Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

25.05.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди нафаронеро, ки ба мақоми судя ва вазифаҳои дигар дар мақомоти судии мамлакат таъин шуданд, барои сўҳбат ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъин намудани 96 нафар ба мақоми судя ва дигар вазифаҳо дар мақомоти судӣ қироат карда шуд. Як қатор кадрҳои дигар бо сабабҳои гуногун аз вазифаҳо озод гардиданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат аз талаботи роҳбарияти давлату ҳукумат оид ба таъмини адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ёдовар шуда, онҳоро ба иҷрои содиқона ва софдилонаи вазифаҳои пурмасъулият дар мақомоти судӣ ҳидоят намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба 15 нафар бонувони имрўз ба вазифаҳо дар мақомоти судӣ таъиншуда, ба масъулини дахлдори сиёсати кадрҳо дастур дод, ки баҳри интихоби шумораи бештари занону духтарони болаёқат ва ба вазифаҳои масъул дар мақомоти давлатӣ пешбарӣ намудани онҳо тадбирҳои судбахш андешанд, то ки мақоми зан дар ҷомеаи Тоҷикистон минбаъд боз ҳам баланд бардошта шавад.

Аз 96 нафар 55 каси онҳо кормандонеанд, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шуданд. Тибқи талаботи қонунгузории мавҷуда ҳар каси бори аввал ба ин вазифа таъиншаванда дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон савганд ёд мекунад, ки матни расмии он чунин аст: «Ман тантанавор савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона ва аз рўйи виҷдон иҷро мекунам. Адолати судиро мутобиқи Конститутсия ва қонун ба амал бароварда, бо амри виҷдон, холисона ва одилона таъмин менамоям».

Боиси сарфарозӣ ва ҳам масъулияти бештари ин 55 нафар аст, ки савганди тантанавии судяро дар назди Парчами давлатии Тоҷикистон ва дар ҳузури Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ёд карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520