Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ

20.04.2011 12:00

Мўҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва

вакилони Маҷлиси намояндагон!
ҳамватанони азиз!

Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузор дар арафаи истиқболи бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди муқаддастарин вабузургтарини таърихи навини халқи Тоҷикистон мебошад, пешниҳод мегардад.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлат, кибаъд аз садсолаҳои зиёди ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи мо ба даст омад, дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ ва дар айни замон басо пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгў ба манфиатҳои халқи кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосири тоҷиконро гузошт.

Дар давоми бист соли истиқлолият мо бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурўъ намудем; таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории онро ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил додем; ҷиҳати таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ ислоҳоти амиқро пайгирона амалӣ карда истодаем.       

Таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрўз ҳадафи асосии давлат ва ҳукумат мебошад.

Тавре ки ҳамватанони азизи мо дар ёд доранд, солҳои аввали истиқлолият барои давлати ҷавони мо солҳои ниҳоят вазнин, вале сарнавиштсоз буданд ва аз ҳар кадоми мо ба хотири таъмини сулҳу субот, барқарор кардани низоми конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти рукнҳои фалаҷгардидаи давлатдорӣ ва ба даст овардани ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ, ба ватан баргардонидани қариб як миллион нафар фирориён ва ташкилу амалӣ намудани низоми идоракунии иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар кўшишу заҳмати азими шабонарўзиро тақозо доштанд.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар, яъне аз соли 1997 пастравии нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ боздошта шуд. Минбаъд ба ҳукумат муяссар гардид, ки сол аз сол вазъиятро ба эътидол оварда, аз соли 2000-ум ба рушди тадриҷии иқтисоди миллӣ оғоз намояд.

Дар давоми се соли охир, ки бўҳрони молиявию иқтисодӣ аксари кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифта буд, ба мо муяссар гардид, ки таъсири манфии онро то андозаи имкон кам намуда, тамоюли мусбати рушди иқтисодиву иҷтимоиро дар мамлакат нигоҳ дорем.

Соли гузашта ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли  1997  2,6 баробар афзуда, рушди миёнаи ҳарсолаи он 7,1 фоизро ташкил намуд. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 2,5 баробар, кишоварзӣ 2,8, ҳаҷми гардиши савдои чакана 3,2 ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 7,8 баробар зиёд гардид ва ҳаҷми буҷети давлатӣ 75 баробар, маҷмўи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 36,3 ва даромадҳои пулии аҳолӣ 38 баробар афзоиш ёфтанд.
Дар солҳои 1992- 1995 буҷети давлатӣ қариб, ки қурб надошт, сатҳи таваррум зиёда аз чор рақамро ташкил медод. Дар ин давра музди меҳнати муаллимон ва духтурон ба 3-5 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба 15-17 сомонӣ баробар буд, ки он ҳам сари вақт пардохт намегардид. Аз соли 1995 нисбатан ба танзим даровардани буҷет оғоз шуда, ҳаҷми даромади он, соли 1997-ум 110 миллион, соли 2000 –ум ба 250 миллион расонида шуд. Соли ҷорӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 8,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 1997- 75 баробар зиёд мебошад.

Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар маҷмўъ тамоюли устувори пастшавиро касб намуда, аз 72,0 фоизи соли 2003 то ба 45,0 фоиз дар соли 2010 расид.
Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ислоҳоти ҷиддии сохториро дар самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат, ба монанди идоракунӣ, молия, бонкдорӣ, бахшҳои воқеии иқтисодиёт, инчунин маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оғоз намуда, бо қабул ва татбиқи як силсила барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва андешидани тадбирҳои судманд ба татбиқи нақшаҳои азими рушд заминаи мустаҳкам гузошт.

Бояд таъкид намоям, ки рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва минтақаҳои алоҳида дар асоси стратегияву барномаҳои қабулшуда заминаи рушди иқтисоди миллиро ташкил медиҳад ва татбиқи самараноки санадҳои зикргардида иҷрои ҳадафҳои афзалиятнокро таъмин хоҳад кард. ҳамчунин сиёсати давлат дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ҳамчун омили асосии рушд мунтазам татбиқ гардида истодааст.
Бинобар ин, ҷиҳати устувор гардонидани рушди и?тисодии мамлакат ва дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ вазифаи мо, пеш аз ҳама,таъминисуботи устувори макрои?тисодӣ дар заминаи мустаҳкам намудани соҳаҳои истеҳсолӣмебошад.

Дар баробари ин, таҳкими бахши молиявӣ, баланд бардоштани на?ши бахши хусусӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки таъминкунандаи рушди и?тисодии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин татбиқи саривақтии нақшаву барномаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷумлаи корҳои аввалиндараҷаи мо ба шумор мераванд.

Мақсади асосии сиёсати андозу буҷет сафарбар намудан ва самаранок истифода бурдани захираҳои молияи давлатӣ ҷиҳати ноилшавӣ ба ҳадафҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошад.

Дар ин самт ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ дар даҳ соли охир мунтазам зиёд гардида, қисми хароҷоти буҷет доир ба дастгирии соҳаҳои афзалиятнок, хусусан хароҷоти иҷтимоӣ сол аз сол афзоиш ёфта истодааст: ҳаҷми хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ  дар соли 2011 нисбат ба соли 2000 –ум 33 баробар афзуда, ба 3,6 миллиард сомонӣ расидааст.

Аз давраи солҳои 1997 то имрўз ҳаҷми номиналии маош тақрибан 70 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст. ҳамзамон бо ин, тибқи чорабиниҳои ислоҳоти музди меҳнат ҳар сол дар кишвар маош ва нафақа ба ҳисоби миёна 27-30 фоизбаланд гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст.

Вале мо хуб дарк менамоем, ки ҳамаи ин ҳанўз ҳам қаноатбахш нест.

Дар робита ба ин, пешбинӣ мегардад, ки ҷиҳати афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ бо роҳи ҳавасманд намудани андозсупорандагон ва андозбандии пурраи онҳо ислоҳот дар бахши  андоз вобаста ба ҳарчи содда намудани  низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо тавассути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо ба таври ҷиддӣ идома дода шавад.

Бинобар ин, ба ҳукумат супориш дода мешавад, ки то нимсолаи дуюми соли 2012 лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав таҳия намуда, ба муҳокимаи он доираи ҳарчи васеи мутахассисону коршиносон, соҳибкорон ва дигар андозсупорандагонро ҷалб намояд.

ҳамчунин, ҷиҳати таъмини рушди мўътадили иқтисодиёт афзоиши воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ на камтар аз 6-7 фоиз, бо дарназардошти нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар ҳаҷми 7-9 фоиз, таъмин карда шавад. Илова бар ин, доир ба афзоиши даромади буҷети давлатӣ ва  то соли 2015 ба 22-23 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ баробар намудани он чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

Вобаста ба ин, ҳаҷми маблағгузории хароҷоти маош дар буҷети давлатӣ бояд ба 8-9 фоизи маҷмўи маҳсулоти дохилӣ расонида шавад. Ин имконият медиҳад, ки дар давраи миёнамўҳлат маоши миёнаи кормандони ташкилотҳои буҷетиро зиёда аз ду баробар баланд бардорем.

Сиёсати пуливу қарзӣ барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ дар самти таъмини устувории қурби пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти самаранок ва бехатарии низоми пардохтҳо равона карда мешавад.

Дар даҳ соли охир шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд аз 17 ба 138 ва шумораи мизоҷони онҳо аз 524 ҳазор то ба 2 миллиону  900 ҳазор расидааст, ки ин нишондиҳандаҳо дар муқоиса бо даҳсолаи пешин мутаносибан 8 ва 5,5 баробар зиёданд. Бақияи қарзҳои додашудадар ин давра аз 377 миллион сомонӣ то 3 миллиарду 270 миллион сомонӣ ё 32 баробар афзудааст.

Солҳои охир қарздиҳии хурд ба самти нави муносибатҳои қарзӣ табдил ёфта, дар панҷ соли охир се баробар афзоиш ёфтааст.

Дастовардҳои мазкур наметавонистанд, ки бидуни афзоиш ва тақвияти захираҳои молиявии бонкҳо муяссар гарданд ва қобили зикр аст, ки яке аз омилҳои муҳими ин афзоиш истифодаи самараноки сарчашмаҳои дохилӣ – пасандозҳои мардум ва ташкилоту корхонаҳо мебошад.

Дар ин давра ҳамаи пасандозҳо беш аз 32 баробар зиёд гардида, дар охири соли 2010 маблағи 3,3  миллиард сомонӣ, аз ҷумла пасандозҳои аҳолӣ 1,5 миллиард сомониро ташкил карданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки имконияти молиявии ташкилотҳои қарзии ватанӣ баландтар гардида, онҳо ба мизоҷон қарзҳои бештар пешниҳод намуданд: танҳо дар соли 2010 ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби низоми бонкӣ додашуда ба 5,5 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин рақам нисбат ба панҷ соли пешин қариб се баробар зиёд аст.

ҷалби мизоҷон ва муштариён ба низоми бонкӣ низ бо истифода аз шаклҳои гуногуни хизматрасонӣ афзоиши назаррасро соҳиб шудааст ва дар маҷмўъ дар тўли даҳ соли охир беш аз панҷ баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин давра мо ислоҳоти низоми бонкиро идома дода, заминаи меъёрии ҳуқуқии онро ба талаботи муосир мутобиқ намуда истодаем. ҳоло қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” дар таҳрири нав ва дигар қонунҳои соҳавӣ дар  баррасии Маҷлиси Олӣ қарор дошта, такмили қонунҳои дигари бонкӣ низ дар назар аст.

Вале бо вуҷуди ин ҳама, дар фаъолияти низоми бонкӣ ва қарздиҳӣ ҳанўз ҳам камбудиву мушкилоти муайян мавҷуданд, ки барои бартараф намудани онҳо ва иҷрои вазифаҳои дар назди бонкҳо қарордошта бояд чорабиниҳои зерин амалӣ карда шаванд:

- таъмини самаранокии сиёсати пуливу қарзӣ бо мақсади нигоҳ доштани таваррум дар сатҳи аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муайяншуда;

- таъмини устувории қурби пули миллӣ ва ташаккули минбаъдаи бозори асъор;

- ҷалби боз ҳам бештари захираҳои қарзӣ ва дар ин асос зиёд намудани ҳаҷми умумии қарзҳои барои рушди соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ додашаванда;

- идома додани сиёсати таъмини устувории молиявии ташкилотҳои қарзӣ ва вусъати фаъолияти онҳо бо роҳи такмил додани шароит барои ҷалби воситаҳои озоди пулии аҳолӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонии бонкӣ ва соддаву шаффоф намудани тартиби анҷомдиҳии он;

- содда кардани низоми қарздиҳӣ бо мақсади дастрасии ҳарчи бештари мизоҷон ба захираҳои қарзӣ ва зиёд намудани маблағи қарзҳои дарозмўҳлати барои рушди соҳибкории истеҳсолии ватанӣ додашаванда.

Бо мақсади дастгирии бахши воқеии иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратӣ бояд ҳаҷм ва шумораи қарзҳоро дар ин самт афзун намуда, барои дастрасии ҳарчи бештари мизоҷон ба захираҳои қарзӣ чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар робита ба ин, барои зиёд шудани шумораи бонкҳо ва ташкилотҳои дигари қарзӣ дар кишвар ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасонӣ бояд санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҷдиди назар карда, ҷиҳати беҳбудии фаъолияти онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шавад. Инчунин, барои зиёд намудани қарздиҳии хурд дар ноҳияҳои дурдасти кўҳистон чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Амалигардонии сиёсати ҳукумати Тоҷикистон оид ба татбиқи барномаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва такмили сохтори идораи давлатӣ, инчунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ҷомеаи ҷаҳонӣ боиси вусъат ёфтани ҷараёни сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар ва ҷалби бештари кўмаки беруна гардидааст.
ҳоло ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии кишвар татбиқи 63 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 миллиард сомонӣ идома дорад. Танҳо дар давоми соли 2010-ум ҷиҳати татбиқи 27 лоиҳаи нави сармоягузорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ созишномаҳо ба имзо расонида, барои амалӣ намудани онҳо 2,5 миллиард сомонӣ ҷалб карда шудааст.

