Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Сингапур

02.04.2010 19:00, Сингапур

Аз 30 – юми март то 4 – уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Сингапур қарор дошт.

Бояд таъкид дошт, ки ҳардуи ин давлатҳо дар минтақаи Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дар ҳавзаи уқёнуси Ором қарор дошта, аз ҷумлаи кишварҳои мутараққии минтақа ва ҷаҳон ба шумор мераванд.

Барномаи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Сингапур бо маросими истиқболи давлатӣ оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Сингапур Селлапан Рама Натан истиқбол гирифт.

Маросими истиқбол тибқи муқаррароти протоколи давлатӣ бо саф кашидани горди фахрӣ, оркестри асбобҳои нафасӣ, садо додани сурудҳои миллии ду давлат ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмӣ ва корпуси дипломатии муқими ин давлат ҷараён гирифт.

Масоили ба роҳ мондани муносибатҳои густурдаи дўстию ҳамкории Тоҷикистону Сингапур дар музокироти сатҳи олӣ бо иштироки сарони ду давлат ва ҳайатҳои расмӣ баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат, аз ҷумла изҳор дошт: - «кишвари мо барои рушди муносибатҳо бо Сингапур чун яке аз кишварҳои мутараққии олам аҳамияти хоса медиҳад ва мо ба густариши ҳамкории судманд дар ҳама арсаҳо манфиатдорем”.

Таъкид гардид, ки наздикии мавқеъҳои Тоҷикистону Сингапур дар масоили рўзмарраи байналмилалӣ барои рушди муносибатҳои ду?ониба дар соҳаҳои гуногун заминаи хуб мегузорад.

Ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию тиҷоратӣ ва сармояузорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, обтаъминкунӣ, саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маъданҳои кўҳӣ ва техникаю технологияи муосир аз самтҳои асосии робитаҳои минбаъдаи Тоҷикистону Сингапур арзёбӣ гардид.

Мубодилаҳои сиёсӣ оид ба масоили байналмилалию минтақавӣ низ аз самтҳои дигари муносибатҳои судманди миёни Тоҷикистону Сингапур номида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Сингапур Селлапан Рама Натанро даъват намуд, ки дар вақти барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф биёрад.

Ҳамчунин иштироки намояндагони воломақоми Сингапур дар ташкил ва гузарондани конфронси байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид доир ба та?лили дастовардҳои нимаи аввали Да?солаи амалиёти об барои ?аёт (2005-2015) ва вазифаҳои минбаъдаи он, ки мо?и июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба манфиати ҳарду давлат маънидод гардид.

Худи ҳамон рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Сингапур Ли Хсин Лунг мулоқот намуда, тафсилоти ҳамкории иқтисодӣ – тиҷоратӣ ва сармоягузории ду кишварро баррасӣ намуд.

Сипас миёни Тоҷикистону Сингапур ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид:

Нахуст зери Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Сингапур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Сингапур Ли Хсин Лунг имзо гузоштанд.

Санади дигар Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Сингапур буд, ки аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири корҳои хориҷии Сингапур Ҷорҷ Йо ба имзо расид.

Нимаи дуюми рўзи 31 – уми март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар форуми соҳибкорону тоҷирони Тоҷикистону Сиргапур иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар суханронӣ аз ҷумла, таъкид гардид, ки “Тоҷикистон та?рибан тамоми ашёи таби? ва стратегии аълосифат - об, замини ?осилхез, тилло, ну?ра, санг?ои ?иматба?о, алюминий, маводи сохтмон, пахта, пашм, пўст, мева?оту сабзавот, нерўи арзони бар?, инфраструктураи зарур?, нерўи кории со?ибихтисос, заминаи мусоиди меъёрию ?у?у?? ва имконият?ои дигари му?имро барои фаъолияти сармоягузор?, аз ?умла хори??, дорад”. Бо ёдоварӣ аз имкону захираҳои фаровон Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сохторҳои марбут ва соҳибкорону тоҷирони ду кишварро ба ҳамкории барои ҳарду ҷониб судбахш даъват намуд.

Аз ҷониби соҳибкорони бонуфузи Сингапур ба захираҳои табиии Тоҷикистон ва имконоти фарохи ҳамкорӣ бо он таваҷҷўҳу ҳавасмандии зиёд зоҳир гардид.

