Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Изҳороти муштарак аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Ҳиндустон ба Тоҷикистон

08.10.2018 11:50, шаҳри Душанбе

Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 7-9 октябри соли 2018 сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Зимни сафари мазкур Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сиғаҳои хосса ва васеъ мулоқот анҷом доданд. Инчунин, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҳиндустон мулоқот карданд.

2. Дар мулоқоти хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон ва музокироти васеи ҳайатҳо таҳти роҳбарии Президентҳои ҳарду кишварҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ва эътимод, ки ба муносибатҳои ду кишвари дӯст хос ҳастанд, баррасӣ гардиданд. 

3. Ду Роҳбар ба робитаҳои амиқи байни ду кишвар, ки дар асоси арзишҳои муштараки инсондӯстӣ, таъриху забон, одобу русум ва санъату фарҳанг асос ёфтаанд, ишора намуданд. Онҳо аз табодули афкори мунтазам дар сатҳи баланд, ҳусни тафоҳум ва эътимоди байниҳамдигарӣ миёни ду ҷумҳурӣ дар тӯли бисту шаш соли истиқрори муносибатҳои дипломатӣ  ибрози қаноатмандӣ намуданд. Роҳбарони ду кишвар тааҳҳуди худро ҷиҳати боз ҳам густариш ва тақвият додани ҳамкории стратегӣ барои таъмини сулҳу субот, рушду рифоҳи иқтисодии ду кишвар ва минтақа таъкид доштанд.

4. Ду Роҳбар ҳамаи абзорҳо ва сиғаҳои мавҷудаи дуҷониба, аз ҷумла машваратҳои сиёсӣ, Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, Гурӯҳи кории муштарак оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа, Машваратҳо байни Шӯроҳои амният ва Гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо терроризмро ҷиҳати татбиқи саривақтии созишномаҳои дуҷониба, қарорҳо ва барномаҳои мувофиқашуда муҳим арзёбӣ карданд.

5. Бо ишора ба афзоиши таҳдиди терроризм, бунёдгароии динӣ, экстремизму ифротгароӣ ба сулҳу амнияти минтақавию ҷаҳонӣ, ду Роҳбар ҳамкорӣ дар маҳви терроризм дар ҳама шаклҳо ва зуҳуротро таъкид намуданд. Онҳо сарпарастиву дастгирии молиявӣ ва таъмини паногоҳҳо ба террористон дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳонро маҳкум намуданд. Онҳо ба қабули ҳарчи зудтари “Конвенсияи ҷомеъ оид ба терроризми байналмилалӣ”-и Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид даъват намуда, ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ таъкид карданд. Дар ин росто, ду Роҳбар зарурати ҳамкориҳои зич байни Шӯроҳои амният ва ниҳодҳои амниятии ду кишварро қайд намуданд.

6. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба мероси Ҳиндустон ҳамчун сарзамини дорои дину забон ва фарҳангҳои сершумори гуногун ва арзишҳои демократӣ, талошҳои Ҳиндустонро дар самти мубориза бо экстремизму ифротгароӣ баланд арзёбӣ кард. Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дастовардҳои таърихии Тоҷикистонро дар пешгирӣ аз густариши экстремизму ифротгароӣ дар қаламрави худ ва минтақа, инчунин таъмини сулҳу субот таъкид намуда, давлатдории дунявӣ ва ҳаёти мутамаддинро ҷузъи фарҳанги ғании мардуми тоҷик донист.  

7. Ду Роҳбар бо таваҷҷуҳ ба баҳсҳои муфиди ҷаласаи Гурӯҳи кории муштарак дар соҳаи мудофиа дар таърихи 26 июли соли 2018 ба зарурати ҳамкории дуҷонибаи дарозмуддат барои таъмини сулҳу субот дар минтақа таъкид намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯмакҳои Ҳиндустон дар тавсеаи зерсохторҳо дар соҳаи амнияту мудофиа ибрози сипос кард ва аз ҳамкорӣ дар фароҳам овардани заминаҳо ҷиҳати муқовимату мубориза бо хатару таҳдидҳои муосир истиқбол намуд.

