Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Иҷлосияи 37-уми шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ

18.05.2010 12:00, шаҳри Душанбе

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Олиҷанобон, мўҳтарам роҳбарони ҳайатҳо ва меҳмонони олиқадр!
Ҷаноби мўҳтарам, Дабири кулли Созмони Конфронси Исломӣ!
Мўҳтарам роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ!
Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар ибтидо ҳамаи шуморо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хушомадед мегўям ва дар ин рўзҳои хуби баҳорӣ бароятон илҳому нерўи тозаи корӣ мехоҳам.

Боиси сарфарозии мост, ки иҷлосияи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ бори аввал дар Тоҷикистон, дар минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар таърихи ислом бо номи «Мовароуннаҳр» маъруф аст, баргузор мегардад.

Кишварҳои ин минтақа, ки зодгоҳи ноби?агоне чун имом Бухорӣ, имом Абўҳанифа, имом Тирмизӣ, Абўлайси Самарқандӣ, шайхурраис Ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва дигар абармардони илму фарҳанг, фиқҳ ва улуми исломӣ мебошанд, пас аз фурў пошидани Иттиҳоди Шўравӣ ва ноил шудан ба истиқлол дар роҳи эҳёи фарҳангу арзишҳои исломӣ қадамҳои устувор мебардоранд. Дар ин росто, Тоҷикистон низ бо таваҷҷўҳ ба гузаштаи таърихӣ ва хотираи фарҳангии мардуми худ иқдомоти назаррасеро пиёда месозад.

Ҳозирини гиромӣ!

Иҷлосияи имрўз, ки дар замони бўҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва зуҳуроти гуногуни хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир ҷараён мегирад, моро ба ваҳдату ҳамраъйии беш аз пеш водор месозад. Нақши Созмони Конфронси Исломӣ метавонад чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар миёни кишварҳои исломӣ, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор хеле муҳим ва муассир бошад.

Боиси хушнудист, ки дар давоми солҳои ахир ба мақсади тақвияти нақши Созмони конфронси исломӣ дар арсаи байналмилалӣ дар фаъолияти созмон таҳаввулоту дигаргуниҳои мусбат сурат мегиранд. Дар ин раванд ташаббуси Ходими ҳарамайни шарифайн Подшоҳи Арабистони Саудӣ - Аълоҳазрат малик Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд оид ба даъвати саммити сеюми ғайринавбатии фавқулодаи Созмони Конфронси Исломӣ дар шаҳри Маккаи Мукаррама дар моҳи декабри 2005, ки дар он мавзўи ислоҳоти созмон мутобиқи талаботи замони муосир ва вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони ислом матраҳ гардида, Барномаи даҳсолаи амал низ қабул карда шуд, саривақтӣ ва муассир арзёбӣ мегардад.

Бешубҳа, муайян намудани масъалаҳои муҳим, дарҷ гардидани онҳо дар барнома ва татбиқи онҳо ба таъмини сулҳу субот, ваҳдату ҳамбастагӣ, ҳамчунин ба пешрафти кишварҳои мусулмон мусоидат хоҳад кард. Дар ин замина ҳамчунин қарорҳои таърихии саммити зикршуда ва Саммити 11-уми Созмони Конфронси Исломӣ дар Сенегал, ки дар он Ойинномаи нави созмонқабул карда шуд, аз аҳамияти хоса бархурдор мебошанд.

Таъсиси Фонди ҳамбастагии исломӣ бо сармояи 10 миллирад доллари амрикоӣ ва Идораи махсус оид ба кўмакҳои башардўстона дар ҳолатҳои фавқулодда низ аз намунаҳои мушаххаси иқдомҳои амалӣ ба шумор мераванд.

Тоҷикистон ҳамоно ба болоравии нақши Созмони Конфронси Исломӣ дар баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои доғи рўзи ҷаҳони ислом, густариши ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм ва ифротгароӣ ҷонибдор буд ва мемонад.

Зимни ин раванд ибрози таваҷҷўҳи бештар ва ҳадафманд ба “нуқтаҳои доғи” олами ислом аз ҷумлаи тақозоҳои рўз аст. ҳоло мардуми азияткашидаи Ироқ орзуманди ҳаёти орому осоишта ва истиқрори ҳарчи зудтари вазъ, яъне хоҳишманди зиндагии одии инсонӣ аст, ки дар ин ҷода нақши Созмони мо метавонад фаъолтар ва муассиртар бошад.

