Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар Маҷлиси таъҷилии ҳукумати кишвар доир ба масъалаи бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ

10.05.2010 17:30, шаҳри Душанбе

Мўҳтарам аъзои ҳукумат!
Ҳозирини гиромӣ!

Тавре ки ҳамаи шумо огоҳ ҳастед, бар асари боришоти аз ҳад зиёди борону жола, омадани сел ва баланд гардидани сатҳи оби каналу дарёҳо ҳафтаи охир ба 12 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, бахусус минтақаи Кўлоб зарари калони моддӣ расонида шуд ва мутаассифона, ин офат боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид.

Беш аз ду ҳазор хонаҳои истиқоматӣ, иншооти зиёди таъиноти иҷтимоӣ, 30 пул, даҳҳо километр роҳҳои мошингард, хатҳои интиқоли барқу телефон хароб гардида, 22 нафар ҳалок, зиёда аз панҷоҳ нафари дигар беному нишон ва қариб дусад нафар маъюб шуданд.

Ман ҳамчун Роҳбари давлат аз ҳалокати одамон сахт андўҳгин ҳастам ва ба оилаҳое, ки бар асари офатҳои табиӣ наздикону пайвандони худро аз даст додаанд, бори дигар аз номи худ ва аз номи ҳукумати мамлакат изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ менамоям ва аз Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил металабам.

Мо оилаҳои азодор ва хонаводаҳои зарардидаро танҳо намегузорем ва таъҷилан ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем, ки оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шаванд, вале афсўс, ки ҷонҳои рафтаро касе баргардонида наметавонад.

Бояд гуфт, ки ҳаҷми умумии зарари офатҳои табиие, ки рўзҳои охир ба вуқўъ омаданд, мувофиқи ҳисобу китоби пешакӣ қариб 900 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Аз ибтидои соли ҷорӣ дар натиҷаи офатҳои гуногуни табиӣ, аз ҷумла заминларзаи ноҳияи Ванҷ, дар кишварамон дар маҷмўъ қариб даҳ ҳазор гектар замини кишт, зиёда аз 70 пул, шумораи зиёди иншооти ҳифозати соҳил, садҳо километр роҳҳо ва хатҳои интиқоли барқ, даҳҳо муассисаҳои таълимиву тандурустӣ хароб гардиданд.

Умуман аз тамоми офатҳои табиие, ки соли равон рўй доданд, мо беш аз дуюним миллиард сомонӣ зарари моддӣ дидем.

Ҳоло сокинони шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишине, ки аз офатҳои табиӣ зарари ҷиддӣ дидаанд, ба кўмаки моддӣ, аз ҷумла масолеҳи сохтмон, озуқаву доруворӣ ва дигар молҳои мавриди ниёзи аввалия эҳтиёҷ доранд.

Дар рўзҳои 7-8 май мо бо роҳбарони сохтору мақомоти дахлдор дар маҳалҳои аз офати табиӣ зарардида, аз ҷумла дар шаҳри Кўлоб бо вазъият аз наздик шинос шудем ва барои ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъият машварат доир карда, ба мақомоти масъул дастуру супоришҳо додем.

Дар навбати аввал доир ба бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ таҳти роҳбарии Муовини Сарвазир Комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ ташкил карда шуд. Тибқи супориши мо имрўзҳо аҳолии зарардида аз ҳисоби давлат бо маводи озуқа ва молҳои мавриди ниёзи аввалия таъмин гардида истодаанд.

Ҳамзамон бо ин, дастур дода шуд, ки дар давоми даҳ рўз тамоми зараре, ки ба гурўҳи ноҳияҳои минтақаи Кўлоб ва Панҷакенту Ғончии вилояти Суғд аз офатҳои табиӣ расидааст, мавриди ҳисобу китоби дақиқ қарор дода шуда, маҷрои каналу дарёҳо ба ҳолати пешинаи онҳо баргардонида шавад. Дар айни ҳол барои ҳарчи зудтар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ аз ҷониби мақомоти дахлдор тамоми чораҳои имконпазир амалӣ шуда истодаанд.

Бо вуҷуди ин, мехостам ба ҳайати шахсии полки дар Кўлоб будаи Пойгоҳи 201-уми ҳарбии Россия, ки яке аз аввалинҳо шуда, ба кўмаки зарардидагон омаданд ва дар наҷот додани онҳо мусоидат карданд, ҳамчунин ба Ҳукумати Ўзбекистон ва шахсан ба Президенти ин кишвари ҳамсоя ва дўсту бародар –Ислом Абдуғаниевич Каримов, ки дар вазъияти мураккаб таъмири қитъаи хатти роҳи оҳани худро, ки ба вилояти Хатлон мепайвандад, дар мўҳлати кўтоҳ ба анҷом расонида, ҳаракати қатораҳоро аз ҷониби хеш ба ин самт кушоданд, аз номи худ, ҳукумат ва халқи Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ намоям.

