби саҳмдорон дар назди хоҷагӣ сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна бунёд гардидааст.

Сардхона, ки дорои 12 нуқтаи нигоҳдори маҳсулот мебошад, таҷҳизоташ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи 2 миллион сомонӣ ворид гардидааст ва барои бо сифат нигоҳ доштани маҳсулот басо мувофиқ мебошад.

Ҳоҷагӣ дар баробари ангурпарварӣ ба соҳаи ниҳолпарварию чорводорӣ низ диққати ҷиддӣ дода, дар ниҳолхонаи назди хоҷагӣ 20 номгӯйи ниҳолҳои ороишию мевадиҳанда парвариш мегардад, ки барои сарсабз кардани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр, инчунин ба қисмҳои низомии мамлакат ҳамасола 3-5 ҳазор дона ниҳол ройгон тақсим карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ташаббуси роҳбарияти хоҷагии «Ҳоҷӣ Неъмат»-ро намунаи ибрат барои дигарон арзёбӣ намуданд ва ин иқдомро дар таъмини дастурхони мардумони на танҳо минтақа, балки кишварҳои дур низ бо маҳсулоти ниёзи аввалия муҳим меънидод карданд.

Дар ин ҷо ба Хоҷагии деҳқонии "Ватан" аз номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев як автомашинаи сабукрави замонавӣ ҳадя карда шуд.

Дар хоҷагии деҳқонии «Хоҷӣ Неъмат» ҳамчунин 841 сар чорвои хӯрд парвариш карда мешавад ва заминҳои чарогоҳи зимистона ва тобистонаи он 2 ҳазору 282 гектарро дар бар мегирад.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520