Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

28.09.2018 17:25, шаҳри Душанбе

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд.

 Дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои неку шарикии стратегии Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Президенти Федератсияи Россия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронидани ҷаласаи Шӯрои Сарони давлатҳои узви ИДМ ва меҳмоннавозии самимии тоҷикона изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари ҳамгироӣ бо Федератсияи Россия ҳавасманд аст ва ин кишварро дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики калидию стратегии худ медонад.

Таваҷҷуҳи асосӣ дар мулоқот ба таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, саноати кӯҳию металлургӣ, кишоварзӣ ва фарҳангу маориф зоҳир карда шуд.

Бо изҳори қаноатмандӣ аз афзоиши ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат, ҷонибҳо барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарурати иҷрои саривақтии қарорҳои Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкориҳои иқтисодиро таъкид намуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи афзун гардондани ҳаҷми содироти маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Россия ва таҳияи механизми маблағгузории корҳои таъсиси марказҳои нақлиётӣ-логистикӣ дар Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.

Муҳимияти рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг ва маориф низ махсус таъкид карда шуд.

Таъкид гардид, ки доираи илмию фарҳангии ду давлат ҳамкории пайваста доранд ва мунтазам дар чорабиниҳои гуногуни илмию фарҳангии муштарак иштирок менамоянд. Омодагии ҳарду ҷониб барои дар сатҳи баланд гузаронидани Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар моҳи октябри соли равон таъкид гардид.

Ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи маориф, хусусан бо роҳи бунёди мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон, фароҳам овардани имконияти бештар ба ҷавонони тоҷик барои таҳсил дар мактабҳои русӣ ва ҷалби омӯзгорони русзабон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шуд.

Дар мулоқот Сарони давлатҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои амниятӣ, ҳарбӣ ва ҳарбӣ техникӣ, ки самти калидии ҳамкории Тоҷикистон ва Россия ба ҳисоб мераванд, табодули афкор намуданд.

Ҷонибҳо рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳоро дар мубориза ба зидди зуҳуроти номатлуби минтақа ва ҷаҳон, аз қабили терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон дигар мавзуҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Имрӯз баъди иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин аз шаҳри Душанбе ба Ватан баргашт.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро бо нишони эҳтироми баланд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гусел карданд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520