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти вазъи ба амаломада мо бояд пеш аз ҳама аҳолии аз офат зарардидаро, ки манзили истиқоматӣ ва ашёву асбоби зиндагиву рўзгори худро пурра аз даст додаанд, бо ғамхорӣ ва кўмаку дастгирии ҳамаҷонибаи моддиву маънавӣ фаро гирем ва тамоми чораҳоро андешем, ки онҳо то 6-уми ноябр, яъне Рўзи Конститутсия бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин карда шаванд.

Ман бори дигар ба оилаҳои аз офат зарардида муроҷиат менамоям, ки мо шуморо танҳо намегузорем. Ман ҳамчун Роҳбари давлат ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон бо шумо ва ғамхору кўмакрасони шумо ҳастанд. Мо ҳар як хонаводаи зарардидаро бо тамоми асбобу ашё ва маводи зарурии рўзгор таъмин мекунем, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони омадаистода ҳеҷ кас азоб накашад.

Ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати бунёди шаҳрчаи истиқоматӣ, яъне манзилҳои нави зист барои аҳолии аз офат зарардидаи шаҳри Кўлоб, ки барқарор кардани хонаҳои пештараашон ғайриимкон аст ва ё дар маҳалли таҳти хатари офати табиӣ қарор дорад, дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин замин дарёфт карда, доир ба ин масъала пешниҳоди худро дар рўзҳои наздик ба ҳукумати мамлакат манзур созад.

Ба Вазорати молия супориш дода мешавад, ки ҳарчи зудтар имконияти аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ расонидани кўмак ва дастгирии моддӣ ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи шаҳри Кўлоб ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон, инчунин ноҳияҳои Ғончиву Панҷакенти вилояти Суғдро мавриди баррасӣ қарор дода, дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин хулосаҳои худро ба ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.

Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» вазифадор карда мешавад, ки масъалаи ҷамъоварӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои хайрияе, ки ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ба суратҳисоби махсуси кушодашудаи бонкӣ ворид мегарданд, таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳад.

Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супориш дода мешавад, ки дар хусуси фалокати гуманитарии бинобар офати табиӣ баамаломада, ба давлатҳои ҷаҳон, кишварҳои мададрасон ва созмонҳои хайрияи байналмилалӣ бо мактуби ҳаматарафа асоснокгардида аз номи ҳукумат муроҷиат намояд.

Аз роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ, корхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва раисони вилоятҳои Хатлону Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ тақозо мегардад, инчунин ба роҳбарони бонкҳои тиҷоратӣ, субъектҳои калони соҳибкорӣ, ассотсиатсияву иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тавсия дода мешавад, ки масъалаҳои расонидани кўмаки моддиро ба аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи минтақаи Кўлоб, ноҳияҳои Панҷакенту Ғончӣ ва сохтмони манзили зист барои онҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба захираву имкониятҳои мақомоти худ дар мўҳлати се рўз ба Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш пешниҳод созанд.

Бо дарназардошти имкониятҳои изҳоркардаи мақомоти давлативу субъектҳои соҳибкориву ҷамъиятӣ Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент рўйхати бунёдкунандагони хонаҳои истиқоматиро барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида таҳия намуда, ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, инчунин Агентии сохтмон ва меъморӣ барои иҷро ва назорат ирсол намояд.

Раисони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои заминларза дар ноҳияи Ванҷ бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо чораҳои иловагӣ андешанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ва сохтору мақомоти дахлдори он бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ пулҳои харобшудаи роҳи Кўлоб – қалъаи Хумбро дар давоми як ҳафта барқарор карда, рафтуомади мўътадили нақлиётро таъмин созад.

Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ якҷо бо Агентии сохтмон ва меъморӣ ҷиҳати бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ барои аҳолии аз офат зарардидаи шаҳри Кўлоб интихоби замин ва таҳияи лоиҳаҳои шаҳраки истиқоматиро бо дарназардошти бунёди инфраструктураи иҷтимоӣ таъмин намояд.

Ҳамчунин дар асоси рўйхати пешниҳодкардаи Дастгоҳи иҷроияи Президент тақсимоти нусхаи лоиҳаи хонаҳои истиқоматиро, ки барои аҳолии аз офати табиӣ зарардида таҳия карда мешавад, ба мақомоти дахлдор, яъне бунёдкунандагони онҳо дар давоми 10 рўз таъмин карда, суръату сифати онро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳад.

