Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

23.04.2010 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат даъвати чорум иштирок ва суханронӣ намуд.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки бори нахуст баъди интихоби ҳайати нави аъзои он баргузор гардид, аз ҷониби узви аз ҳама калонсоли Маҷлиси миллӣ Қаҳҳор Маҳкамов кушода шуд.

Тибқи муқаррароти мавҷуда тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев аз нав ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Бо овоздиҳӣ тавассути воситаҳои электронӣ қоҳир Расулзода Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ ва Қодири Қосим ба ҳайси намоянда аз Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.

Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар палатаи болоии парлумони мамлакат 5 кумита ва 1 комиссия таъсис ёфта, роҳбарони онҳо интихоб карда шуданд.

Ҳамин тариқ Мамадшо Илолов Раиси Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Мўним Холиқов Раиси Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, Матлубхон Давлатов Раиси Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, Давлатшо Гулмаҳмадов Раиси Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Убайдулло Қурбонов Раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни занону ҷавонон ва Сайдулло Хайруллоев Раиси Комиссия оид ба назорати дастур интихоб гардиданд.

Сипас Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нахуст ҳамаи аъзои нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиро ба муносибати пазируфта шуданашон ба узвияти ин мақоми олии қонунгузори кишвар ва нафарони ба мансабҳои роҳбарии он интихобшударо табрику таҳният гуфт ва ба аъзои Маҷлиси миллии даъвати гузашта барои фаъолияти пурсамари панҷсола ва саҳми арзандаашон дар рушди парламентаризми Тоҷикистон, такмил ва қабули санадҳои қонунгузорӣ, инчунин мусоидат ба танзими масъалаҳои муҳими ҳаёти давлат ва ҷомеа изҳори сипос кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз таъсири бўҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, ки дар муқобили он ҳатто низоми иқтисодию иҷтимоии давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ ноустувории худро ошкор намуданд, ёдовар шуда, аз аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, тамоми сохторҳои дигари давлатӣ, ҳизбу иттиҳодияҳои сиёсӣ ва ҳар як фарди ватандўсту худогоҳ даъват намуд, ки дар ҳифзи манфиатҳои миллии давлати ҷавони Тоҷикистон аз таъсири манфии омилҳои беруна саҳми намоён гузоранд. «Барои ин, пеш аз ҳама, такмили асосҳои ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ, низоми молиявии кишвар ва ҳимояи қурби асъори миллӣ аз ҷумлаи масъалаҳои бисёр муҳим ба шумор меравад», - таъкид дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид дошт, ки «Маҷлиси миллӣ бояд дар бобати таҳия, такмил ва қабули санадҳои қонунгузорӣ доир ба масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обу энергетика ва ҳифзи экология, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун яке аз ташаббускорони ҳаллу фасли ин масоил эътироф шудааст, нақши муассир дошта бошад».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз ҳадафҳои муҳимтарин ва стратегӣ, яъне таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳонидани кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки сиёсати ҳуқуқӣ чун ҷузъи муҳимтарини сиёсати давлатӣ бояд пеш аз ҳама ба татбиқи ин ҳадафҳо ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон нигаронида бошад.

Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба аъзои Маҷлиси миллӣ барору комёбӣ таманно карда, изҳори боварӣ намуд, ки онҳо дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, фазои сулҳу субот, ободии Тоҷикистони азиз ва болоравии нуфузи давлати соҳибистиқлоли мо донишу таҷриба ва қобилияту маҳорати худро дареғ намедоранд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520