Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

23.04.2010 18:00, шаҳри Душанбе

Нимаи дуюми рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат масоили вобаста ба суръат бахшидан ба киштукори баҳорӣ, омодагӣ ба кишти такрорӣ, бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, рафти иҷрои буҷети давлатӣ, ҷалби бештари занону ҷавонон ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ, танзими расму ойин, кўмак ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ятимону дигар эҳтиёҷмандон, сарфаю сариштакорона истифода бурдани нерўи барқ, омодагӣ ба зимистони оянда, захираи озуқаворӣ ва маводи сўхт, вусъати ободонию созандагӣ, тезондани сохтмони иншооти сершумор дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва дигар минтақаҳои мамлакат баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар назди раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва ҳамчунин роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор оид ба ҷоннок намудани фаъолияташон дар самтҳои номбурда вазифаҳои мушаххас гузошт. Аз ҷумла таъкид гардид, ки баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва истифодаи босамар аз ҳар ваҷаб замини корам, ду ва зиёда ҳосил рўёндан аз заминҳои обӣ тадбирҳои судбахш андешанд.

Тибқи супоришҳои Сарвари давлат баҳри иҷрои буҷетҳои маҳаллию ҷумҳуриявӣ ва беҳтар намудани нишондодҳои рушди иҷтимоиву иқтисодӣ бояд чораҳои иловагӣ андешида шаванд ва татбиқи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», истифодаи сарфакоронаи нерўи барқ ва гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасраф бояд таҳти назорати доимӣ қарор бигиранд. Баҳри омодагии хуб ба зимистони оянда, аз ҷумла захираи маводи сўхту озуқаворӣ, кушодани нуқтаҳои иловагии фурўши ангишт ва гази моеъ аз ҳозир нақшаи чорабиниҳо андешида шавад.

Дастур дода шуд, ки суръат ва сифати корҳои сохтмонӣ дар иншооти сершумори ҷашнӣ дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва иншооти дигар дар ҳамаи минтақаҳои мамлакат баланд бардошта шавад.

Супоришҳои мушаххас оид ба расондани кўмак ба иштирокчиёну маъюбони ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва ятимону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ дода шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520