Вазоратҳои маориф, тандурустӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, Ширкати «Барқи Тоҷик», Иттифоқи «Тоҷикматлубот», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кўлоб, ноҳияи Восеъ бунёди муассисаҳои маорифу тандурустӣ, роҳ, алоқа, хатти интиқоли барқ ва оби нўшокиро дар маҳалли нави зисти аҳолии аз офат зарардидаи шаҳри Кўлоб мувофиқи лоиҳаҳои пешниҳодкардаи Агентии сохтмон ва меъморӣ то моҳи ноябри соли 2010 таъмин созанд.

Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаи Кўлоб сабабҳои асосии аз боришот ва обхезӣ зарар дидани аҳолии шаҳри Кўлобро мавриди омўзиш ва таҳлили ҳамаҷониба қарор дода, аз натиҷааш дар давоми даҳ рўз гузориш пешниҳод созад.

Илова бар ин, Комиссияи давлатӣ эҳтиёҷоти аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардидаро ҳаматарафа ва пурра ба инобат гирифта, доир ба ҳаҷми умумии маводи зарурӣ маълумоти дақиқ ва муфассал пешниҳод намояд.

Агентии захираҳои моддии давлатӣ вазифадор карда мешавад, ки тамоми кўмакҳои молӣ ва воситаҳоеро, ки ба сифати ёрии башардўстона барои аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида ворид мегарданд, бевосита ба ҳисоб гирифта, дар анборҳо нигоҳ дорад ва тақсимоти онҳоро тибқи дастури хаттии Комиссияи давлатӣ оид ба бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ, инчунин бо мусоидати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Кўлоб таъмин намояд.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия масъалаи воридот ва тақсимоти тамоми намудҳои кўмакҳои моливу моддиро, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ба аҳолии аз офати табиӣ зарардида сурат мегирад, таҳти назорати қатъӣ гирад.

Вазоратҳои нақлиёт ва коммуникатсия, мелиоратсия ва захираҳои об, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва дигар вазорату идораҳои дахлдор кори ситодҳои худро бо дарназардошти ин, ки офатҳои табиӣ ҳар сол такрор шуда истодаанд, пурзўр намуда, техникаву таҷҳизоти зарурии хешро ҳамеша дар ҳолати омодабош нигоҳ доранд.

Дўстони азиз!

Мардуми сарбаланду заҳматқарини мо, ки дар рафъи мушкилоти ба сараш омада ҳамеша дастҷамъӣ зоҳир менамояд, дар бартараф кардани оқибатҳои чунин офатҳои табиӣ аллакай таҷриба дорад. Аз ҷумла, соли гузашта мо дар натиҷаи заҳмати сарҷамъонаву аҳлона барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон беш аз 400 хонаи истиқоматӣ бунёд карда, онҳоро аз мушкилот раҳо кардем.

Бо истифода аз фурсат ва ба хотири дастгирии моддиву маънавии сокинони аз офати табиӣ зарардида ба тамоми мардуми шарифу сарбаланди кишварамон, ҳар як фарде, ки воқеан халқу Ватани худ ва ҳар як фарзанди сарзамини куҳанбунёди хешро сидқан дўст медорад ва ҷонибдори ҳаёти орому осудаи миллати худ мебошад, муроҷиат намуда, онҳоро ба ҳимматбаландиву саховатпешагӣ ва дар ин рўзҳои мушкил гирифтани дасти аҳолии осебдида даъват менамоям.

Итминони комил дорам, ки ин дафъа низ мо ҳама даст ба дасти ҳамдигар дода, мушкилоти имрўз ба сари халқамон омадаро бартараф месозем. Имрўз ҷузъе аз мардуми мо дучори дард гардидааст ва дарди онҳо дарди ҳар яки мо низ мебошад. Аз ин рў, мо ҳақ надорем, ки мушкилоти онҳоро нодида гирем ва нисбат ба онҳо бепарвоӣ зоҳир намоем.

Барои аз мушкилот раҳо намудани мардуми аз офати табиӣ зарардида, пеш аз ҳама мову шумо - мансабдороне, ки ҳоло дар ин толор нишастаанд, яъне аз ман сар карда, то ҳар як хизматчии оддии давлатӣ ва соҳибкорон ҳар шахсе, ки имкони кўмак ба онҳоро дорад, вазифадор мебошад.

Дар роҳи бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ба ҳар яки шумо тавфиқ ва барори кор мехоҳам.

Саломат бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520