Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

20.10.2018 09:54, шаҳри Душанбе

Имрӯз бо Қарорҳои Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ - муовини якуми Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳаётзода Фирдавс Ҷӯрахон - муовини Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амиршоев Шералӣ Темурович Сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд. 

Дар ҳамин замина бо Қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шехов Абдукарим Ҷалолович бо сабаби вафот аз вазифаи Сардори Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидвализода Барно Саиднабӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520