Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Директори Бюрои минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Сузанна Якабро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот ҳамкории Тоҷикистон бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ баррасӣ шуд.
«Мо ба ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии тандурустӣ баҳои баланд медиҳем ва ба рушду густариши минбаъдаи он манфиатдорем», - изҳор дошт зимни сўҳбат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Ба гуфти Сузанна Якаб, ҳадафи асосӣ аз ташрифи ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба Тоҷикистон мусоидат ба пешгирии паҳншавии фалаҷи шадид (полиомелит) ва баррасии масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкории гуногунҷанба аст».
Аз сатҳ ва мазмуни ҳамкории бисёрсолаи Тоҷикистону Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, хусусан дар бартарафсозии фалаҷи шадид ва хурўҷи чунин бемориҳои хатарноки сироятӣ, ба мисли гулўзиндонак, вараҷа ва сурхча изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳарду ҷониб изҳори боварӣ намуданд, ки бо кўшишҳои муштарак дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин пеши роҳи паҳншавии фалаҷи шадид (полиомелит) гирифта шуда, рафъи пурраи он таъмин мегардад. Таъкид гардид, ки барои пешгирии зуд ва ҳамаҷониба аз паҳншавии фалаҷи шадид бояд тамоми кўдакони то 6 - сола эм кунонда шаванд ва падару модарон бояд саҳлангорӣ накарда, ба дармонгоҳҳои маҳалли зисти худ муроҷиат намоянд.