Аз рўйи натиҷаҳои форум ҳамчунин Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Нобел груп оид ба маблағгузории сохтмони нерўгоҳҳои обӣ дар Тоҷикистон, ҳамкорӣ дар соҳаҳои металлургияи ранга, истихроҷи маъданҳои кўҳӣ ва ангишт аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов ва Роҳбари иҷроияи ширкати мазкур Ричард Элман ба имзо расид.

Баъди анҷоми форум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Роҳбари иҷроияи ширкати Нобел груп Ричард Элманро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот оид ба татбиқи амалии санади мазкури ҳамкорӣ ва нақшаҳои оянда гуфтугўйи судманд сурат гирифт.

Чунонки маълум шуд ин ширкат 5 сол аст, ки бо Тоҷикистон ҳамкории пурсамар дорад ва санади нави имзошуда ҳамкориро барои 10 соли оянда дар назар дорад. Ёдовар бояд шуд, ки Нобел груп яке аз ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ буда, гардиши солонаи молиаш зиёда аз 40 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Худи ҳамон рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз як корхонаи бузурги обтозакунии Сингапур дидан, карда бо техникаю технологияи муосир ва тарзи кори он аз наздик шинос шуд.

Чунонки маълум гардид, ин корхона оби шўри баҳрро пок намуда, аз он оби нушокӣ омода месозад. Корхона ҳамчунин ба захира, поксозӣ ва ба истеъмолкунандагон пешниҳод намудани оби борон машғул аст.

Субҳи рўзи 1 – уми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сингапур Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сингапур Ҷорҷ Йоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои сиёсӣ ва робитаҳои байналмилалии Тоҷикистону Сингапур баррасӣ гардид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сингапур Ҷорҷ Йо аз натиҷаҳои нахустини музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Сингапур изҳори қаноатмандӣ карда, таъкид дошт, ки ба наздикӣ барои омўзиши шароити тиҷоратию сармоягузорӣ ва гузоштани заминаи амалии ҳамкорӣ як гурўҳи калони коршиносону соҳибкорони сингапурӣ ба Тоҷикистон сафар хоҳанд кард.

Бо итминон таъкид гардид, ки захираҳои фаровони табиии Тоҷикистон ва техникаю технология ва таҷрибаи соҳибкории Сингапур барои ташкил ва густариши ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодию сармоягузорӣ заминаи мусоид аст.

Худи ҳамон рўз Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими муаррифии рушди Сингапур дар соҳаи иттилоот ва коммуникатсия иштирок намуда, бо таҷрибаи пешқадам ва омўзандаи ин давлат дар истифодаи технологияҳои муосир дар идораи давлатӣ, истеҳсолот ва хизматрасонӣ ва ҳамчунин бо соддагардонии фазои соҳибкорию сармоягузорӣ аз наздик шинос шуд.

Чунонки зикр гардид, Ҷумҳурии Сингапур аз рўйи рейтинги Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба фазои соҳибкорию сармоягузорӣ миёни 183 давлати ҷаҳон 4 сол аст, ки пайи ҳам дар ҷойи якум қарор мегирад.

2 – юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири калони Сингапур - собиқ Сарвазири кишвар Гоҳ Чок Тонг мулоқот намуд.
Дар вохўрӣ имкону захираҳои фаровони ҳамкории Тоҷикистону Сингапур баррасӣ гардид.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намуд, ки “ин сафар ва муло?оту музокирот, ки дар фазои д?стонаи тафо?ум ва ?усни ният сурат мегиранд, о?озгари мар?илаи ?амкори?ои васеи судманд мегарданд”.

Вазири калони Сингапур Гоҳ Чок Тонг ба боло бардоштани сат? ва мазмуни сифатан нави муносибат?ои дўстонаи ду кишвар изҳори ҳавасмандӣ намуд.

Рўзи 2 – юми апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Биржаи Сингапур дидан карда, бо кори он аз наздик шинос шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Осорхонаи тамаддуни осиёӣ ташриф оварда, як сайри таърихӣ ба гузаштаю имрўзаи ин давлати ҷавону хурдакаки ҷазиравӣ, вале хеле тараққикарда, анҷом дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520