Дар тўли 10 сол зиёда аз 150 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 12 миллиард сомонӣ ва 200 лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақим амалӣ гардидааст. Дар маҷмўъ барои рушди шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин давра аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо ба маблағи беш аз 30 миллиард сомонӣ корҳои созандагиву ободонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

Бо мақсади танзими раванди ҷалбу истифода ва ҳамоҳангсозиву мониторинги кўмаки беруна ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, инчунин ҷиҳати ро? надодан ба азхудкунии ғайримақсадноки маблағҳо ва таъмини баргузории боз ҳам шаффофи тендерҳо, дар соли 2010 қоидаҳои ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги кўмаки беруна ва баргузории тендерҳои харид дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ мавриди амал ?арор дода шуданд.

Вобаста ба ин, ба роҳбарони вазорату идораҳо зарур аст, ки ҳамкориро бо созмонҳои байналмилалии маблағгузор дар доираи қоидаҳои мазкур ба роҳ монда, тамоми фаъолияти минбаъдаи худро бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҳамчун сохтори ваколатдори давлатӣ дар самти ҷалб, истифода, ҳамоҳангсозӣ, мониторингва арзёбии самаранокии истифодаи тамоми намудҳои кўмаки беруна ҳамоҳанг созанд.

Ҳарчанд ки мо дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаем, вале то ҳанўз на ҳамаи имкониятҳои мавҷуда пурра истифода шудаанд.

Азхудкунии маблағҳо ва иҷрои чорабиниҳои дар доираи татбиқи лоиҳаҳо ба нақша гирифташуда на ҳама вақт дар мўҳлатҳои муайяншуда таъмин карда мешавад.

Аз ин рў, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ вазифадоранд, ки идоракунии маҷмўи лоиҳаҳоро такмил дода, истифодаи самаранок ва саривақтии маблағҳоро таъмин намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

ҳоло мехоҳам таваҷҷўҳи шуморо ба яке аз масъалаҳои мубрами рўз ҷалб намоям. Ташаккулёбии бозори истеъмолии мамлакат, ки  бо масъалаи вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар алоқаманд мебошад, асосан дар зери таъсири омилҳои истеҳсоли маҳсулот ва гардиши мол тавассути соҳаҳои дахлдори иқтисодиёт қарор дорад.

То ҳол ҳиссаи зиёди бозори истеъмолии мамлакатро маҳсулоти воридотӣ ташкил медиҳад ва табиист, ки болоравии нархи маҳсулоти воридотӣ ба вазъи бозори дохилӣ таъсири манфии худро мерасонад.

ҳукумати мамлакат дар масъалаи мўътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум чораҳои дахлдор андешида, онҳоро мунтазам амалӣ гардонида истодааст.
Минбаъд низ зарур аст, ки бо мақсади дар сатҳи муайян нигоҳ доштани нархи молҳои ниёзи мардум бояд иқтисоди воқеӣ ҳарчи бештар тараққӣ дода, бо истифода аз фишангҳои иқтисодӣ танзими бозори истеъмолӣ пурзўр карда шавад.

Илова бар ин, бо мақсади таъмини рақобати солим ва устувор нигоҳ доштани вазъи бозори истеъмолӣ дар кишвар ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи қонун “Дар бораи асосҳои фаъолияти савдо ва хизматрасонии маишӣ ба аҳолӣ”-ро таҳия ва ба ҳукумат пешниҳод намояд.

Соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, аз ҷумла саноат мунтазам рушд ёфта истодаанд.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давоми солҳои 1997-2010 ҳар сол ба ҳисоби миёна ба андозаи 9 фоиз афзоиш дошта, ҳамзамон бо ин, дар давоми даҳ соли охир дар соҳаи саноат беш аз 90 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шудаанд.

Бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли молу маҳсулоти қобили рақобати таъиноти истеҳсоливу техникӣ ва молҳои ниёзи мардум Вазорати энергетика ва саноатро зарур аст, ки ҷиҳати дигаргунсозии сохтори саноат ва қабули барномаҳои нави афзалиятнок чораҳои муассир андешад.

Зарур аст, ки дар солҳои наздик иқтидорҳои нави саноатӣ ташаккул дода шуда, истеҳсоли маҳсулоти қобили рақобат васеъ ба роҳ монда шавад, ки ба шароити муносибатҳои бозорӣ мутобиқ ва ҷавобгўи талабот дар дохили кишвар ва берун аз он бошад.

Дар ин раванд, бояд як масъалаи муҳим ба назар гирифта шавад, ки баланд бардоштани қобилияти рақобати маҳсулот  тавассути навсозии ҷараёни технологӣ ва муҷаҳҳаз гардонидани истеҳсолот бо дастгоҳу технологияҳои навтарин имконпазир мебошад.

Азнавсозии сохтории саноат бояд дар заминаи пайвастани илм ва истеҳсолот, истифодаи технологияҳои каммасрафи бар?ӣ, ташкили истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда равона гардида, барои амалӣ гардонидани он истифодаи ҳарчи пурраи захираҳои бойи ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шавад.

Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон аз самаранок истифода гардидани захираҳои бойи табиии он ва вусъат додани истеҳсолоти саноатӣ вобастагии калон дорад.

Ин раванд ислоҳоти ҷиддии қонунгузорӣ ва сиёсати танзимкунониро тақозо дорад, зеро имрўз қонунгузории амалкунандаи мамлакат дар ин самт ба талаботи муосир пурра ҷавобгў намебошад ва бояд бо дарназардошти таҷрибаи пешрафта ва ҳимояи манфиатҳои кишвар дар соҳаи истифодабарии  қаъри замин такмил дода шавад.

Ислоҳоти мазкур бояд барои  ташаккули  низоми нави идоракунии соҳа, ки дар он салоҳият ва вазифаҳои ҳамаи тарафҳои манфиатдор муайян гардидаанд, шаффофу устувор сурат гирифтани  муносибати байни давлат ва истифодабарандагони қаъри замин, инчунин соддагардонии дастрасӣ ба захираҳои табиӣ заминаи мустаҳкам гузорад.

ҳамзамон бо ин, ҷалби боз ҳам бештари сармоягузорӣ тавассути ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, воридоти техника ва технологияҳои муосир ва зина ба зина афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, алалхусус, дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, сангҳо ва металлҳои қиматбаҳо, инчунин ҷиҳати тараққӣ додани соҳаҳои саноати металлургияи ранга, химия ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ зарур мебошад.

Аз ин рў, ҷиҳати рушди соҳаҳои саноат дар заминаи истифодаи захираҳои маъдани маҳаллӣ ба Саридораи геология супориш дода мешавад, ки барномаи нави давлатиро оид ба корҳои ҷустуҷўиву иктишофи сарватҳои зеризаминӣ таҳия карда, ба ҳукумат пешниҳод намояд.

Дар баробари ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати энергетика ва саноат ва Саридораи геология  вазифадор карда мешаванд, ки барномаи беҳтаргардонии ҷолибияти сармоягузории соҳаи  истифодабарии қаъри замин, инчунин пешниҳодҳои асоснокшударо оид ба ислоҳоти қонунгузорӣ дар соҳаи истифодабарии қаъри замин омода  карда, ба баррасии ҳукумати Тоҷикистон  пешниҳод намоянд.

Татбиқи ин ҳадафҳо ҳиссаи истеҳсоли молу маҳсулоти ватаниро дар сохтори маҷмўи маҳсулоти дохилӣ афзоиш дода, дар баробари ин, барои ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, ба вуҷуд омадани сарчашмаҳои нави даромад ва таҳкими и?тидори содиротии кишвар мусоидат менамояд.

Сиёсати давлати мо дар соҳаи иқтисод бояд дастгирии ҳаматарафаи ташаббуси шахсӣ ва соҳибкориро дар мадди аввал гузорад.

Дар ин самт  вазифаи аввалиндараҷа аз байн бардоштани монеаҳои маъмурии сунъӣ ва таъмини   шаффофияту оммафаҳмии  меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, яке аз вазифаҳои аввалин дар ин самт содда кардани қоидаҳои маъмурӣ нисбат ба субъектҳои соҳибкорӣ мебошад. Яъне мо бояд ҳам қонунгузорӣ ва ҳам мафкураи соҳибмансабонро дар ин самт дигар кунем.

Мо бояд дарк намоем, ки пешрафти соҳибкории хурду миёна, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ - ин воридшавии мунтазами андоз ба буҷет ва дар айни замон, зиёдшавии ҷойҳои корист.

Дар самти ислоҳот ва рушди соҳибкорӣ сол?ои охир мо ба дастовард?ои назаррас ноил гардидем. Исло?оти гузаронидаи мо аз ҷониби ҷомеаи ҷа?онӣ ба?ои баланд гирифта, Тоҷикистон соли дуюм аст, ки ба қатори да?гонаи давлат?ои исло?отгар шомил мегардад.

Вале боз ?ам бе?тар намудани фазои сармоягузор? ва со?ибкор?, аз ҷумла бо роҳи аз байн бурдани монеа?ои сунъии маъмур? ва коррупсия самти стратегии сиёсати и?тисодии ?укумати Тоҷикистон бо?? хо?ад монд.

Вобаста ба ин, пешниҳод мегардад, ки бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо дарназардошти ҷалб намудани техника ва технологияи муосир ва тадриҷан афзун намудани истеҳсоли маҳсулот дар дохили кишвар барои ҳама гуна тафтишу санҷиши фаъолияти соҳибкороне, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд, дар муддати се соли аввал мораторий эълон карда шавад.

Инчунин, барои дастгирии боз ҳам бештари соҳибкорӣ  ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки лои?аи ?онун "Дар бораи ?амкории давлат ва бахши хусус?"-ро та?ия карда, ба баррасии ?укумат пешни?од намоянд.

Мўҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!

Бо мақсади таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ба кишвари содиркунандаи нерўи барқи арзон ва аз лиҳози экологӣ тоза табдил додани Тоҷикистон дар бахши энергетика татбиқи маҷмўи ислоҳоти иқтисодиву сохторӣ пешбинӣ шудааст.

Аз ҷумла, тибқи Консепсияи рушди энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015 ташкили маҷмааҳои саноатӣ ва сўзишвориву энергетикӣ дар назар мебошад.

Барои дар амал татбиқ намудани консепсияи мазкур маблағгузории соҳаи энергетика дар се соли охир бо дарназардошти лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ - 3,8 миллиард сомониро ташкил дод ва дар соли ҷорӣ ба ин мақсад зиёда аз 1,8 миллиард сомонӣ равона мегардад. Дар доираи татбиқи 13 лоиҳаи сармоягузории дар соҳа амалишудаистода корҳои лоиҳакашӣ, таҷдид ва сохтмони шабакаҳои дохилӣ ва байналмилалии интиқоли нерўи барқ идома доранд.

Бо мақсади таъмини ноҳияҳои дурдасти кўҳистон бо нерўи барқ дар давраи соҳибистиқлолии кишварамон дар маҷмўъ 241 нерўгоҳи барқи обии хурд сохта, ба истифода дода шудааст. Мутобиқи «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» то соли 2020 дар қаламрави мамлакат сохтмони 190 нерўгоҳи хурди барқи обӣ пешбинӣ шудааст.

