ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи раиси Кумитаи давлатии идораи
замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Хоҷазода О.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
14 январи соли 2019
№1174
ХОҶАЗОДА Ориф Ашӯрӣ
Раиси Кумитаи далатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ХОҶАЗОДА Ориф Ашӯрӣ 31 марти соли 1970 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро аз рӯйи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.
Солҳои 1993-2015 дар вазифаҳои таъминтчии ЧФ МММ-ШИК, ёрдамчии Раиси шаҳри Хуҷанд, мутахассиси дараҷаи якуми Кумитаи захира ва танзими замини шаҳри Хуҷанд, мутахассиси дараҷаи якум ва сармутахассиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Спитамен, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Қайроққум, муовини аввали раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд ва Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд кор кардааст.
Аз соли 2015 то 2016 дар вазифаи Раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Солҳои 2016-2019 муовини Раиси вилояти Суғд кор кардааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 январи соли 2019, №1174 Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.