Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонӣ бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин

05.10.2018 17:00

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия муҳтарам Владимир Путин сӯҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар суҳбати телефонӣ Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрику шодбош гуфтанд.

Ҷонибҳо дар идомаи суҳбати самими телефонӣ доир ба вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор намуда, омодагиву ҳавасмандии худро барои боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520