Дар баробари ба кор андохтани нерўгоҳи барқи обии «Сангтўда - 2», ки то охири соли ҷорӣ бояд ба истифода супорида шавад, идомаи корҳои барқарорсозии нерўгоҳи барқи обии «Роғун», таҷдиди нерўгоҳҳои амалкунанда, аз ҷумла Норак, қайроққум, силсиланерўгоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёҳои Варзобу Вахш ва сохтмони дигар нерўгоҳҳои барқи обии ба нақша гирифташуда дар се соли оянда истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон таъмин хоҳад шуд.

ҷиҳати амалишавии мақсадҳои мазкур ҷалб ва истифодаи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Тадбирҳои андешидашаванда оид ба сохтмони иншооти обию энергетикӣ дар навбати аввал ба ҳалли мушкилоти муҳими имрўзаи мо – мунтазам бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои кишвар нигаронида шуда, барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ бо мақсади таъмини рушди устувори кишвар бо дарназардошти ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ замина мегузоранд.

Бинобар ин, дар асоси муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ корҳои ташхисиро оид ба асоснокии техникӣ ва арзёбии таъсири иҷтимоиву иқтисодии ба анҷом расонидани сохтмони нерўгоҳи барқи обии Роғунро бо ҷалби ширкатҳои бонуфуз ва мустақилиҷаҳонӣ гузаронида истодааст.

Бояд зикр намуд, ки дар вазъияти ҳоло дар ҷаҳон баамаломада вобаста ба гармшавии глобалии иқлими сайёра, афзоиши шумораи умумии аҳолии кураи замин, бемайлон боло рафтани нархҳои маводи сўзишворӣ бо дарназардошти маҳдудият ва камшавии захираҳои мавҷуда вазифаи аввалиндараҷаи мо истифодаи имкониятҳо ва захираҳои дохилӣ мебошад.

Коҳишёбии пайвастаи ҳаҷми воридоти гази табиӣ ва баландшавии нархи маводи сўхт дар бозорҳои ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки соҳаи нафту газ ва ангиштро ба яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт табдил диҳем.

ҳоло аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати таъмини корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии кишвар бо гази табиии худӣ  як қатор чорабиниҳои дорои аҳамияти аввалиндараҷа амалӣ гардида истодаанд. ҳамкориҳо дар мавриди пешбурди корҳои ҷустуҷўиву иктишофӣ бо 15 ширкату корхонаҳои ватаниву хориҷӣ дар 87 кону майдонҳои нафту газ идома доранд.

Аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо ширкати «Газпром»-и Федератсияи Россия дар майдонҳои аз ҷиҳати нафту газ ояндадори Сариқамиш ва Саргазон бо истифода аз техника ва технологияҳои нодири замонавӣ корҳо оғоз гардидаанд. Мутахассисон пешбинӣ мекунанд, ки захираҳои дар қаъри ин майдонҳо мавҷудбуда корхонаҳои саноатии кишвар ва аҳолиро даҳҳо сол бо гази табиӣ таъмин менамояд.

Бо вуҷуди ин, дар самти истифодаи манбаъҳои энергетикӣ татбиқи тадбирҳои иқтисодӣ ва маъмурие самти муҳими кор бояд бошанд, ки ба ҳавасманд намудани истифодаи самарабахши нерўи барқ ва таҳияи механизми татбиқи технологияҳои каммасрафи барқӣ дар соҳаи энергетика равона гардидаанд.

Баландшавии нархи сўзишворӣ ва камшавии захираҳои он воқеияти ногузир мебошад, чунки мо аз бозори ҷаҳонӣ ҷудогона амал карда наметавонем. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо дар ҳама ҳолат бояд технологияҳои навтаринро истифода намоем, то ин ки ҳаҷми хароҷоти нерўро кам карда, вобастагии кишварро аз воридоти манбаъҳои сўзишворӣ ҳарчи камтар созем.

 Дар робита ба ин, зарурати тезонидани ҷараёни истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсолот ва таҷдиди сохтории бахши энергетика ҷиҳати мукаммал гардонидани фаъолияти иқтисодиву технологии он ба миён омадааст.

ҳоло барои такмил додани қонунгузорӣ доир ба сарфаҷўии нерў андешидани  чораҳои дахлдор идома дорад ва зарур аст, ки минбаъд низ ҳар як шаҳрванди мамлакат дар истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ саҳмгузор бошад.

ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки барои таъмини фаъолияти мунтазам ва самарабахши иншооти энергетикӣ ва истифодаи ҳарчи пурра аз захираву имкониятҳои то ба ҳол истифоданашуда чораҳои зерин амалӣ карда шаванд:

- аз тарафи ҳукумати мамлакат андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади боз ҳам тақвият бахшидан ба рушди соҳа ва амалӣ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок барои солҳои 2010-2015, иҷрои саривақтии нишондодҳои дар барномаҳои соҳа муайянгардида;

- аз ҷониби Вазорати энергетика ва саноат муайян намудани тартиби гузаронидани арзёбии энергетикӣ ва тартиби гирифтани шаҳодатномаҳои энергетикии иншоот, инчунин сертификатсияи маҳсулоти саноатии ба кишвар воридшаванда бо дарназардошти масрафи нерўи барқ.

Умуман, таъкид менамоям, ки дар шароити баъдибўҳронии иқтисодиёти ҷаҳон масъалаи нигоҳ доштани рушди устувор ва қобили рақобат будани иқтисодиёт аҳамияти хоса пайдо менамояд.

Барои ин моро зарур аст, ки тадбирҳои зеринро амалӣ намоем:

Якум, азнавсозии сохтории истеҳсолот бо мақсади самтдиҳии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба рушди афзалиятнок ва босуръати корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва диверсификатсияи содирот.

Дуюм, тадриҷан даст кашидан аз тамоюли ашёи хом доштани содирот ва рушди мақсадноки соҳаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти дараҷаи баланди коркард.

Сеюм, ташкили низоми умумидавлатии дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии содирот, инчунин ташкили шабакаи ҳозиразамони қарздиҳӣ барои содирот ва суғурта.

Бинобар ин, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо зарур аст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор истифодаи амалии муносибатҳои соддагардонидашуда ва муназзам байни иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва давлатро ҳангоми барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ таъмин намояд.

Чунон ки зикр гардид, аз сабаби бо иқтидори пурра кор накардани корхонаҳои саноатӣ талаботи бозори истеъмолии мамлакат имрўз асосан аз ҳисоби молу маҳсулоти воридотӣ таъмин мегардад.

Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар масъалаи таъмин кардани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоте, ки дар кишвар барои тавлидоти онҳо шароити истеҳсолӣ ва базаи ашёи хом мавҷуд аст, чораҳои қатъӣ андешида шаванд.

Дар робита ба ин, вазорату идораҳои дахлдор вазифадор карда мешаванд, ки иҷрои саривақтӣ ва пурраи Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои давраи то соли 2015 таъмин намоянд.

Дар сиёсати пешгирифтаи ҳукумат дар бобати таъмини рушди устувори иқтисодӣ масъалаҳои афзун намудани иқтидори содиротӣ бо роҳи коркарди ниҳоии ашёи хоми дар мамлакат истеҳсолшаванда ва истеҳсоли маҳсулоти ба рақобат тобовар, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои иҷтимоии давлат барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон мавқеи муайянкунанда доранд.

Бинобар ин, татбиқи саривақтии барномаҳои давлатии рушди соҳаи саноати сабук барои солҳои 2006 -2015, коркарди пурраи нахи пахтаи дар мамлакат истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015 ва рушди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ барои солҳои 2007-2015 аҳамияти афзалиятнок дорад.   

Ҳозирини мўҳтарам!

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти кишвар ба ҳисоб рафта, манбаи асосии таъмини аҳолӣ бо озуқа, корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом ва шуғли аҳолӣ мебошад. Рушди ин соҳа, пеш аз ҳама, ба беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат мекунад.

Солҳои охир дар соҳаи кишоварзии мамлакат як ?атор ислоҳоти муҳим ва ҷиддӣ амалӣ карда шуданд, ки ма?сади асосии онҳо афзоиши маҳсулоти ба содирот нигаронидашудаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озу?авории мамлакат мебошад.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида ва заҳмати мардуми шарифи Тоҷикистон солҳои охир афзоиши маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ таъмин гардида, соли 2010 нисбат ба соли 1997-ум 2,8 баробар зиёд маҳсулот истеҳсол шудааст.Истеҳсоли маҳсулоти ғалладона 2,3 баробар, картошка 6, сабзавот 3,3 баробар ва мева 2 баробар афзудааст.

Бо мақсади таъмин кардани рушди соҳаи кишоварзӣ то имрўз якчанд барномаҳои соҳавӣ қабул ва татбиқ шуда истодаанд ва ҷиҳати ҳалли масъалаҳои маблағгузории бевоситаи соҳаи пахтакорӣ, инчунин рушди бахши коркарди меваю сабзавот, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он чораҳои иловагӣ амалӣ гардида истодаанд.

Маблағгузории соҳаи кишоварзӣ дар панҷ соли охир бо дарназардошти лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва маблағгузории бонкӣ - 5,2 миллиард сомониро ташкил дода, фақат дар соли ҷорӣ ба соҳа 1,3 миллиард сомонӣ равона мегардад. ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди инфраструктураи он, обёрӣ ва азхудкунии заминҳои нав, дастгирии молиявии хоҷагиҳои деҳқонӣ ва рушди устувори иқтисодии соҳаи пахтакорӣ ҳоло 14 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ мавриди татбиқ қарор дорад.

Илова бар ин,  аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар 3 соли охир барои дастгирии хоҷагиҳои кишоварзӣ ба маблағи 430 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо  карда шудаанд.

Барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии миллӣ – таъмини амнияти озуқаворӣ зарур аст, ки татбиқи барномаи ислоҳоти соҳаи кишоварзиро ҷоннок намуда, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда шавад. ҳамзамон бо ин, дар давоми сол истифодабарии замин барои гирифтани ду ҳосил, махсусан дар заминҳои обӣ ба роҳ монда шуда, ба ҳукумати Тоҷикистон  супориш дода мешавад, ки барномаи давлатии дарозмуддати азхудкунӣ ва обёрикунии заминҳои нав ва бекорхобидаро бо ҷалби сармоягузориҳо таҳия ва қабул намояд.

Инчунин, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои барномаҳои соҳавӣ, аз ҷумла барномаҳои рушди соҳаи пахтакорӣ, боғу токпарварӣ, чорводорӣ, парандапарварӣ ва бахшҳои дигар чораҳои иловагӣ андешида шаванд.

Раҳо додани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани он ба минтақаи транзитӣ бо тамоми инфраструктураи нақлиётии мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати иқтисодии давлат дар  ояндаи наздик ба шумор меравад.

Дар давоми солҳои гузашта сохтмони роҳу пулҳои дорои аҳамияти натанҳо ҷумҳуриявӣ, балки байналмилалӣ, инчунин нақбҳои мошингард босуръат идома дода шуд.

Бо ин мақсадмаблағгузории соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия дар панҷ соли охир бо дарназардошти лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ - 3,9 миллиард сомониро ташкил дода, дар соли ҷорӣ ба ин мақсад 1,4 миллиард сомонӣ равона мегардад.

ҷиҳати таҷдиди роҳҳои мошингарди кишвар, беҳтар гардонидани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ ва умуман рушди соҳаи нақлиёт ҳоло 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки татбиқи онҳо  ба беҳтар гардидани дастрасӣ ба бозор, зиёд кардани ҳаҷми тиҷорат дар минтақа, паст намудани арзиши хизматрасонии нақлиётӣ ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона карда шудааст.

