Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти кадрӣ

02.06.2010 15:00

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин як қатор тағйироти дигари кадрӣ ба амал бароварда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назар Одинаев Муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдусамад Саидмуродов Муовини сардори ҳамин хадамот таъин карда шуданд.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилҷон Ҷабборов аз вазифаи Мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ озод карда шуда, Мудири шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520