Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири сарватҳои обии Ҷумҳурии халқӣ - демократии Алҷазоир Абулмалик Салол

19.05.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сарватҳои обии Ҷумҳурии халқӣ - демократии Алҷазоир Абулмалик Салолро ба ҳузур пазируфт.

Абулмалик Салол нахуст ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон салому паёми Президенти кишвараш Абдулазиз Бутафлиқаро расонда, изҳор дошт, ки сафари расмии моҳи марти соли 2008 суратгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Алҷазоир баҳри рушди ҳамкориҳои ду кишвар асоси воқеӣ гузошт.

Зимни сўҳбати созанда масоили вобаста ба татбиқи амалии санадҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Алҷазоир ва масъалаҳои минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷўҳ баррасӣ шуданд.

Таъкид гардид, ки ба наздикӣ бояд масоили таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ба таври мушаххас дар мулоқоти коршиносони ду кишвар баррасӣ шаванд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Президенти Алҷазоир Абдулазиз Бутафлиқа баҳри такони нав бахшидан ба густариши муносибатҳои ҳасана ва ҳамкории ду кишвар ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520