Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми навбатии худро ба парлумони кишвар ирсол намуд

24.04.2010 15:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи якуми якҷояи Маҷлиси Миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум паёми навбатии худро ба парлумони кишвар ирсол намуда, самтҳои асосӣ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайяну мушаххас намуд.

Дар ҷаласа аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Сарвазири мамлакат ва аъзои ҳукумат, мушовирони давлатӣ ва масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти марказии судӣ ва дигар идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, корхонаю муассисаҳои ?умҳуриявӣ, бонкҳо, роҳбарони муассисаҳои олии таълимӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, намояндагони ҳайати дипломатӣ, воситаҳои ахбори умум ва дигар шахсони дахлдор ширкат намуданд.

Баъди анҷоми муқаррароти оғози ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии худро ба Парлумони кишвар ирсол намуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст ҳамаро ба муносибати оғози фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав, инчунин понздаҳсолагии таъсисёбии Маҷлиси Олӣ самимона табрику таҳният гуфт.

Дар оғози паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нишондодҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакатро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз ҷумла таъкид намуд, ки «ҳамаи нақшаҳои мо асосан дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тарҳрезӣ гардидаанд ва тадриҷан амалӣ карда мешаванд».

Зикр гардид, ки «бо вуҷуди таъсири манфии бўҳрон дар натиҷаи татбиқи нақшаи чорабиниҳои зиддибўҳронии ҳукумати мамлакат соли гузашта ҳаҷми воқеии маҷмўи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2008-ум сеюним фоиз зиёд гардид, таваррум дар сатҳи 5 фоиз нигоҳ дошта шуд, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 10 фоиз афзуда, фондҳои асосӣ нисбат ба соли 2008-ум дуюним маротиба бештар ба истифода супорида шуданд.

Аз таҳлили Сарвари давлат бармеояд, ки соли равонро барои иқтисоди кишвар метавон соли бартараф намудани таъсири бўҳрони ҷаҳонӣ номид, зеро нишонаҳои беҳтар гардидани вазъи иқтисодӣ аёнанд. Аз ҷумла омадааст: «Дар семоҳаи якуми соли равон маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 6,8 фоиз афзуд, ки назар ба моҳҳои январ – марти соли 2009-ум 3,2 фоиз зиёд аст. ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 16,3 фоиз, кишоварзӣ 5,7 фоиз афзоиш ёфт, гардиши савдои чакана 121 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 112 фоизро ташкил кард. Таваррум дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар бозори истеъмолӣ дар сатҳи 1,6 фоиз нигоҳ дошта шуд».

Ба иттилои Президенти мамлакат «ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2010 ба маблағи 6 миллиарду 600 миллион сомонӣ тасдиқ гардидааст, ки нисбат ба соли 2009-ум қариб як миллиард сомонӣ ё 18 фоиз зиёд мебошад».

Ғайр аз ин таъкид гардид, ки «имрўзҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии мо 55 лоиҳаи сармоягузории ҷалбкардаи ҳукумати Тоҷикистон бо маблағи 8 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодаанд ва соли равон татбиқи боз 14 лоиҳаи нави сармоягузории давлатӣ бо маблағи зиёда аз 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ оғоз мегардад, ки 760 миллион сомонии онро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд».

Зимни таҳлили амиқи вазъи иҷтимоию иқтисодӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми кишвар баҳри дастгирии моддию маънавии сохтмони нерўгоҳи тақдирсози Роғун арзи сипосу миннатдорӣ карда, ба масъилини дахлдор дастур дод, ки фурўши маҷбурии саҳмияҳои ин иншоот қатъиян манъ карда шавад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба фарҳанги сарфаю сариштакорӣ, аз ҷумла гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, бо таассуф изҳор дошт, ки «агар ҳамаи мардуми кишвар пурра ба истифодаи чунин лампаҳо мегузаштанд, 3,5 миллиард киловатт нерўи барқ сарфа мешуд ва давраи маҳдудгардонии таъмини барқро боз як моҳи дигар кам мегардид».

Таваҷҷўҳи зиёд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба зарари истифодаи аз ҳад зиёди телефонҳои мобилӣ ба буҷети оилавӣ ва саломатии мардум зоҳир намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ба омўзиши амиқи забони модарӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама забонҳои русию англисӣ на танҳо дар муассисаҳои таълмӣ, балки дар тамоми вазорату идораҳо ва корхонаю муассисаҳо низ диққати ҷиддӣ дода шавад. Ба гуфти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низоми ба кор қабул намудани кадрҳо бояд тадриҷан тавре ба роҳ монда шавад, ки донистани забони давлатӣ в аду забони хориҷӣ барои онҳо ҳатмӣ бошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз арзу шикоятҳои сершумори мардум оид ба рафтору кирдор ва муносибати ношоистаи роҳбарони мақомоти идорӣ, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, кормандони соҳаи тиб ва ғайра изҳори нигаронӣ карда, ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ дастур дод, ки ҳар рўзи шанбе мардумро қабул намуда, баҳри бартараф кардани камбудиҳои ошкоршаванда ва баровардани ҳоҷоти онҳо чораҳо андешанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ҷой доштани ҷиноятҳои коррупсионӣ дар сохторҳои давлатӣ ва сўйиистифода аз мансаб аз ҷониби роҳбарони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори ташвиш карда, таъкид намуд, ки «дар назди қонун ҳама бояд баробар ҷавобгў бошанд, сарфи назар аз вазифаи ишғолнамудааш».

Дар таҳлили сиёсати хориҷии давлат муносиботи Тоҷикистон бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла масъалаҳои ҳусни ҳамсоягӣ ва истифодаи босамари захираҳои обию энергетикӣ мақоми марказӣ доштанд. Ба гуфти Эмомалӣ Раҳмон, «Мардуме, ки ҳамеша ба ахлоқу одоби ҳамидаи ниёгонаш арҷ мегузорад, дар зиндагии ҳамарўзаи хеш низ аз онҳо пайравӣ менамояд ва ҳамеша ҳаққи ҳамсояро пос медорад». Сарвари давлат бори дигар ба кулли мардуми минтақа муроҷиат карда, изҳор намуд: - «Тоҷикистон ҳамсоягони худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳад гузошт. Мо омода ҳастем, ки ҳар гуна масоили ба миён омадаро бо гуфтушуниди дўстона ҳаллу фасл намоем».

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон умуман зимни ирсоли паёми солонаи худ ба парлумони кишвар ҳадафҳои умдатарини сиёсати дохилию хориҷии давлатро муайян карда, баҳри татбиқи босамари онҳо ва таъмини зиндагии шоиста барои мардуми соҳибфарҳанги Тоҷикистон дар назди ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти дигари масъул вазифаҳои мушаххас гузошт ва изҳори умеду боварӣ намуд, ки онҳо бо дарки масъулияти баланд дар роҳи бунёди як давлати соҳибистиқлоли ҷавобгў ба ҳамаи ниёзҳо ва ормонҳои миллӣ бо дасту дилу нияти пок заҳмат кашида, содиқонаву беғаразона ба манфиати халқу Ватани азиз тамоми маҳорату малакаи худро равона месозанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520