8. Ду Роҳбар бо ишора ба афзоиши умумии табодули тиҷорати дуҷониба дар соли 2017 ишора намуда, таъкид карданд, ки сатҳи гардиши мол, сармоягузорӣ ва фаъолиятҳои иқтисодӣ  бо дарназардошти иқтидору арзишҳои рушди иқтисодии ду кишвар қаноатбахш нест. Онҳо хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда дар самти тиҷорати дуҷониба ва сармоягузорӣ шуданд. Онҳо фаъолияти самараноки Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ва Палатаҳои савдо ва саноати Тоҷикистону Ҳиндустонро хуб арзёбӣ намуданд. Онҳо иштироки тоҷирону коршиносони тоҷикро дар теъдоди зиёди намоишгоҳҳо дар Ҳиндустон ва сафарҳои ҳайатҳои тиҷоративу касбии ҳиндустониро ба Тоҷикистон дар солҳои 2016-2018 қайд карданд.

9. Бо таваҷҷуҳ ба зарурати робитаҳои нақлиётии муносиб ҷиҳати дастёбии комил ба вусъати тиҷорат ва иқтидори иқтисодӣ, Роҳбарон дар мавриди ҳамкории муштарак бо шарикони минтақавӣ ҷиҳати эҷоди механизмҳои лозимаи нақлиётӣ дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ, аз ҷумла эҳтиром ба мустақилият ва якпорчагӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин робита, ду Роҳбар ба аҳамияти  талошҳои минтақавӣ барои тавсеаи транзит ва долонҳои нақлиётӣ, ки дар рушди пайвастшавӣ байни Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон мусоидат менамоянд, таъкид намуданд. Роҳбарони ҳар ду кишвар омодагии худро баҳри тавсеаи масири байналмилалии нақлиётии коридори Шимол-Ҷануб, ки барои сарфаи вақт ва хароҷоти интиқоли маҳсулот байни Ҳиндустон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мусоидат мекунад, эълом карданд.

10. Ду Роҳбар ба зарурати афзоиши парвозҳо байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон таъкид намуданд. Президенти Тоҷикистон бо изҳори миннатдорӣ аз ҳаққи озодии панҷум, ки мақомоти Ҳиндустон ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон пешкаш кардааст, хостори кӯшишҳои бештар ҷиҳати мусоидат ба афзоиши парвозҳои мунтазам аз ҳар ду ҷониб гардид. 

11. Бо дарназардошти зарфиятҳои мавҷуда, ҳар ду Роҳбар ба сармоягузории мутақобилан судманд дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ даъват намуданд. Роҳбарон таъсиси Шӯрои муштараки соҳибкоронро ҷиҳати таҳқиқ ва истифодаи имконотҳои мавҷуда барои рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, таҷҳизоти электронӣ, дорусозӣ ва биотехнология, нассоҷӣ, абрешим ва маҳсулоти чармин, саноати кӯҳӣ, гидроэнергетика ва энергияи таҷдидшаванда ташвиқ намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сармоягузорони ҳиндустониро барои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон даъват намуд.

12. Роҳбарон афзоиши иртиботи мардум ва табодули фарҳангию омӯзиширо қаноатбахш хонданд. Президенти Ҳиндустон пойбандӣ ба ӯҳдадориҳои Ҳиндустонро ҷиҳати тавсеаи манобеъи инсонӣ ва зарфиятсозӣ аз тариқи Барномаи ҳамкории технологӣ ва иқтисодии Ҳиндустон (ITEC), бурсияҳои донишгоҳӣ дар доираи Шӯрои муносибатҳои фарҳангии Ҳиндустон ва дигар барномаҳои омӯзишиву таҳсилӣ таъкид намуд. Ҳар ду Роҳбар ба муштаракоти фарҳангии байни ду кишвар ишора намуда, аз аҳамияти барномаҳои омӯзишӣ дар доираи Барномаи табодули фарҳангӣ (CEP) барои солҳои 2016-2018 ва чорабиниҳои дигар ёдовар шуданд.

13. Ду Роҳбар ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи истифодаи сулҳомези технологияи кайҳонӣ ба мувофиқа расиданд. Дар ин робита, ҷониби Ҳиндустон омодагии худро ҷиҳати пешниҳоди кумакҳои омӯзишӣ ва техникӣ ба Тоҷикистон изҳор намуд.

14. Ду Роҳбар ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаҳои илму технология, аз ҷумла технологияи иттилоотиву лазерӣ, энергияи офтобӣ ва автоматикунонии саноатӣ даъват намуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омодагии Ҳиндустон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои офтобӣ дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.

15. Ду Роҳбар ба мувофиқа расиданд, ки пос доштани хотираи шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки фасеҳона дар бораи Ҳиндустон навишта, равобити дӯстонаи мардуми Тоҷикистону Ҳиндустонро тавсиф кардааст, дар таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар саҳм мегузорад.

