Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Дар бораи тадбирҳои иловагии тақвияти
муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон



Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини иҷрои самараноки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва тақвияти муқовимат ба коррупсия фармон медиҳам:
1) Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд.
2) Ба зиммаи роҳбарони вазорату идораҳо ўҳдадории бевоситаи муқовимат ба коррупсия бо муқаррар намудани масъулияти шахсӣ вогузор карда шавад.
3) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мўҳлати 3 моҳ Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои Тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои онро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад.



Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе
30 апрели соли 2010
№864

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520