Мушкилоти тўлонии мардуми Фаластин, ки зиёда аз ним аср аз давлати худ маҳрум ва қисмати зиёдаш дар ғарибӣ умр ба сар мебарад, аз ҷониби ?ама гуна миёнаравҳо мавзўи баррасӣ мебошад, вале нақши Созмони Конфронси Исломӣ дар ҳалли чунин масъалаи ҳаётии ислом, сарфи назар аз нишастҳову ҳамоишҳои мухталиф, ҳанўз қотеъ ва ҳалкунанда ба назар намерасад. Ба ҳамин монанд аз як силсила мушкилоти дигари даҳсолаҳо ҳалношудаи Уммат низ метавон ном бурд.

Мо ба таҳкими сулҳу субот дар кишвари ҳамсояву дўсту бародар – Афғонистон ҳамеша манфиатдорем. Кўмакҳои лозима ба Афғонистон дар асоси барномаҳои мақсаднок метавонанд яке аз самтҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои мухталифи дар он кишвар ҷойдошта гарданд. Мутаассифона, к?шишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва маблағҳои ҷудошуда на ҳамеша бо сатҳи афзояндаи масалан, таҳдиди маводи мухаддир мутобиқ мебошанд.

Бинобар ин ба ақидаи мо, сарҳади кишварҳои бо Афғонистон ҳаммарз бояд чун ҷабҳаи пеши мубориза дониста шуда, барои таҳкими нерўву имкониятҳои он кўшиши назаррас ба харҷ дода шавад.

Имрўз ба ҳама возеҳ аст, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли сирф низомӣ надорад ва ин масъала аз ҳамаи мо муносибати дастаҷамъонаеро тақозо дорад, ки дар он маҷмўи омилҳо ва, муҳимтар аз ҳама, воқеият ба назар гирифта шаванд. Аз ин рў, бояд лоиҳаву пружаҳо бо мазмуни иҷтимоӣ ва тарбиявию маърифатӣ тақвият ёбанд.

Мо ҳама гуна кўшишро дар самти сулҳофарӣ дастгирӣ мекунем ва чунин меҳисобем, ки стратегияи байналмилалии амалиёт дар ин кишвар бояд, пеш аз ҳама, ба худи мардуми Афғонистон такя намояд ва ҳамкориҳои созанда бо мақомоти ҳокимияти расмӣ хубтар роҳандозӣ шаванд.

Аксари кишварҳои рў ба инкишофи мусулмонӣ, ки имрўз гирифтори бўҳрону мушкилот мебошанд, манобеи зиёди табиӣ, нерўи кории арзон ва шароиту имконоти хуби сармоягузорӣ доранд. Сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок ва стратегӣ – энергетика, зербино (бахусус зербинои истеҳсолӣ, техникӣ ва таъминотӣ), иттилоот ва коммуникатсия, саноат, обрасонӣ ва туризм – ба сатҳи сифатан нави пешрафт ва тақвияти нерўи умумии ҷаҳони ислом мусоидат хоҳад намуд.

Дар ин росто, зарур аст, ки зарфияти молиявӣ ва сармоягузории Бонки Исломии Рушд, бунёдҳои инкишоф ва ниҳодҳои сармоягузор ва мададрасон ҷиддан боло бурда шаванд. Фонди дар боло зикршудаи ҳамбастагии исломӣ ва Идораи махсуси кўмакҳои башардўстона фаъолияти худро таҳкиму самара бахшанд, то ҳар як фарди мусулмон дар ҳоли зарурат баҳраи онҳоро шахсан эҳсос намояд.

Ва агар мо муваффақ шавем, ки дар раванди баробар намудани суръати тараққиву инкишофи кишварҳои мусулмонӣ сармояи озоди кишварҳои қудратманди аъзои Созмон ва имконоти сармоягузориву манбаъҳои табиии мамолики дар ҳоли рушди он ҳамкориву ва ҳамоҳангии бештар пайдо намоянд, пас ба ояндаи ободу осудаи олами ислом эътимод баста метавонем.