Дар соли 2011 татбиқи 3 лоиҳаи нав - сохтмони роҳҳои мошингарди Кўлоб – Қалъаи Хумб, Шоғун-Зиғар (марҳалаи 3) ва таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода  ба маблағи умумии зиёда аз 4,5 миллиард  сомонӣ оғоз мегардад. ҳоло дар мамлакат сохтмони ду нақби нақлиётии Чормағзак ва Шаҳристон бо дарозии умумии қариб 10 километр босуръат идома дорад.

Дар марҳалаи кунунӣ Вазорати нақлиётро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини рушди минбаъдаи соҳа тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳоисохтмони роҳҳои оҳанинав,беҳтар намудани фаъолияти нақлиёти роҳи оҳан, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ дар соҳа, мустаҳкам намудани робитаҳои нақлиётии мамлакат ва суръатбахшии сохтмони роҳи оҳаниДушанбе-Қўрғонтеппа,инчунин ҳалли саривақтии дигар масъалаҳои мавҷуда чораҳои судманд андешад.

ҳамзамон бо ин, Хадамоти давлатии алоқавазифадор аст, ки оид ба беҳтарнамудани кориалоқаителефонӣдар ноҳияҳои дурдасти кўҳистонимамлакат ва бо шабакаи интернет пайваст намудани онҳо чораҷўӣ намояд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон корҳои азими бунёдкориву созандагӣ васеъ ба роҳ монда шуда, садҳо иншооти хурду бузурги таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шуданд.

Хурсандиовар аст, ки фарҳанги шаҳрдориву шаҳрсозӣ ҳамчун мероси арзишманди ниёгони мо аз нав барқарор шуда истодааст.

ҳукумат аз ҷониби худ ҷиҳати вусъатбахшии сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, иншооти маъмуриву маишӣ, маорифу фарҳанг ва тандурустӣ пайваста чораҷўӣ менамояд.

Дар давоми солҳои истиқлолият барои 141 ҳазор оила беш аз 8,4 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд. ҳамзамон, ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ қариб 120 ҳазор гектар замин барои 900 ҳазор оила ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, дар ду соли охир барои ин мақсад 21 ҳазор гектар барои зиёда аз 150 ҳазор оила, ки аксарияти онҳо оилаҳои ҷавон мебошанд, замин ҷудо карда шудааст ва ҳоло тақсимоти он идома дорад.

Дар робита ба ин, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ширкатҳои лоиҳакашиву сохтмонӣ ва шаҳрвандонро зарур аст, ки риояи қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ, истифодаи васеи суннату унсурҳои меъмории миллӣ, инчунин сифати масолеҳи сохтмонӣ ва иншооти сохташавандаро қатъиян таъмин намоянд.                      

Дўстони азиз!

Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоӣ эълон гардида, ўҳдадор шудааст, ки барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Аз ин рў, ҳалли тадриҷии масъалаҳои иҷтимоии кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилии давлати Тоҷикистон мебошад.

Вақте ки сухан дар бораи таъмини ҳифзи иҷтимоии мардум, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, тавсеа ёфтани шабакаи технологияҳои иттилоотӣ, таблиғи тарзи ҳаёти солим, таҳсили ҷавонон ва ба воя расонидани мутахассисони ба талаботи замон ҷавобгў меравад, барои онҳо, пеш аз ҳама, муҳайё кардани шароити мусоид хеле муҳим аст.

Бинобар ин, рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо эълон шудааст.

Тақозои замон ин аст, ки сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ бояд пайваста боло равад, ба талаботи таҳсилот дар кишварҳои пешрафта ва бозори меҳнати ватаниву ҷаҳонӣ ҷавобгў бошад.

Ин вазифа низ аз ҷумлаи ҳадафҳои стратегии давлати мо дар соҳаи маориф буда, барои муваффақ шудан ба он бояд дастаҷамъона талош варзем.
Давлат барои ворид намудани технологияи компютерӣ ба муассисаҳои таълимӣ таваҷҷўҳи зиёд дорад, зеро асри XXI асри технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ мебошад. Ворид     шудани технологияи нав, бахусус компютерикунонии муассисаҳои таълимӣ имкон медиҳад, ки сатҳу сифати таълим беҳтар гашта, усулҳои муосири донишандўзӣ ҷорӣ карда шаванд.

Вобаста ба ин, ба ҳукумат супориш дода мешавад, ки то охири   соли ҷорӣ Барномаи давлатии компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар пурра ба анҷом расонида шавад.

Зарур аст, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба омўзиши забони давлатӣ таваҷҷўҳи аввалиндараҷа дода, дар баробари ин донистани ҳатмии ду забон, бахусус забонҳои русӣ ва англисиро ҷорӣ намоем.

Бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муносибат ба забони давлатӣ ба куллӣ тағйир ёфт ва имрўз татбиқи қонун муваффақона идома дорад.

Ба Вазорати маориф, Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи илмҳо, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки ба омўзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷўҳ зоҳир намуда, тамоми зинаҳои таҳсилотро бо маводи таълимӣ таъмин созанд.

Гарчанде Соли маориф ва фарҳанги техникиро соли 2010 бомуваффақият ҷамъбаст намуда бошем ҳам,   ин масъаларо набояд аз мадди назар дур созем.  Баръакс, бояд ҳамасола ба рушди соҳаи маориф ва тафаккури техникии кўдакону наврасон, омўзиши илмҳои табииву риёзӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тадбирҳои амалӣ андешем ва тавассути чорабиниҳои мухталиф ин иқдомҳоро амалӣ гардонем.
Рушди тафаккури техникии кўдакону наврасон бояд вазифаи муҳими роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳои дахлдор бошад.

Таҳсилоти ибтидоии касбӣ низ яке аз зинаҳои муҳими соҳаи маорифи кишвар буда, иқтисоди миллиро бо мутахассисони соҳибкасб таъмин менамояд ва дар рушди ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат саҳми босазо мегузорад.

Бинобар ин, ба Вазорати маориф супориш дода мешавад, ки “Барномаи ислоҳот ва рушди муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро барои солҳои 2012-2020” таҳия карда, ба ҳукумат пешниҳод намояд.

Мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки ба бозомўзии наврасон, ҷавонон ва калонсолон таваҷҷўҳ зоҳир намуда, дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва марказҳои таълимии калонсолон тибқи талаботи бозори меҳнат ва иқтисодиёти миллӣ курсҳои кўтоҳмуддати омўзиши касбҳои коргариро таъсис диҳанд.

Солҳои охир вазъи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ беҳтар гардида, заминаи моддиву техникии онҳо таҳким ёфта истодааст. Чунин пешравӣ боис гардид, ки дар баробари шаҳрвандони дохилӣ таваҷҷўҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба муассисаҳои таълимии кишвар зиёдтар гардад.

Имрўз дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварамон аз 28 мамлакати ҷаҳон қариб 3500 нафар донишҷўёни хориҷӣ таҳсил менамоянд.

Дар баробари ин, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ вазифадоранд, ки пояи моддиву техникии муассисаҳои худро таҳким бахшида, ҷиҳати ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмиву таҳқиқотӣ чораҳои зарурӣ андешанд.
Маблағгузории давлатии соҳа, махсусан барои сохтмон ва таъмиру азнавсозии иншооти таълимӣ сол ба сол меафзояд.

ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли наврас ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълимӣ соли 2008-ум Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳоро барои солҳои 2008-2015 қабул намуд, ки маблағи умумии он зиёда аз 600 миллион сомониро ташкил дода, дар доираи амалисозии барномаи мазкур давра ба давра зиёда аз 1000 мактаб  таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.

ҳамзамон бо ин, ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ, яъне аз соли 2012 ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва солҳои минбаъда ба низоми нави таҳсилоти умумӣ гузаштан, инчунин афзоиши аҳолии кишвар сохтмони мактабҳо ва синфхонаҳои иловагиро талаб менамояд.

Танҳо соли гузашта аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар қаламрави кишвар зиёда аз 200 мактаб барои 40000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.

Дар замони истиқлолият дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқароркунии таълимгоҳҳои мавҷуда дигаргуниҳои зиёде ба амал омада, бевосита тавассути дастгирии давлат дар миқёси кишвар 1200 бинои мактаби ҳозиразамон барои 311 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.

Аз соли 1998 то имрўз 14 лоиҳаи сармоягузорӣ бо арзиши умумии 720 миллион сомонӣ амалӣ мешавад.

Тавре ки шумо медонед, барои тақвият бахшидани робитаи оила бо мактаб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” таҳия ва ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод гардида буд.

