Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер

16.11.2018 11:30, шаҳри Душанбе

16 ноябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллерро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ташкилоти бонуфузи молиявии ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Бонки ҷаҳонӣ барои дарки муҳимияти бунёди Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ, таҳқиқоти шаффоф ва ҳамкории судманд изҳори сипос карданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории судманд, дастгирии молиявӣ дар самти ноилшавӣ ба рушди устувор, самтҳои мухталифи рушд, амалигардонии ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолиро муҳокима карда, натиҷаҳои онро барои ҳар ду ҷониб баланд арзёбӣ намуданд.

Айни ҳол бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, кишоварзӣ, обтаъминкунӣ, энергетика, нақлиёт, экология ва дигар соҳаҳо мавриди татбиқ қарор дорад.

Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520