Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Аҳмад Абдуллоҳ оли Маҳмуд

18.05.2010 17:00, шаҳри Душанбе

 

Дар вохўрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Аҳмад Абдуллоҳ оли Маҳмуд масоили рушди бемайлони муносибатҳои мутақобилан судманди ду кишвар баррасӣ шуд.

«Мо ба густариш ва таҳкими муносибатҳои дўстона ва ҳамкории судбахш бо Давлати Қатар, ки яке аз шарикони асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон дар олами араб аст, аҳамияти хос медиҳем», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз омодагӣ ба ифтитоҳи хатти мустақими ҳавоии байни ду кишвар ва бо сармоягузории ҷониби қатарӣ дар шаҳри Душанбе бунёд ёфтани як масҷиди бузург, мактаби замонавӣ, шаҳраки муосири иборат аз меҳмонхона ва биноҳои истиқоматӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди асал, меваю сабзавот ва гўшту шир барои содирот изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Иштироки сармояи қатарӣ дар истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон аз самтҳои ояндадори ҳамкорӣ номида шуд.

Баҳри такони бештар бахшидани ҳамкории дуҷониба баргузор кардани ҷаласаи аввалини Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ дар Тоҷикистон ва таъсис додани сафоратҳои мустақили ду давлат дар шаҳрҳои Душанбе ва Давҳа зарур шумурда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520