Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири давлатии Ҷамоҳирияи Либия оид ба корҳои хориҷӣ Муҳаммад ал-Барони

18.05.2010 12:20, шаҳри Душанбе

Дар ҳошияи ичлосияи Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатии Ҷамоҳирияи Либия оид ба корҳои хориҷӣ Муҳаммад ал-Барониро ба ҳузур пазируфта, масоили ҳамкории ду кишварро барасӣ намуд.

Муҳаммад ал-Баронӣ салому паёми самимии Роҳбари Ҷамоҳирияи Либия Муаммар Қаззофиро ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расонда, барои дар чунин сатҳи баланд пазироӣ намудани ин ҳамоиши бузурги исломӣ ба ў ва мардуми Тоҷикистон арзи сипос кард.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон даъват намуд, ки Роҳбари Ҷамоҳирияи Либия Муаммар Қаззофӣ баҳри густариши бештари ҳамкории дуҷониба ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520