Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ

22.01.2019 13:10, шаҳри Душанбе

Бо натиҷагирӣ аз маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ додан ба камбудию норасоиҳои ҷиддӣ дар соҳаи бонкдорӣ ва фаъолияти ҶСК “Тоҷик Эйр” раиси Бонки Давлатии Амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк” Руҳулло Ҳакимзода ва директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” Хайрулло Раҳимов аз вазифа озод карда шуданд.

Имрӯз дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор кадрҳое, ки ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар сохтору воҳидҳои Вазорати молия, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”, Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон “Амонатбонк”, Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” ва дигар идораҳои давлатӣ таъин шуданд, суҳбат намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ба вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии  “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Саидзода Иззатулло Ҳабибулло - директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон - муовини Директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъин гардиданд.

Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ ва Гулмуродзода Карим Гулмурод ба вазифаи муовинони вазири молия таъин гардиданд.

Сарвари давлат ба мутахассисони ба ин вазифа таъиншуда дастур доданд, ки бо истифода аз сатҳи касбӣ ва таҷрибаи андӯхтаашон ба иҷрои содиқонаи вазифаҳо, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо институтҳои молиявӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар самтҳои фаъолияти соҳа, талош варзанд.

Ҳамчунин, бо Қарорҳои Ҳукумати мамлакат Икромӣ Сироҷиддин Салом - раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, Нуралӣ Марҳабо Мир - муовини якум ва Сафарзода Бахтиёр - муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Исматуллозода Дилшод Абдуғаффор - директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷик Эйр” таъин карда шуданд.

Дар асоси Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кадрҳо ба вазифаҳои сардорони раёсатҳо, аз ҷумла, Қурбонзода Исоҷон Ятим - Сардори раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдухолиқзода Лутфия Абдухолиқ аз вазифаи ректори муассисаи давлатии таълимии “Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” озод ва ба вазифаи Сардори раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Сунатулло Сироҷиддин - Сардори раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наимӣ Аъламхон Қодириён ба вазифаи Сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Убайдуллоҳ Амирҷон Маҳмадсаид аз вазифаи муовини сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, таъин шуданд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хол Ҳайдар аз вазифаи муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нав озод гардида, ба вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Суғд таъин гардида, Шарипов Бахтиёр Маҳмудович муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои навтаъиншударо барои бо дасту дилу нияти пок баҳри волоияти қонун кор кардан, муносибати ҳамқадами замон аз дидгоҳи нав, мусоидат дар раванди созандагию бунёдкорӣ бо меҳнати садоқатмандонаву софдилона ва боло гузоштани манфиати давлату миллат аз манфиатҳои дигар ҳидоят намуданд.

 

ХОЛ Ҳайдар
Муовини якуми Раиси вилояти Суғд

ХОЛ Ҳайдар 1 ноябри соли 1962 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1984 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1984 Иқтисодчии калон оид ба буҷа дар шӯъбаи молияи вилояти Кӯлоб оғоз намуда, минбаъд то соли 2002 дар вазифаҳои Иқтисодчии калони комиссияи нақшагирӣ, Инструктор-назоратчии шӯъбаи молиявию хоҷагии Кумитаи комсомолӣ, Котиби Кумитаи комсомоли омӯзишгоҳи касбию техникии №38, Мудири шӯъбаи масоили иҷтимоию иқтисодии Кумитаи комсомоли вилояти Кӯлоб, Раиси Созмони ҷавонони шаҳри Кӯлоб, Муовини Раиси Созмони ҷавонони вилояти Хатлон кор кардааст.

Аз соли 2002 то соли 2012 дар вазифаҳои сармутахассиси шӯъбаи таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои Департаменти сиёсати саноат, сардори шӯъбаи иқтисод ва молияи Департаменти сиёсати саноат, сардори шӯъбаи таҳлили иқтисодӣ ва ояндабинии Раёсати иқтисод ва молия, муовини сардори раёсат-сардори шӯъбаи иқтисоди Раёсати иқтисодӣ ва дурнамои Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  фаъолият намудааст.

Солҳои 2012-2013 дар вазифаҳои муовини вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2013-2015 муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

Аз соли 2015 то соли 2019 дар вазифаи муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз 22 январи соли 2019 ба вазифаи муовини якуми Раиси вилояти Суғд таъин гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520