Ба ақидаи мо, таъмини зиндагии шоистаи ҳар фарди мўъмин ва боло бурдани обрўву эътибори ислом, ки маҳаки таълимоти раббонист, бояд дастуруламали зиндагии ҳаррўзаи мо ва ойинномаи аслии Созмони Конфронси Исломӣ гардад.

Хонумҳо ва ҷанобон!

Дар сиёсати муосири ҷаҳонӣ "омили исломӣ" мавқеи торафт намоёнро ишғол мекунад. Мутаассифона, доираҳои муайяни сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ омили исломиро барои пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода бурда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки назарияи "бархўрди тамаддунҳоро" дар амал татбиқ намоянд.

Истифодаи ғаразнок аз номи поки ислом ва таҳрифу таҳқири арзишҳои волои дини мубини мо намунаи возеҳи чунин кўшишҳост. Бояд таъкид кард, ки равандҳои ташвишовари авҷ гирифтани амалҳои муқобили ҳамдигар қарор додани дину тамаддунҳо билохира метавонанд ба бесарусомонӣ ва фалокат на фақат дар минтақаҳои муайян, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва ё Шарқи Наздик, балки дар миқёси умумиҷаҳонӣ оварда расонанд.

Аз ин рў, паҳншавии исломситезӣ чун яке аз намудҳои нажодпарастӣ Тоҷикистонро мисли кишварҳои дигари мусулмонӣ нигарон сохтааст. Дар чунин вазъият моро мебояд, ки дар якҷоягӣ талошҳои худро барои аз нигарониву ташвишҳои худ огоҳ намудани ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сатҳҳои мухталиф идома дода, ҷиҳати пешгирии муассири ин гуна падидаҳои номатлуб иқдомоти мушаххас андешем.

Ба назари мо, таваҷҷўҳи бештар ба гуфтугўи тамаддунҳо метавонад боиси коҳиши ин гуна ташаннуҷҳо ва эҷоди ҳусни тафоҳум гардад. Тоҷикистон бо ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои Созмони Конфронси Исломӣ дар роҳи вусъати гуфтугў миёни тамаддунҳо ва фарҳангу динҳо омода аст, ки дар ин раванд иштироки фаъолона дошта бошад.

Дар робита ба ин масоил мехостам дар хусуси баъзе ҷанбаҳои манфии раванди ҷаҳонишавӣ, ки имрўз ҷараёни амалан ҳокими глобалӣ буда, дар қатори омилҳои мусбати он зуҳур мекунанд, таваққуф намоям.

Агар аз як ҷониб ҳамаи мо аз самараҳои комилан мусбат ва бештар хислати иқтисодидоштаи он бархурдор бошем, аз ҷониби дигар дар муқобили бозтобҳои манфии он, ки дар коҳиши одобу ахлоқ, суннат, маънавият, фарҳанг ва унсурҳои дигари иҷтимоӣ таҷассум меёбанд, қарор дорем.

Аз ин рў, нигоҳдории асолату ҳувият ва ҳифзи фарҳанги милливу тамаддуни умумиинсонӣ ва умумиисломӣ имрўз бояд аз ҷумлаи вазифаҳои бетаъхир ва афзали мо маҳсуб шаванд, то тўфони ҷаҳонишавӣ асли ҳастии моро бо худ набарад. Маънии набарди мо ба хотири зиндагӣ маҳз ҳифзи ин арзишҳост.

Умуман, мо дар пешорўи вазифаҳои бузург ва таърихӣ қарор дорем. Ин амр мантиқан тақозо менамояд, ки Созмони Конфронси Исломӣ ҳамчун ниҳоди муҳимтарини исломӣ такмил ва тақвияти матлуб ёбад, фаъолияти ниҳодҳо ва муассисоти зиёди исломиро дар самтҳои афзал ҳамоҳанг намояд ва бо кишварҳои исломӣ пайванди амиқтар дошта бошад. Яъне, созмони мо бояд посухгўи тақозои рўзафзуни Уммати ислом бошад.

Худо кунад, ки мардуми мусулмон бо иродаи қавӣ ва саъю талоши созанда дар роҳи расидан ба ормону ҳадафҳои неки исломӣ ва умумиинсонӣ муваффақ бошад.

Худованд ба ҳамаи мову шумо кушоиши кор ато фармояд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520