Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбарони хадамоти сарҳадбонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

22.04.2010 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони хадамоти сарҳадбонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки баҳри иштирок дар ҷаласаи навбатии Шўрои фармондеҳони қўшунҳои сарҳадии ин давлатҳо ба шаҳри Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот оид ба зарурати таҳким ва густариши ҳамгироии миёни хадамоти сарҳадбонӣ ва дигар мақомоти кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри ҳифзи шоистаи марзҳои берунаи иттиҳод, пешгирӣ аз амалҳои террористию экстремистӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гуфтугўи судманд сурат гирифт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, ки сарчашмаи асосии он Афғонистон аст, натанҳо кишварҳои ҳамсояи он ва кишварҳои дорои бозори фурўши мухаддирот, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд тадбирҳои муштарак амалӣ намоянд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ҷалби хадамоти сарҳадбонӣ ва дигар сохторҳои марбутаи Афғонистонро ба мубориза бо паҳншавии чунин хатарҳо дастгирӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки миёни сохторҳои дахлдори Тоҷикистону Афғонистон кайҳо боз ҳамкории судбахш ба роҳ монда шудааст.


 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520