Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздиди иштирокчиёни Иҷлосияи 37 – уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СКИ аз намоиши бошукўҳи боғи Ботаники пойтахт

18.05.2010 20:00, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии роҳбарони ҳайатҳои давлатҳо, созмонҳо ва меҳмонони сершумори иштирокдори Иҷлосияи 37 – уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ба боғи Ботаники пойтахт ташриф оварда, бо намоиши бошукўҳи осори фарҳангию таърихии тоҷикон ва маҳсули ҳунарҳои овозадори мардумӣ аз наздик шинос шуданд.

Дар ин ҷо китобҳои сершумори тозанашр, осори бостонии хаттӣ, аз ҷумла дастхатҳои нодири илму фарҳанги исломӣ, намунаҳои сарватҳои пурғановати табиии Тоҷикистон, чун сангҳою дигар маъданҳои қиматбаҳои кўҳӣ, анвои гуногуни маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз зумраи заргарӣ, чўбтарошӣ, кандакории болои чўб, санг ва гач, оҳангарӣ, гулдўзию зардўзӣ ба маъраз гузошта шуда буд.

Ҳунармандони сершумори мардумӣ бо рақсу суруд ва дилхушиҳои ҷаззоб табъи меҳмонони олимақомро баъди рўзи тўлонии корӣ болида сохтанд.

Таваҷҷўҳи зиёди меҳмонон ба анвои зиёди меваю сабзавоти тару тоза, нону чапотӣ, хўришҳои лазизи мардумӣ ва хусусан ба асал ва меваи хушки Тоҷикистон, аз қабили мағзу мавиз ва зардолуи хушк ҷалб гардид.

Бо ин намоиши мардумӣ тамоми зебоию тароват ва сарватҳои нотакрору пурғановати табиати Тоҷикистон ва ҳунарҳои волои миллати сарфарози тоҷик манзури меҳмонон гардид.

Ба гуфти меҳмонони сершумор, имрўз дар воқеъ биҳишти рўйи замин будани Тоҷикистон дар чашми онҳо аён шуд.

Месазад таъкид намуд, ки зимни форуми соҳибкорони сершумори кишварҳои мусулмонӣ ва ҳам дар рўзҳои баргузории ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ аллакай қарордоду тавофуқоти зиёди тиҷоратӣ, аз ҷумла оид ба содироти асали кўҳӣ ва меваи хушки Тоҷикистон ба ин кишварҳо ҳосил шудаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520