16. Ду Роҳбар бо ибрози алоқамандии муштарак ба таҳкими сулҳу субот дар Афғонистон, ҷонибдории худро ба раванди сулҳ ва мусолеҳа бо иштироки қавмиятҳои Афғонистон таҳти раҳбарӣ, идора ва назорати мардуми он таъкид варзиданд. Онҳо аз вазъи амниятӣ дар Афғонистон ва сатҳи баланди хушунат аз тарафи тамоми гурӯҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ карданд. Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаро ҷиҳати мусоидат ба сулҳу субот дар Афғонистон идома хоҳанд дод. Президенти Тоҷикистон нақши мусбии Ҳиндустонро дар кӯмакҳои муассир ба Афғонистон, аз ҷумла сохтмони инфрасохтори иҷтимоиву иқтисодӣ, муассисаҳои идоракунӣ, рушди захираҳои инсонӣ ва чораҳои эътимод баланд арзёбӣ кард.

17. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон иштироки фаъоли  Ҳиндустонро дар  Созмони Ҳамкориии Шанхай (СҲШ) ба ҳайси узви комилҳуқуқ баланд арзёбӣ карданд. Роҳбарони ҳар ду кишвар бо ишора ба аҳамияти СҲШ, ҳамкорӣ дар доираи Созмони мазкур ҷиҳати дастёбӣ ба рушди иқтисодӣ ва амнияти муштаракро таъйид намуданд.

18. Ду Роҳбар ба нақши меҳварии СММ дар ҳалли таҳдидҳо ва чолишҳои глобалӣ таъкид намуда, ҷиҳати ҳалли масоили мубрами ҷаҳони муосир хостори ислоҳоти фарогир дар сохтори СММ шуданд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии Тоҷикистонро аз номзадии Ҳиндустон ба ҳайси узви доимӣ дар Шӯрои Амнияти СММ-и тавсеаёфта таъкид намуд.

19. Ҳиндустон ташаббуси Тоҷикистонро оид ба  Даҳсолаи  байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муҳим арзёбӣ карда, Конфронси сатҳи баландро дар Душанбе дар санаи 22 июни соли 2018, ҳамчун қадами навбатии устувор дар сатҳи ҷаҳонӣ барои дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувор донист. Дар зимн, ба аҳамияти барномаҳои миллии Ҳиндустон, аз ҷумла “Свачҳа Бҳарат” (тозагии Ҳиндустон), “Намами Ганга” (лоиҳаи тозагии Ганга), “Тарҳи обёрии кишоварзии Сарвазир” ва ғайра, ки ҳадафи асосии онҳо тоза намудани захираҳои об, санитария ва дастрасии мардум ба оби тоза мебошад, ишора гардид.

20. Президенти Ҳиндустон ҷудо гардидани 20 млн. доллари ИМА кумаки бебозгаштро барои Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои рушди аз ҳарду ҷониб муайяншуда эълон кард. Президенти Тоҷикистон ба Президент Ҳиндустон барои ин иқдом изҳори сипос намуд.

21. Давоми сафари мазкур санадҳои зерин дар таърихи 8 октябри соли 2018 ба имзо расиданд ва феҳристи он дар ҳузури ду Президент эълон гашт:

I. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд;

II. Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ;

III. Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергияи нав ва барқароршавандаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда;

IV. Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон; 

V. Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои тадқиқоти кишоварзии Ҷумҳурии Ҳиндустон (ICAR) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқоти кишоварзӣ ва омӯзиш;

VI. Ёддошти тафоҳуми Шӯрои марказии тадқиқот дар соҳаи тибби юнонии Вазорати аюш (аюрведа, йога, муолиҷаи табиӣ ва юнонӣ)-и Ҳиндустон ва Муасссисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синои Ҷумҳурии Тоҷикистон; 

VII. Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2018-2021;

VIII. Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2019-2023;

Инчунин, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Вивекананд Ёддошти тафоҳуми ҳамкориро ба имзо расониданд.   

22. Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Ҷаноби Олӣ Рам Ковинд ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон барои истиқболи гарм ва дӯстона изҳори миннтадорӣ намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард, то дар фурсати муносиб ба Ҷумҳурии Ҳиндустон сафари ҷавобӣ анҷом диҳад. Ин даъват бо арзи сипос пазируфта шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520