Дар баробари қабули қонуни мазкур барои мо зарур аст, ки як барномаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки тарбияи насли наврасро барои ҷомеа таҳия карда, ба василаи он роҳҳои иҷрои қонуни мазкур ва фалсафаи таълиму тарбияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мушаххас намоем.
Аз ин рў, ба Вазорати маориф ва Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки барномаи мазкурро таҳия карда, ба ҳукумат пешниҳод намоянд.
Ин барнома бояд тамоми паҳлўҳои зиндагии кўдакро дарбар гирифта, дар оянда ҳар хонавода, кўдакистонҳо, мактабҳо ва ғайра дар асоси он фаъолият намоянд. Чун ҷавонони имрўза падару модарони оянда ҳастанд, бояд аз тариқи китобҳои дарсӣ, тавсия ва дастурҳои методӣ усулҳои муосири тарбияи фарзандро ёд гиранд. Дар ин росто, зарурат ба чопи китобҳои дарсӣ оид ба ахлоқ бо дарназардошти хусусиятҳои миллӣ барои мактабҳои миёна ва олии кишвар ба миён меояд.
Академияи илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мувофиқа бо кормандони  соҳаи маориф ин корро бояд анҷом диҳанд.
Мо лоиҳаи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро ҳамчун яке аз муҳимтарин санадҳои батанзимдарорандаи одобу ахлоқ дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон арзёбӣ менамоем. Зеро равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеаи муосири башарӣ собит месозанд, ки имрўз сатҳи пешрафту инкишофи ҳаёти маънавии инсониятро на шумораи зиёди аҳолӣ ва сарватҳои моддӣ, балки ахлоқи ҳамида, тарбияи нек, рушду нумўи илму маориф ва техникаву технологияҳои муосир муайян мекунад.
Амалӣ шудани қонуни мазкур натанҳо падару модар, балки роҳбарони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, омўзгорон, ҷомеа ва давлатро вазифадор менамояд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд диққати махсус диҳанд. Он ҳамчунин дар тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзиш?ои милл? ва умумибашар? ва дар рў?ияи ватандўстӣ, хештаншинос? ва ?авонмардиву ахло?и ?амида ба воя расонидани хонандагону донишҷўён нақши муҳим мебозад.
Солҳои охир аз тарафи ҳукумат ва аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, ҳоло низ сифати таълиму тарбия ба талаботи замон ҷавобгў нест. Бинобар ин, омўзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бояд ба сифати таълиму тарбия диққати бештар дода, аз усулҳои фаъоли таълим истифода намоянд ва талаботи хонандагону донишҷўёнро барои гирифтани таҳсилот қонеъ гардонанд.
Ҳукумати Тоҷикистон аз рўзҳои аввали истиқлолият ба инкишофи илм диққати аввалиндараҷа медиҳад. Моҳияти муҳими масъаларо ба инобат гирифта, роҳбарияти кишвар ислоҳоти Академияи илмҳоро амалӣ намуда истодааст.
Рушди босуръати илм ва технологияи муосир зарурати қабули қонунҳо ва асноди нави меъёрии ҳуқуқиро   тақозо менамояд. Аз ин ҷост, ки ҳукумат як қатор ҳуҷҷатҳои муҳимро дар робита ба илм омода ва тасдиқ намуд, ки барои пешрафти фаъолияти муассисаҳои илмии кишвар мусоидат карданд.
Барои он, ки Академияи илмҳо дар ҳалли масъалаҳои умдаи илмиву иқтисодӣ ва техникӣ саҳми босазо дошта бошад, бояд вазифаҳои зеринро дар навбати аввал иҷро намояд:
1. Андешидани чораҳо ҷиҳати ҷалби бештари мутахассисони ҷавону болаёқат ба муассисаҳои илмӣ ва аспирантураи Академияи илмҳо ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси илмӣ.
2. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қарори ҳукумат «Дар бораи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020».
3. Андешидани чораҳо барои дар истеҳсолот ҷорӣ намудани технологияҳое, ки дар «Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2010-2015» ва «Барномаи татбиқи дастовардҳои илмию техникӣ дар истеҳсолоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015» ба нақша гирифта шудаанд.
Фарҳанг чун падидаи бузург ва арзишманду муассири рўзгори иҷтимоӣ дар таърих ва рушди маънавии ҷомеаи муосири Тоҷикистон пайваста нақши назаррас мебозад.
Дар даврони истиқлолият паҳлўҳои гуногуни фарҳанги миллӣ таҷдиду такони тоза ёфтанд. Ба шарофати ғамхориҳои доимии ҳукумат садҳо  муассисаҳои фарҳангӣ – театрҳо, толорҳои консертӣ, осорхонаву китобхонаҳо, ёдгориҳои нодири таърихӣ таъмиру азнавсозӣ гардиданд ва даҳҳо биноҳои замонавии фарҳангӣ қомат афрохтанд.
Дар ин замон Консерваторияи миллӣ таъсис ёфт, ки дар рушди санъати мусиқӣ ва омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳа саҳми арзанда дорад.
Дар пойтахти кишварамон бунёд гардидани Китобхона ва Осорхонаи миллӣ ҳамчун марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳими даврони истиқлолият мебошанд, ки дар хизмати наслҳои имрўзаву оянда қарор хоҳанд гирифт.
Дар ин радиф шоистаи зикр аст, ки силсилаи қонуну барномаҳои давлатӣ, асноди меъёрии ҳуқуқии вобаста ба инкишофи минбаъдаи соҳаҳои фарҳанг - театр, китобхонаву осорхона, воситаҳои ахбори омма ва  ҳифзу истифодаи ёдгориҳои таърихӣ барои таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои фарҳанг, бунёди инфраструктураи муосири фарҳангӣ, татбиқи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати истифода аз дастовардҳои соҳаи фарҳанги миллӣ ва умумибашарӣ мусоидат намуданд.
Бо вуҷуди ин, то ҳанўз як силсила масъалаҳое ҷой доранд, ки  ҳаллу фасли онҳо зарур аст.
Имрўз дар мамлакат беш аз 40 осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ, ки дорои теъдоди зиёди бозёфтҳои нодир мебошанд, фаъолият менамоянд.
Вале аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои ободонӣ, таъмиру тармим, таҳкими базаи моддиву техникии онҳо ба қадри кофӣ маблағҳо ҷудо карда намешаванд, ки дар натиҷа шумораи зиёди нигораҳои дорои арзиши баланди илмӣ ва таърихиву фарҳангӣ осеб мебинанд.
Ба Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки Барномаи мушаххаси таъмиру тармими ёдгориҳои таърихиро таҳия карда,  ба ҳукумат пешниҳод намоянд.
Васоити ахбори умум дар ҷомеа нерўи муассири иттилоотӣ ва таблиғгари афкори нав мебошанд. Нақши онҳо дар раванди демократикунонӣ ва рушди ҷомеа ниҳоят калон аст.
Бояд қайд кард, ки теъдоди воситаҳои ахбори умум дар солҳои истиқлолият ба таври назаррас афзудааст.
Барои қиёс, дар соли 1991 ҳамагӣ 139 адад рўзномаву маҷалла вуҷуд дошт, ки фақат чортои он хусусӣ буд. ҳамагӣ як агентии иттилотии давлатӣ фаъолият мекард.
Имрўз 404 рўзномаву маҷалла ба табъ мерасад, ки аз ин теъдод 250-тоаш хусусӣ мебошад.
Аз ҳашт агентии иттилоотӣ, ки ба қайд гирифта шудааст, ҳафт агентӣ ғайриҳукуматӣ аст.
Инро ҳамчун падидаи мусбат дар ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ намудан мумкин аст. Дар комилсозии фазои иттилоотии кишвар дар баробари шабакаҳои радиои давлатӣ, инчунин радиоҳои ғайриҳукуматӣ низ саҳм мегиранд. ҳоло дар мамлакат 44  шабакаи радиотелевизионӣ амал мекунад, ки аз ин миқдор 28 радиову телевизион хусусӣ мебошад.
Раванди ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ  ба давраи соҳибистиқлолии  Ватанамон рост меояд. ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ, ки ниҳодҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ маҳсуб меёбанд, асосан дар  даврони истиқлолият  арзи вуҷуд намуданд.

Ин ниҳодҳо дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, демократикунонии ҷомеа ва тавсеаи фарҳанги таҳаммулпазирӣ дар кишвар мақоми хосаро соҳиб гардидаанд.

Агар соли 1992 шумораи онҳо 141 ададро ташкил карда бошад, имрўз ин шумора ба 2364 адад расидааст.  ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият дорад, ки панҷтои он дар парламенти кишвар намояндаи худро дорад. ҳукумати Тоҷикистон минбаъд низ барои ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат хоҳад кард.

ҷиҳати баланд бардоштани маънавиёти ҷомеа бо дастгирии ҳукумат зиёда аз 600 номгўй асарҳои классикон ва адибони муосир чоп гардида, таъминоти китобхонаҳои давлатӣ бо адабиёти тозанашр то андозае беҳтар гардид ва шумораи мағозаҳои давлатии фурўши китоб ба беш аз 100 адад расонида шуд.

Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар соли 2010 тибқи қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон - Наврўзи Аҷам мақоми байналмилалиро соҳиб гашт.

Рўйдоди дигари таърихиву фарҳангӣ ин аст, ки бо қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихиву археологии нодир ва панҷҳазорсолаи Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии аз тарафи ин созмон ҳифзшаванда ворид гардид.

Барои ба ин рўйхат тавассути барномаи трансмиллии «Шоҳроҳи бузурги абрешим» ворид намудани 8 ёдгории таърихиву фарҳангӣ аз қабили «Шаҳраки қадимаи Панҷакент», «Шаҳри Бунҷекат», «Қалъаи Ҳисор», «Маъбади буддоии Аҷинатеппа», «Мадрасаи Хоҷа Машҳад», шаҳри «Тахти Сангин», «Шаҳри Ҳулбук», «Қалъаи Ямчун» корҳои тадқиқотӣ идома доранд.

Фарҳанг ва ҳунари воло дар ҳама давру замон ҳамчун василаи муҳими муаррифии халқу кишвар ба ҷаҳониён шинохта шудааст. Боиси қаноатмандист, ки имрўз ҳамватанони мо дар беҳтарин саҳнаҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ менамоянд. Тавассути дастгирии ҳукумати кишвар дар даврони истиқлолият санъаткорони мо ба зиёда аз 50 кишвари ҷаҳон сафари ҳунарӣ анҷом доданд. Танҳо дар соли 2010 ҳунармандони тоҷик дар ҷашнвораву озмунҳо ва фестивалҳои 20 мамлакати ҷаҳон ширкат варзида, фарҳангу ҳунари волои миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ карданд.

Яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат соҳаи тандурустӣ мебошад. Дар ин соҳа бо дастгирии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шудаанд.

Аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тибби оилавӣ” қабул гардида, бо қарорҳои ҳукумат Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 ва Нақшаи стратегии таҷдиди муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2011-2020 тасдиқ карда шудаанд.

ҳукумат бо мақсади беҳтар намудани вазъи саломатии аҳолӣ ҳамасола маблағғузории соҳаро афзоиш медиҳад, ки он дар даҳ соли охир  20 маротиба афзудааст.

Дар баробари ин, дар соҳаи тандурустии кишвар зиёда аз 31 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ амалӣ мегардад.
Масъалаи омода кардани мутахассисон ва бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ яке аз масъалаҳои мубрами рўз мебошад.
Шумораи табибон имрўз дар кишвар 14 500 нафарро ташкил медиҳад. Аммо дар маҳалҳо тибқи талаботи меъёрҳои муқарраршуда қариб 10 ҳазор табиб намерасад.

Аз ин рў, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки амалигардонии “Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020”- ро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, иҷрои онро дар мўҳлати муайянгардида таъмин намояд.

Таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ яке аз проблемаҳои муҳими соҳаи тандурустӣ мебошад, ки масъалаҳои беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тиббӣ бо оби нўшокии босифат, таъмири шабакаҳои обу корези шаҳру ноҳияҳо, назорати сифати маводи ғизоӣ, молҳои мавриди истифодаи ҳамагонӣ ва масолеҳи сохтмонии воридшавандаро фаро мегирад.

Аз ин рў, зарур аст, ки Вазорати тандурустӣ, Агентии “Тоҷикстандарт”, Хадамоти гумрук ва дигар сохторҳои дахлдор масъалаҳои зикргардидаро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Солҳои охир дар муассисаҳои тандурустии кишвар бо истифода аз технологияи муосир намудҳои нави ташхису табобат мавриди истифода қарор дода шуданд ва ин имкон фароҳам овард, ки шумораи эҳтиёҷмандон барои табобат дар  хориҷи кишвар то 70 фоиз коҳиш ёбад.

Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда, вазъи соҳа, сифат ва дастрасии хизматрасонии тиббӣ ҳанўз ҳам беҳбудиро талаб менамояд.

Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳа, беҳтар намудани вазъи хизматрасонии тиббӣ, танзими хизматрасонии тиббию санитарӣ аз тарафи муассисаҳои тандурустии кишвар, беҳтару дастрас будани он ба мардум, хусусан ба гурўҳҳои камбизоати аҳолӣ Вазорати тандурустиро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо чораҳои саривақтӣ ва судманд андешида, татбиқи онҳоро таъмин намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Яке аз рукнҳои асосии пойдорӣ ва суботи ҷомеаи давлати соҳибистиқлол ин таъмини сатҳ ва сифати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Бо ин мақсад санадҳои муҳимтарини меъёрии ҳуқуқӣ доир ба  танзими муносибатҳои меҳнатӣ, беҳтар намудани вазъи моддии аҳолӣ, зиёд намудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, маоши вазифавии кормандони ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендияҳо қабул гардида,  мавриди амал қарор гирифтаанд.

Дар ин самт дар се соли оянда музди меҳнати кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ –маориф, тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва илм ду баробар, аз ҷумла аз 1 сентябри соли ҷорӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд карда мешавад.

ҳамзамон дар доираи ислоҳоти музди меҳнат ва гузаштан ба ҷадвали ягонаи тарифӣ андозаи маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ, инчунин нафақа низ зиёд мегардад.

