Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Туркманистон Нокергули Атагулиев эътимоднома қабул намуд.
Дар мулоқот бо Сафири нави Туркманистон роҳу василаҳои густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Таҳкими бештари заминаи қарордодию – ҳуқуқии ҳамкорӣ тавассути ба имзо расондани як қатор санадҳои нави омодагашта ва вусъат додани фаъолияти комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ зарур шумурда шуд. Барқарор намудани алоқаи мустақими ҳавоӣ ва роҳи оҳани миёни Тоҷикистону Туркманистон низ дорои аҳамияти калон маънидод шуд.
Муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Туркманистон дорои дурнамои умедбахш арзёбӣ гардид.