Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоҳиба бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times

26.05.2012 13:00, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times, мусоҳибаи хоса анҷом дод.

Тавре иттилоъ дода шуд, ин маҷалла бо шумораи беш аз 410 ҳазор адад чоп шуда, асосан ба аъзои Парлумони Иттиҳоди Аврупо, парлумонҳои кишварҳои Аврупо, палатаҳои савдову саноат ва бузургтарин ширкатҳои ин қитъаи ҷаҳон ва муассисаҳои бонуфузи молиявӣ, аз қабили Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва дигар доираҳои иқтисодию сармоягузорӣ дастрас карда мешавад. Маҷаллаи мазкур, ҳамчунин ба шакли электронӣ дар сомонаи www.european-times.com нашр мегардад. Ҳар шумораи он ба як кишвари алоҳида бахшида шуда, имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва дигар афзалиятҳои онро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон имконоти фарохи ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ бо Тоҷикистон ва захираҳои фаровони табиию башарии кишварро ба онҳо бевосита муаррифӣ намуд. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар соҳаи иқтисодиёт низ барои ҳамкорӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ширкатҳои бонуфузи хориҷӣ «сиёсати дарҳои боз»-ро пеша кардааст.

Хотиррасон бояд намуд, ки гурӯҳи эҷодии маҷаллаи The European Times тайи се моҳ бо сохторҳои гуногуни давлатию хусусӣ ва ҷамъиятии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, аз тамоми минтақаҳои кишвар барои як шумораи ин нашрия маводи зарурӣ гирдоварӣ менамояд. Дар ин шумора натанҳо имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, захираҳои фаровони табиӣ, балки зебоиҳои табиати биҳиштосо ва фарҳанги пурғановати Тоҷикистон инъикос хоҳад ёфт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520