Бо ин мақсад Вазорати молия вазифадор карда мешавад, ки дар доираи буҷети тасдиқгардидаи имсола маблағгузории онро таъмин намуда, ҳангоми таҳияи буҷети солҳои оянда барои амалӣ намудани ин супориш маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

Қобили зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди пешбурди сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба ташаккул додани се ҷанбаи асосии муносибатҳои меҳнатӣ, яъне мусоидат ба таъмини аҳолии қобили меҳнат бо шуғли муносиб, танзими воқеии муносибатҳои байни корфармою корманд ва баланд бардоштани музди меҳнат эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Бо мақсади  бо ҷои кори муносиб таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат тавассути барномаҳои давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, имрўз вазъият дар бозори меҳнат рў ба беҳбудӣ ниҳодааст. Дар давоми 10 соли охир қариб 1 миллион ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Бо мақсади мусоидати ҳарчи бештар ба аҳолӣ барои омўзиши касбу ихтисосҳои дар бозори меҳнат талаботдошта ҳукумат дар муддати кўтоҳ шабакаи марказҳои таълими калонсолонро ташкил намуд, ки имрўз ин муассисаҳо аз рўи 48 касбу ихтисоси ҷавобгўи стандартҳои байналмилалӣ мутахассисонро тайёр мекунанд. Тавассути чунин марказҳо дар 10 соли охир 70 ҳазор шаҳрвандони бекор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ соҳиби касбу кор гардиданд.

Барои тақвияти бештари шуғли аҳолӣ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба фаро гирифтани хатмкунандагони ин муассисаҳои таълимӣ, бахусус табақаи осебпазири ҷомеа - ятимон, фарзандони оилаҳои камбизоат, маъюбон ва дигарон бо шуғли доимӣ мунтазам чораҷўӣ намоянд.

Бояд таъкид сохт, ки дар доираи барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолӣ ба зиёда аз 20 ҳазор  шаҳрвандони бекор барои ташкили  фаъолияти инфиродии меҳнатӣ  дар ҳаҷми 27 миллион сомонӣ қарзҳои хурди имтиёзнок дода шудаанд, ки ин яке аз тадбирҳои муҳими сиёсати давлат дар самти паст намудани шиддати бекорӣ мебошад.

Дар баробари татбиқи ин чорабиниҳо  давлат кўшиш ба харҷ медиҳад, ки ба шаҳрвандони муваққатан бекормонда кафолати иҷтимоиро таъмин созад. Ин аст, ки дар ин муддат ба 242 ҳазор нафар аз буҷети давлат ба мўҳлати то 6 моҳ кўмакпулӣ барои бекорӣ пардохта шудааст.

Гурўҳи аз ҳама осебпазир ва ниёзманди кўмаку дастгирӣ кўдакони ятим ва бесаробон мебошанд. Айни замон дар кишвар 84 мактаб-интернат фаъолият менамояд, ки нисбат ба замони то истиқлолият 43 адад зиёд гардида, шумораи хонандагонашон ба 8300 нафар мерасад. Аз ин теъдод 2000 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Ҳамасола маблағгузории ин муассисаҳо зиёд гардида, дар онҳо шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

Вобаста ба ин, пешниҳод мегардад, ки тарзи фарзандхонӣ содда карда шуда, ба шахсоне, ки мехоҳанд чунин кўдаконро ба фарзандӣ қабул намоянд, имконияти мусоид фароҳам оварда шавад.

Итминон дорам, ки дар кишвари мо шаҳрвандони баномус хеле зиёданд ва мехоҳанд ин  амали хайрро анҷом дода, кўдакони ятиму бепарасторро мисли фарзандонашон ба камол расонанд.

Ба Вазорати маориф, дигар вазорату идораҳо ва ташкилоту корхонаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ супориш дода мешавад, ки ҷиҳати дастгирӣ, сарпарастӣ ва таълиму тарбияи ятимону бепарасторон ҳамаи шароити заруриро муҳайё карда, барои идомаи таҳсили онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии кишвар ва хориҷа мусоидат намуда, баъди хатми ин зинаҳои таҳсилот онҳоро бо ҷойи кор таъмин намоянд.

Аз солҳои аввали истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷўҳи ҳукумат қарор дорад.

Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», ҳамчунин қарори ҳукумат аз соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020» барои баланд бардоштани мақому манзалати зан дар  бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Иштироки занони кишвар дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт назаррас буда, 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ ё 6 ҳазор нафар аз ҳисоби занон мебошанд.

Дар муассисаҳои таълимии кишвар қариб 110 ҳазор нафар омўзгорон кор мекунанд, ки аз онҳо 70 фоизашонро занон ташкил намуда, барои пешрафти ҷомеа нақши муҳим мегузоранд.

Тайи солҳои 1997-2010 тибқи квотаи Президентӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда аз даҳ ҳазор ҷавонон ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод 7500 нафарашон духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кўҳистон мебошанд.

Бо вуҷуди амалӣ гардидани як қатор тадбирҳои судманд дар ҳаёти занон то ба ҳол мушкилоту масоили зиёд ҷой доранд. Нарасидани ҷойҳои корӣ, аз ҷумла камшумор будани корхонаҳое, ки бештар ба фаъолияти занон ниёз доранд, дар ҳамаи минтақаҳои кишвар эҳсос мешавад.

Набудани инфаструктураи зарурӣ ба занон имконият намедиҳад, ки онҳо соҳиби ихтисос ва касбу кор шаванд. ҳамаи инро ҳукумат ба эътибор гирифта, барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ тадбирҳои муассир андешида истодааст.

Барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон аз соли 2006 то имрўз 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ аз тариқи грантҳои Президентӣ ҷудо гардидааст. ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳаҷми маблағҳои грантиро зиёд намуда, ба ин васила шумораи занону духтарони соҳибкорро афзун намояд.

Нақш ва иштироки ҷавонон дар сиёсат, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳанг назаррас мебошад. Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сиёсати давлатии ҷавонон ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти ҳукумат муқаррар гардида, ҳоло он тавассути қабули барномаҳои миёнамўҳлати соҳавӣ татбиқ шуда истодааст.

Ҷавонон бояд хуб дарк намоянд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дўши онҳо гузошта шудааст. ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандўстӣ кўшишу талош намояд.

Варзиш дар ҳаёти инсон,  махсусан барои насли ҷавон ҳамчун мактаби муҳими ҷаҳонфаҳмӣ ва тарғиби арзишҳои олии инсонӣ, аз қабили дўстиву бародарӣ, сулҳу озодӣ, эҳтиром ба миллатҳои гуногун ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳо хизмат мекунад.

Чанде пеш вобаста ба дурнамо ва инкищофи  соҳа дар мулоқоти худ бо варзишгарони кишвар ибрози ақида намуда будам.

Аз ин рў, зарур мешуморам, ки Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи миллии олимпӣ, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва федератсияҳои варзишӣ ҷиҳати иҷрои саривақтии Нақшаи чорабиниҳои мулоқоти мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд. Итминони комил дорам, ки бо қабул ва иҷро гардидани Барномаи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2011-2015 ба рушди соҳа такони ҷиддӣ дода мешавад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар шароити равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ халқу миллатҳои соҳибистиқлол бояд симои маънавии миллӣ, аз ҷумла арзишҳои фарҳангиву ахлоқии худро ҳифз карда тавонанд.

Бинобар ин, миллати тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони мо низ бояд аз решаҳои тамаддуни қадима, забону фарҳанги миллӣ ва оинҳои давлатдории халқи худ огоҳ бошанд ва вобаста ба дигаргуниву таҳаввулоти оғози ҳазорсолаи сеюм барои устувор гардонидани пойдевори давлатдории навин ва фарҳангу андешаи миллии тоҷикон саъю талош намоянд. Ин тақозои ҳаёт ва вазифаи ҳар миллати огоҳу соҳибфарҳанг мебошад.

Барои эмин мондан аз таъсири манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ, ки хоҳу нохоҳ фосилаи замону вақт, сарҳадҳои маънавӣ ва асолати фарҳангии давлатдории миллиро тағйир медиҳад, тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф додан, арзишҳои миллии худро аз таҳдидҳои хатарбори тахрибкориву тундравӣ ҳифз кардан, ваҳдати миллиро таҳким бахшидан, амнияту суботи ҷомеаи кишварро мустаҳкам намудан, сатҳи огоҳии мардум, хусусан ҷавононро баланд бардоштан аз ҷумлаи корҳои доимӣ ва заҳматталаби сиёсати давлатдорӣ ва фарҳангии мо мебошад.

Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки ифтихори миллӣ набояд чашми моро аз пешрафту дастовардҳои ҷаҳони муосир, парвози ақли башарият ва тараққиёти рўзафзуни давлатҳои мутамаддини олам бубандад.

Баръакс, мо ҳар қадаре Ватан ва миллатамонро дўст дорем, бояд ба ҳамон андоза кўшиш намоем, ки арзишҳои илмиву фарҳангии умумибашарӣ, дастовардҳои техникиву технологии замонавӣ ва кашфиёту бозёфтҳои навтаринро омўзем ва онҳоро дар ҳаёт татбиқ намоем.

Дар айни замон, баробари пазируфтани арзишҳои волои умумибашарӣ мо бояд ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чеҳраву симои хоси худ ворид шуда, чун давлати мутамаддини миллӣ сўи низоми демокративу дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш равем.      

Ҳозирини арҷманд!
Дар тамоми кишварҳои мутараққӣ ва ҷомеаи мутамаддин инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў ҷавҳари асосии сиёсати давлатро ташкил медиҳад. Аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзиши олӣ эътироф гардидани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў гувоҳи ин ҳақиқат аст.

Вале амалӣ намудани ин ҳадафҳои олӣ бе қонунҳои муосири ҷавобгўи талаботи ҷомеаи демократӣ ва танзимкунандаи фаъолияти бонизоми мақомоти давлатӣ ғайриимкон аст.

Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳангоми қабули аввалин Конститутсияи худ ба ҳайси халқи соҳибихтиёр озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон намуда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин низоми мақомоти салоҳиятдорро дар ин самт муайян ва муқаррар намуданд.

Танзими ҳуқуқии тамоми муносибатҳое, ки дар раванди эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба вуҷуд меоянд, яъне таъмини заминаҳои қонунии фаъолияти соҳаҳои гуногуни давлат ва ҳаёти ҷомеа рисолати мақоми олии қонунгузори кишвар мебошад ва ин мақоми ҳокимияти давлатӣ қонунҳои ба меъёрҳои пазируфтаи умумибашарӣ мутобиқ ва ҷавобгўи талаботи ҷомеаи шаҳрвандиро баррасӣ ва қабул менамояд.

Қонунҳои қабулшуда, пеш аз ҳама, ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, рушди соҳаи маорифу фарҳанг ва беҳдошти вазъи иқтисодии кишвар, аз ҷумла фазои соҳибкорӣ равона карда шудаанд.

Яке аз унсурҳои муҳими ҷомеаи демократӣ мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва амалисозандаи адолати судӣ мебошанд.

Фаъолияти судяҳо бояд мисли оина покиза бошад ва онҳо бо масъулияти баланд дарк намоянд, ки давлат амалӣ намудани адолати судиро, ки бевосита ба ҳифзу ҳимояи муқаддастарин ва муқаддамтарин арзиш, яъне инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ў алоқаманд мебошад, ба мақомоти судӣ бовар намудааст ва саҳлангорию бемасъулиятӣ дар иҷрои ин рисолат амали норавост.

Ҷиҳати иҷрои талаботи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 24 апрели соли 2010 Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013 таҳия ва тасдиқ гардид.

Дар он вобаста ба такмили минбаъдаи сохтори судӣ, таҳкими мустақилият ва масъулияти судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо, рушди қонунгузории соҳа ва дигар самтҳои фаъолияти мақомоти судӣ тадбирҳои мушаххас пешбинӣ шудаанд.

Яке аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар барнома таъкид шудааст, таъмини дастрасии шаҳрвандон ба ёрии ҳуқуқии баландихтисос мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф зарур аст, ки низоми мавҷудаи адвокатура таҷдиди назар гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ва дар навбати аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» дар таҳрири нав таҳия ва қабул карда шавад.

