Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари корӣ ба ноҳияи Ҳисор

23.05.2012 16:30, шаҳри Ҳисор

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор сафари корӣ анҷом дод.

Зимни сафар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғутокпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуд.

Боздиди корӣ аз шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар паҳлӯи боғи 15-солагии истиқлолияти Тоҷикистон оғоз ёфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз суръати сусти корҳо изҳори нигаронӣ карда, барои тезондани он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Тавре зикр гардид, ки ҳоло корҳо барои кандани қабати болоии роҳи кӯҳна ва омода кардани хатти нави роҳи мазкур идома дорад. Чунонки аён гардид, бисёр гардишу печутобҳои пешина рост ва пастию баландиҳо тахту ҳамвор карда мешаванд, то ки сатҳи бехатарии ҳаракат дар ин роҳ боло равад. Ба ин кор 138 техникаю механизмҳои роҳсозию боркашӣ ва беш аз 500 нафар коргару мутахассис сафарбар гардидааст. Беш аз 70% роҳсозон аз аҳолии маҳаллӣ мебошанд, ки бо маоши хуб таъмин гардидаанд.

Ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва шарикони чинии он, ҳамчунин доир ба тезондани навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Данғара, сохтмони нақбҳои Чормағзаку Шаҳристон ва омодасозии лоиҳаи роҳи Айнӣ-Панҷакент дастуру ҳидоятҳо дода шуд. Таъкид гардид, ки нақби Шаҳристон бояд моҳи сентябри соли равон ва нақби Чормағзак моҳи сентябри соли 2013 бояд мавриди истифода қарор бигиранд.

Аз ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кооперативи истеҳсолии Ватани ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, бо кори ибратбахши хоҷагии оилавии Ҳаиталӣ Буриев аз наздик шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ин деҳқони асил соли гузашта аз ҳар гектари замини ғаллаи обӣ 70 сентнерӣ ҳосил гирифта, имсол низ аз заминҳои гандум ва ҷуворимакка ҳосили фаровонро мунтазир аст. Аҳли ин хоҷагӣ беш аз 30 гектар заминро дар ихтиёр дошта, асосан бо зироаткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд ва аз заҳмати худ фоидаи хуб ба даст меоранд.

Тавре зикр гардид, аҳли ин хоҷагӣ, асосан аъзои як хонавода ва дӯстони онҳо буда, хурду калон аз заминҳои он ризқи фаровон ҳосил мекунанд ва ҳеҷ касе аз эшон ба муҳоҷирати корӣ намеравад.

Дар хоҷагии Ҳайдар Мирови ноҳияи Ҳисор Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо кори қитъаи пахтаи маҳиннахи навъи Авесто шинос шуд.

Чунонки зикр гардид, дар ин ҷо аҳли хоҷагӣ ду сол боз бо олимони Академияи кишоварзии мамлакат парвариши ин навъи пахтаро, ки асосан дар вилояти Хатлон кишт мешавад, ба таври таҷрибавӣ ба роҳ мондаанд. Соли гузашта, ки барои пахтакорӣ басо мусоид омада буд, онҳо аз ҳар гектар 41 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Имсол низ умед доранд, ки то 35-40 сентнерӣ ҳосил ба даст оранд. Ба гуфти олимони соҳа, ин навъи пахта пешпазак буда, ҳосилаш дар давоми 125-132 рӯз ба чиндан омода мешавад ва баромади нахаш ба 35-40% мерасад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллии соҳаҳои кишоварзию саноати сабук ва олимони соҳа доир ба ташкили истеҳсоли мошинолоти кишоварзӣ ва ба роҳ мондани коркарди пурраи нахи пахта дар дохили кишвар дастуру ҳидоятҳо дод.

Зимни боздид аз хоҷагии чорводории Баракати ноҳияи Ҳисор малум шуд, ки аҳли заҳмати он ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

Чунонки иттилоъ дода шуд, ҳоло дар ин фермаи хоҷагӣ 2064 сар чорвои калони хушзот парвариш меёбад, ки аз он 718 тоаш модаговҳои дӯшо мебошанд. Дар ин ҷо асосан, говҳои зоти сермаҳсули сиёҳало парвариш меёбад. Соли гузашта аз ҳар сар модагови дӯшо 5113 килограмӣ шир дӯшида шудааст ва имсол ин нишондод тибқи пешгӯии роҳбари хоҷагӣ бояд ба 5,5 ҳазор кг расонда шавад.

Дар натиҷаи бордоркунии сунъӣ бо нутфаҳои воридотӣ насли тозаи хушзот ҳосил менамоянд. Гӯсолаҳои модина то 1,5 солагӣ 450 кг вазн гирифта, ба бордоршавӣ омода мешаванд.

Буққаҳои хоҷагӣ, ки то 1400-1500 кг вазн мегиранд, асосан ба гӯшт мераванд ё ба хоҷагиҳои дигари чорводор барои наслгирӣ фурӯхта мешаванд.

Дастоварди аз ҳама ҷолиби хоҷагӣ ширдӯшии мошинии автоматӣ бо навтарин технологияи олмонӣ мебошад, ки дар Тоҷикистон бори нахуст ба назар мерасад. Ба иттилои мутахассисон, дар компютере, ки дар маркази идораи ин дастгоҳҳои ширдӯшӣ насб шудааст, тамоми маълумоти оморӣ ва назоратӣ доир ба ҳар як модагови дӯшо сабт мегардад. Бо ёрии ин дастгоҳи нави технологӣ ҳам хароҷоти хоҷагӣ кам мешавад ва ҳам қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ ба таври шоиста риоя мегарданд.

Дар вақти боздиди Сарвари давлат дар фермаи хоҷагӣ захирасозии тарбеда бо ҷӯшу хурӯш идома дошт. Тавре иттилоъ дода шуд, то имрӯз 2300 тонна тарбеда дар чуқуриҳои дароз бо риояи технологияи хуби нигаҳдории он зери пленка ва хок захира карда шудааст. Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳар як замини обии юнуҷқа дар як сол то 6-7 маротиба дарав карда мешавад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини соҳа доир ба паҳн намудани таҷрибаҳои пешқадам ба дигар ноҳияҳо, боз ҳам беҳтар намудани натиҷаҳои кори соҳа, ҳамқадам будан бо дастовардҳои илму техникаи навтарини ҷаҳонӣ, таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ ва боло бурдани қудрати содиротии Тоҷикистон дастуру ҳидоятҳо дод.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520