Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири мудофиа ва пуштибонии Нерўҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Ваҳидӣ

13.05.2010 13:30, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Вазири мудофиа ва пуштибонии Нерўҳои Мусаллаҳи ҷумҳурии Исломии Эрон Аҳмад Ваҳидиро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои рушдёбандаи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба тақвияти бештару фарохи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон, аз ҷумла ҳамкории низомию техникӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории мавҷуда бо Эрон, аз ҷумла аз фаъолияти корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда, идораҳои дифоии ду кишварро ба густариши бештари ҳамкории низомӣ-техникӣ ҳидоят намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520