Ба Суди конститусионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Шўрои адлия, Вазорати адлия ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ зарур аст, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти шаффофу ошкорои судҳо, аз ҷумла баланд бардоштани масъулияти судяҳо ҷиҳати қабули қарорҳои қонуниву асоснок, таъмини иҷрои санадҳои қабулкардаи судӣ, пешгирӣ намудани қонунвайронкунӣ дар фаъолияти судяҳо ва адвокатҳо, аз ҷумла роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ, ки боиси ташвишу нигаронии ҷомеа гардидаанд, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва омодагии касбии судяҳо, махсусан судяҳои ҷавон тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Таъмини риояи талаботи қонун «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон» ва баррасии арзу шикоятҳои онҳо аз тарафи мақомоту сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо беҳбудии ҷиддиро тақозо менамояд.

Таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, пурзўр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Чунки пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фароҳам овардани шароити мусоиди манзилию маишии онҳо то имрўз корҳои зиёдеро ба анҷом расонида, минбаъд низ давра ба давра бунёд намудани шаҳракҳои ҳарбӣ ва манзили зист, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, инчунин гузаронидани ислоҳоти сохториро ба нақша гирифтааст.

Шароити кунунии амнияти минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро водор месозад, ки ба фаъолияти худ тақвият бахшида, корро мутобиқ ба талаботи муосири амниятӣ ва мудофиавӣ ба роҳ монанд.

Роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадоранд, ки ба хотири баланд бардоштани савияи дониш ва маҳорати касбии кормандони худ ҳамарўза чораҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав расонидани фаъолияти худ истифодаи тарзу усулҳои муосири пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткориро ҷорӣ намоянд.

Илова бар ин, ба масъалаи омодабошии ҷангии ҷузъу томҳои қувваҳои Мусаллаҳ диққати махсус зоҳир намуда, пойгоҳҳо ва марказҳои таълимиро, ки дар онҳо мутахассисони низомӣ омода карда мешаванд, бо технологияҳои навини ҳарбӣ ва иттилоотӣ муҷаҳҳаз гардонанд.

Имрўз дар кишвари мо дар бобати мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки яке аз проблемаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад, тамоми заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкилӣ фароҳам оварда шудаанд.

Таҳлилҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди хеле ҷоннок шудани кори сохтору мақомоти дахлдор, вазъият дар самти     ошкор ва пешгирӣ намудани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳанўз ҳам қонеъкунанда нест.

Аз ин рў, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои марбутаи кишварро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, ҷиҳати ошкор сохтани гурўҳҳои муташаккили ҷиноятпеша, дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳкор тамоми имкониятҳоро сафарбар намоянд.

Бори дигар таъкид месозам, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, суд ва прокуратура бояд, пеш аз ҳама, ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, коррупсия, хариду фурўши одамон ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа равона карда шавад.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, прокуратура ва судҳо бояд бо ахлоқи ҳамида, рафтору кирдор ва ватандўстиву ватанпарастӣ намунаи ибрати дигарон бошанд.

Мутаассифона, ҳолатҳои номатлуби даст ба ҷиноят задани баъзе баъзе кормандони мақомоти зикршуда, аз ҷумла кирдорҳои коррупсионӣ ҳанўз ҳам ҷой доранд, ки ин омил эътибори мақомоти давлатиро коҳиш дода, ба шаъну шарафи кормандони он иснод меорад.

Дар робита ба ин, як нуктаро зикр бояд кард, ки доир ба пешгирӣ ва ошкор намудани амалҳои коррупсионӣ аз тарафи давлат тамоми тадбирҳои ҳуқуқиву ташкилӣ роҳандозӣ шудаанд. Ошкор намудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар соли 2010 2,5 баробар зиёд гардидааст.

Вобаста ба ин, хотирнишон бояд кард, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд саҳми Тоҷикистонро дар иҷрои ўҳдадориҳое, ки аз Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид доир ба мубориза бар зидди коррупсия бармеоянд, мусбат арзёбӣ намудааст. Бо дарназардошти муҳимияти масъала соли гузашта бо фармонҳои Президенти Тоҷикистон тадбирҳои иловагии тақвияти муқовимат бо коррупсия қабул гардида, Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия таъсис дода шуд, ки дар асоси санадҳои зикршуда масъулияти пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар соҳаҳои мухталиф ба зиммаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо ва мақомоти давлатӣ гузошта шудааст.

Ҳоло зарур аст, ки иҷрои санадҳои мазкур ва дигар чораҳои дар ин самт пешбинигардида сари вақт таъмин карда шавад, то ки натиҷаи онҳо дар ҷомеа эҳсос гардад. Илова бар ин, таъкид месозам, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.

Ба хотири ҳалли саривақтиву самараноки масъалаҳои зикргардида роҳбарияти тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии мамлакат, пурзўр намудани мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, пешгирӣ кардани амалҳои террористиву экстремистӣ, муборизаи беамон бо ҳама гуна ҷинояткорӣ, аз ҷумла амалҳои коррупсионӣ, пеш аз ҳама дар фаъолияти кормандони сохтору мақомоти худ, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тарбияи кадрҳои баландихтисоси аз лиҳози маънавию ҷисмонӣ обутобёфта, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва зиракии сиёсиву омодагии касбии ҳайати шахсӣ тадбирҳои мунтазам ва муассир андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Бист соли истиқлолияти давлатӣ, ки марҳалаи аз нигоҳи таърих хеле кўтоҳ, вале пур аз ҳаводису рўйдодҳои муҳиму тақдирсози халқи мо мебошад, дар баробари арзёбии ҷиддии гузашта ва имрўзаи мо, инчунин таҳлили мукаммал ва мураттаби татбиқи сиёсати хориҷии кишварро тақозо менамояд.

Ва имрўз мо метавонем бо итминон изҳор намоем, ки рисолат ва ҷавҳари ин сиёсат ҳимояи ҳамаҷонибаи манфиатҳои миллӣ, таъмини озодиву истиқлоли мамлакат, амнияту суботи ҷомеа ва кафолати пешрафту тараққии кишвар, ҳамчунин тақвият бахшидан ба ҷойгоҳи хоси Тоҷикистон дар низоми навини равобити  байналмилалӣ ба шумор мерафт.                                                                                 

Дар айни ҳол бояд гуфт, ки вазъи зудтағйири низоми муносибатҳои байналмилалӣ баъди заволи дунёи дуқутба ва ба вуҷуд наомадани ягон низоми наву мустаҳкам боиси ҷиддан халалдор гардидани устувориву суботи он шуданд, ки ҳодисаҳои пурғавғо ва рўйдодҳои пурмоҷарои вақтҳои охир дар Шарқи Миёна ва олами араб шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.

Дар ин вазъият низ Тоҷикистон чун ҳамеша тарафдори ҳамкории созанда бо ҳар як ҷониби хайрхоҳ буда, сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогиреро пеш гирифтааст, ки ҳадафи он ҳарчи зиёдтар намудани сафи дўстони Тоҷикистон аст.

 Мағзу мўҳтавои сиёсате, ки мо татбиқ менамоем ва онро бо номи «дарҳои кушод» ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаем, маҳз аз он иборат аст, ки мо бо ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва тамоми кишварҳо ҳамкории фаъол ва созанда хоҳем дошт.          
                                                           
Дар ин росто таҳлилу шинохти муҳимтарин омилҳои низоми муосири байналмилалӣ, ки рў ба ҷаҳонишавӣ ниҳодааст, кори саҳл нест ва инро воқеияти ҳамарўзаи мо исбот месозад.

Хосияти байналмилалӣ гирифтани иқтисодиёт, рушди бесобиқаи алоқа ва дигар васоили коммуникатсионӣ, торафт амиқтар шудани проблемаву мушкилоти умумиинсонӣ, тағйири асоситарин вазифаҳои давлати миллӣ, тавсеаи  фаъолияти сохтору ниҳодҳои трансмиллӣ сабаби дигаргунии куллии худи асосҳои зиндагии мо гардидааст. Ин раванд, агар аз як ҷониб боиси тақвияти муносибатҳои қисматҳои мухталифи олами имрўз гардида бошад, аз ҷониби дигар ҷаҳонӣ шудани зуҳуроти хатарнок, аз қабили терроризму экстремизм, радикализм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, инчунин мушкилоти умумисайёравии техногенӣ, аз қабили тағйирёбии иқлим ва ғайра вазъро торафт печида ва мураккаб гардонидаанд.

Тоҷикистон аз ин раванд дар канор нест, баръакс дар сафи пеши мубориза бо баъзе зуҳуроти он ва дар маркази ҷараён ёфтани қисмати дигараш қарор дорад. Табиист, ки чунин вазъият ва ҳаллу фасли ин масоил ҳамгироиву ҳамкории васеъ ва пурсамари моро дар асоси бисёрҷониба бо ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дар асоси дуҷониба бо кишварҳои алоҳида талаб мекунад.

Мардуми мамлакат ва ҳамаи шумо аз саъю кўшишҳое, ки ҳукумати кишвар дар ҷодаи баррасии масоили об чи дар сатҳи минтақа ва чи дар сатҳи байналмилалӣ ба харҷ медиҳад, огоҳ ҳастед.

Ҷидду ҷаҳди мо аз як сў ба бозидани нақши фаъол дар ҳалли мушкилоте, ки башарият бо онҳо рўбарўст, равона шуда, аз сўи дигар масъалаҳое, ки дар сатҳи минтақа вуҷуд доранд ва таъсири онҳоро ҳар як шаҳрванди мамлакати мо ба хубӣ эҳсос мекунад, дар маркази таваҷҷўҳи мо қарор доштанд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, ки моҳи июни соли гузашта дар пойтахти кишвар таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид доир гардид ва ба ҷамъбасти нимаи аввали Даҳсолаи «Об барои ҳаёт», ки худ маҳсули ташаббусҳои Тоҷикистон аст, бахшида шуд, як ҳамоиши сермаҳсул ва самарабахше буд, ки теъдоди хеле зиёди кишварҳои дунёро ба ҳам оварда, мардуми сайёра ва мутахассисонро бо мушкилоти дар ин самт ҷойдошта ва мавқеи созандаи мо ошно сохт.

Дар ин ҳамоиш пешниҳодоти зиёде чун натиҷаи ин талошҳо садо доданд ва боз ҳам бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2013 - ро Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об эълон кард. Ақидаи асосӣ ва калимаи марказӣ дар ин ибора «ҳамкорӣ» аст, ки ҳадаф ва мақсаду мароми моро ифода месозад. Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкорист ва ҳар пешниҳоде, ки дар арсаи минтақавӣ ва ё байналмилалӣ манзур мекунад, иборат аз ҳамкорист.

Мо инро борҳо аз минбарҳои баланд таъкид кардаем ва имрўз низ иброз медорем, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки онро бо нияти нек ва ҳамкории созандаи кишварҳои ҳамсоя ҳал кардан ғайриимкон бошад! Ин мавқеъ, қабл аз ҳама, ба ҳаллу фасли масоили обу энергетика дар минтақа дахл дорад, ки ҳамеша вирди забонҳост ва калиди ҳалли ин масъаларо мо метавонем боз ҳам бо як калима ифода намоем: ҳамкорӣ!

Дар ин ҷода Тоҷикистон тайи солҳои охир пешниҳодоти созандаи зиёдеро манзур доштааст ва ҳоло ҳам ба мазмуну мундариҷаи онҳо содиқ аст, ки омодагии мо барои таъмин намудани минтақа бо оби мусаффои ошомиданӣ яке аз мисолҳои он буд.

