Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

20.04.2010 17:30, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Миллат аз 11 нафар сафирони нави фавқулодда ва мухтори давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафири Иттиҳоди Аврупо Эдуард Ауэр, сафирони Мамлакати Испания Алберто Антон Кортес, Сербия Елитси Куряк, Амороти Муттаҳидаи Араб Иброҳим Ҳасан Сайф ибни Рабиҳ ал – Алӣ, Шоҳигарии Нидерландия Потайт Франс Якоб, Шоҳигарии Норвегия Даг Малмер Халворсен, Филиппин Ҷесус Инес Ябес, Шоҳигарии Марокаш Ҳасан Ҳамӣ, Индонезия Моҳамад Асручин, Ҷумҳурии Корея Чун Дай - ван ва Давлати Қатар Сайар ибн Абдурраҳмон ал Мавдаҳ эътимоднома супурданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот ба дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он таваҷҷўҳи зиёд зоҳир намуда, аз ҷумла изҳор дошт: - «имсол дар доираи татбиқи Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ бояд сохторҳои нав таъсис ёфта, ба дигаргуниҳои ҷиддӣ дар густариши робитаҳои миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо боис шаванд». Таъкид гардид, ки сатҳи ҳамкории имрўзаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ҷавобгўйи имкону захираҳои фарохи мавҷуда нест. «ҷойи кўмакҳои башардўстонаро бояд ҳамкории бунёдии иқтисодию сармоягузорӣ ва рушди истеҳсолот бигирад», - изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

Аз ҳамкорӣ бо Испания, Нидерландия ва Норвегия, ки ҳамгироӣ дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва таҳкими амнияти минтақавӣ дар он мақоми марказӣ дорад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ба сатҳи ҳамкорӣ бо Сербия, Амороти Муттаҳидаи Араб, Давлати Қатар, Ҷумҳурии Корея ва Индонезия баҳои баланд дода шуд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки муносибатҳо бо Филиппин ва Шоҳигарии Марокаш низ дар солҳои наздик тавассути кўшишҳои дуҷониба ба сатҳу сифати нав бароварда мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳори умеду боварӣ намуд, ки сафирони нав барои таҳким ва густариши муносибатҳои дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон ҷаҳду талош мекунанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520