Умуман чи дар ин мавзўъ ва чи дар бахшҳои дигари ҳамкориҳои минтақавӣ ҳамгироии ҳарчи бештари кишварҳои Осиёи Марказӣ, таъмини рафтуомади озодонаи шаҳрвандон, интиқоли молу сармоя ва хизматрасонӣ, тақвияти равобит дар рўҳияи умумиятҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳусни ҳамҷавории мардумони он аз ҳадафҳову мақсадҳои асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон буду ҳаст ва дар ин ҷода таҳким бахшидани ҳамкории созандаи минтақавӣ бо ҳамсоягони наздики худ аз вазифаҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии мо мебошад.

Агар мо ба фазову минтақаи васеътаре назар афканем, айни ҳамин мавқеи кишвари моро дар масъалаи равобити он бо мамлакатҳои пасошўравӣ, ки дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ гирд омадаанд, мебинем.

Тўли соли сипаригашта робитаҳои Тоҷикистон бо аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рў ба густаришу тақвият доштанд. Имсол зимни раёсати худ дар ин иттиҳод  мо талош хоҳем кард, ки имкониятҳои ҳамгироӣ дар ин созмон ҳарчи бештар истифода шаванд ва рушду таҳким ёбанд. Ин қабл аз ҳама ба иртибототи мо бо Федератсияи Россия, ки шарики стратегии мост, дахл дорад.

Ба истифода супоридани калонтарин иншооти ҳамкорӣ дар фазои пасошўравӣ - нерўгоҳи барқи обии “Сангтўда-1”, кушода шудани филиалҳои бузургтарин донишгоҳҳои Россия дар Душанбе, дар асоси мутақобила ифтитоҳ намудани марказҳои фарҳангиву иттилоотӣ, дар Россия омода сохтани кадрҳои барои бахшҳои мухталифи иқтисоди миллии мо зарурӣ аз  намунаҳои ин ҳамкории пурсамар мебошад. Беҳуда нест, ки Россия дар тиҷорати мо имрўз аз лиҳози гардиши мол низ ҷои аввалро соҳиб гаштааст.     

Мо бо кишварҳои минтақа ва ҳамҷавор равобити неки ҳамсоягӣ, ҳусни тафоҳум ва муносибатҳои мутақобилан судманд дорем ва ба тавсеаи доираи ин равобит ва тақвияту густариши онҳо сидқан манфиатдорем. Аз ин рў, мустаҳкам намудани робитаҳо ҳам дар асоси бисёрҷониба ва ҳам дар заминаи дуҷониба бо кишварҳои дўсти Эрон, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Туркия ва дигарон чун яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии мо боқӣ хоҳад монд.

Чун сухан дар бораи минтақа рафт, ташкилоти калонтарини он - Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба мадди назар меояд, чунки он аз рўзи таъсисаш барои ҳаллу фасли масоили минтақавӣ, ташкили ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои узв дар асосҳои усулан нав ва дигар бахшҳои ҳамкорӣ, ки тадриҷан тамоми соҳаҳои ҳаёти ҳамарўзаи моро дарбар мегиранд, корҳои зиёдеро анҷом додааст. Дар доираи фаъолияти созмони мазкур дар кишвари мо лоиҳаҳои зиёди дорои хислати умумимиллӣ бунёд шудаанд. Аз ин ҷост, ки мо фаъолияти худро дар чаҳорчўбаи он густариш дода, муносиботи худро бо аъзои он ва қабл аз ҳама, бо Ҷумҳурии Мардумии Чин тақвият хоҳем бахшид, ки албатта дар бахши равобити дуҷониба ҳаҷму мазмуни васеътаре хоҳад гирифт.

Мо дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва кишварҳои мададрасон, яъне шарикони рушд ҳамкории фаъол ва хеле хуб дорем. Бо истифода аз ин фурсати муносиб ман аз номи мардуми Тоҷикистон ба онҳо ибрози сипосу миннатдорӣ менамоям.  

Мо дар ҳаллу фасли чи масоили дохилӣ ва чи минтақавӣ, аз ҷумла мушкилоти Афғонистон, бо кишварҳои аъзои эътилофи зиддитеррористӣ, аз ҷумла Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳамкории созанда дорем.

Барпо намудани сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҳамҷавору ҳамкеш бо манфиатҳои миллии Тоҷикистон созгор аст ва дар айни замон, саҳми назарраси мамлакати мо дар муборизаи умумӣ бар зидди терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ хоҳад буд. ҳамкориҳои дуҷониба бо Штатҳои Муттаҳидаи Амрико, инчунин иштирок дар татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Осиёи Марказӣ чун мавзўъҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии мо боқӣ мемонанд, ки зимни он мо иртибототи созандаи худро бо Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо низ рушду густариш хоҳем бахшид.

Дар бораи узви ҳамшарики ин Созмон - Афғонистони ҳамсоя сухан ронда, таъкидан зикр карданӣ ҳастам, ки амну амонӣ дар ин кишвари бародар барои Осиёи Марказӣ ва алалхусус, Тоҷикистон чун обу ҳаво зарур аст ва мо мисли ҳамеша дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва ҳам дар чаҳорчўбаи робитаҳои дуҷонибаи худ барои расидан ба ин ҳадафи воло кўшиш ба харҷ хоҳем дод. Муборизаи муштарак бар зидди хатару таҳдидҳои нав ва зуҳуроти дигари манфӣ ва кўмаку мусоидат ба саъю талошҳои Афғонистон, дар кишвари мо омода кардани кадрҳои зарурӣ ва соҳаҳои дигар ҳамеша дар рўзномаи ҳамкории мо бо ин кишвари дўст хоҳанд буд.

ҳамчунин зикр бояд кард, ки тўли солҳои охир ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ, низомиву тиҷоратӣ ва бахшҳои дигар сатҳи баланд касб намуда, дар заминаи мустаҳками эътимоду боварӣ миёни кишварҳои мо рў ба инкишоф доранд.

Дар ин ҷода нақши пешбари Созмони Милали Муттаҳид, бешубҳа, муҳим аст ва ҳамкории мо бо ин созмони мўътабари байналмилалӣ рушди беш аз пеш хоҳад гирифт.

Дар айни замон итминон дорем, ки ҳодисаҳои дар вақтҳои охир дар арсаи байналмилалӣ рухдода зарурати ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид ва алалхусус Шўрои Амнияти онро возеҳтар сохтанд, чун ин ниҳодҳо баъд аз ҷанги дуюми ҷаҳон ва дар натиҷаи он ба арсаи вуҷуд омада, вазъи онрўзаи сиёсии ҷаҳон бо воқеияти имрўза фарқи куллӣ дорад.

Мехостам як нуктаи дигареро барои шумо тавзеҳ диҳам, ҳарчанд, ки он ҳеҷ ба шарҳу тавзеҳ ниёз надорад. Сухан аз ҳаводису воқеоти вақтҳои охири баъзе кишварҳои арабӣ меравад, ки мушкилоти дохилии онҳо имрўз мавзўи гуфтугузору сўҳбатҳо дар тамоми ҷаҳон аст.

Вале чун дар бораи имконияти такрори чунин ҳодисаҳо дар Осиёи Марказӣ бисёр гуфтанду навиштанд, мехоҳам таъкид намоям: мардуми огоҳи Тоҷикистон, ки аллакай як бор қурбони чунин дасисаҳо гашта буд, маънии оромиву осоиш ва қурби сулҳу салоҳро хуб дарк мекунад, чун халқи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронида роҳи ҳалли низомии қазияҳоро рад менамояд ва ҳамеша ҷонибдори ҳаллу фасли сулҳхоҳона ва мусолиматомези ҳамаи мушкилот, тарафдори муросову мадоро ва хостори амнияту суботи кишвари хеш мебошад.

Мўҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва
вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!

Имсол барои мардуми шарифу сарбаланди кишвари мо соли бисёр муқаддас ва таърихӣ - соли ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон аст, ки онро ҳама якҷоя бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил хоҳем кард.    
                                                       
 Бо шарофати ин неъмати худодод, яъне истиқлолияти давлатӣ мо имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллӣ, хулоса ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати бисёр пурмасъулият, вале пурифтихори таърихӣ  -эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати соҳибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрўзу фардо эҳё намоем.

Дар ин фосилаи кўтоҳи таърихӣ мо тавонистем, ки пояҳои давлати навбунёду тозаистиқлоли худро мустаҳкам намуда, ниёзу ормонҳои миллии худро дар доираи ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат тарҳрезӣ намоем ва имрўз дар остонаи омодагӣ ба ин ҷашни бузург бо ифтихор гуфта метавонем, ки мушкилоту камбудиҳои мавҷударо бо заҳмати созанда ва дастгириву пуштибонии мардуми шарифи кишварамон зина ба зина ислоҳ кардем ва дар ин роҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.

ҳамзамон бо ин, мо ҳамаи андешаҳои созандаро, ки ба пешрафти соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат мусоидат менамоянд, ба инобат гирифта, тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо танҳо ба хотири беҳбудии сатҳи зиндагии мардум равона кардем ва барои рушди устувору пайгиронаи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам овардем.

Чунонки ҳамаи шумо медонед, мо дар ҷомеа раванди сиёсати ободкориву созандагиро ба роҳ монда, барои амалӣ шудани ҳадафҳои муҳиму стратегии давлати Тоҷикистон пайваста саъю талош дорем ва имрўз метавонем дилпурона изҳор намоем, ки татбиқи онҳо хеле наздик аст.

Вале дар баробари ин, вазъи ҷаҳони муосир моро водор месозад, ки дар доираи самтҳои қабулшудаи сиёсати дохиливу хориҷии давлати соҳибистиқлоламон иҷрои саривақтиву самарабахши дастуру супоришҳои додашуда ва масъалаҳои зикргардидаро, ки ба фаъолияти созандаи Маҷлиси Олӣ, ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобастаанд,  таъмин намоем.

Дар чунин шароити ҳассос ва зудтағйирёбандаи сайёра вазифаи имониву инсонии ҳар як шахси огоҳу бедордил ва ҳар як фарди бонангу номуси миллати сарбаланди тоҷик бояд аз таблиғи бедории миллӣ, зиракиву ҳушёрии сиёсӣ, ҳисси баланди ватандориву ватандўстӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ иборат бошад.                      

Фақат дар ҳамин сурат ва танҳо бо заҳмати шабонарўзии содиқонаву софдилона мо метавонем ҳамчун як нерўи тавоно тамоми мушкилоти мавҷудаи ҷомеаи худро бартараф созем, нақшаву ниятҳои неки худро ба хотири ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон ва рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвари азизи соҳибистиқлоламон бо дасти пок ва дилу нияти нек иҷро намоем ва дар ояндаи наздик зиндагии мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистони озодро ба сатҳу сифати шоиста расонем.

Ин роҳи пурмасъулияту душвор, вале бошарафу пурифтихор аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи давлатӣ, яъне аз тамоми мардуми бонангу номус ва ватандору ватансози Тоҷикистон, дар навбати аввал аз мову шумо – дар ин толор нишастагон тақозо менамояд, ки барои пойдориву ҷовидонагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон, мустаҳкам кардани аркони давлати навини тоҷикон, ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ва баланд бардоштани мақому обрўи Ватани азизамон ҳамарўза саъю талош намоем.            
                                                          
Дар татбиқи ин ниятҳои нек ба ҳамаи шумо барори кор ва сарбаландӣ мехоҳам ва ба даргоҳи Парвардигори олам дуо мекунам, ки файзу баракати ҳар хонадони тоҷикро зиёда гардонад, амнияту оромӣ сулҳу субот ва ваҳдати миллии моро умри ҷовидона бахшад ва Тоҷикистони озоду соҳибихтиёри моро то абад дар паноҳи офияташ нигоҳ дорад!

Саломат бошед!

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520