Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

30.05.2012 12:10, шаҳри Душанбе

Имрӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис ҳисоботи Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар бораи рафти иҷрои барномаҳои мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 ва 2012-2013 шунида шуд.

Қайд гардид, ки дар самти касбомӯзӣ ва бозомӯзии шаҳрвандони бекор, шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва ташкили курсҳои касбомӯзии худмаблағгузорӣ соли 2011-ум барномаи махсус таҳия шуд ва таввассути муассисаҳои таълими касбии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва дигар муассисаҳои таълими касбӣ маҷмӯан 44158 нафар шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба таёрии касбӣ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ фаро гирифта шудаанд.

Аз ҷумла тавассути роҳхатҳои мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ дар муассисаҳои таълими касбии системаи Агентӣ 10603 нафар ва ба роҳи худмаблағгузорӣ дар муассисаҳои таълими 20554 нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуда, малакаҳои касбии 10842 нафар шаҳвандон ва муҳоҷирони меҳнатӣ бошад, бо шаҳодатнома тасдиқ карда шуданд.

Давоми соли 2011 дар 28 муассисаҳои таълими касбии мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ тибқи Барнома 10603 нафар бекорон аз рӯи 40 номгӯи ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат ба касбомӯзӣ фаро гирифта шудаанд, ки дар муқоиса ба соли 2010-ум 1462 нафар зиёд буда 120,1 фоизро аз иҷрои нақша ташкил медиҳад. Аз теъдоди ба касбомӯзӣ фаро гирифташудагон дар муасисаҳои таълими касбии системаи агентӣ занону духтарон 7244 нафар ва ҷавонон 7464 нафарро ташкил медиҳанд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки наздик 34,0 фоизи касбомӯзон ба ихтисоси дӯзандагӣ, 17,2 фоиз ба ихтисоси асосҳои омӯзиши компютер, 8,6 фоиз кафшергари газию барқӣ, 2,5 фоиз барқчӣ, 7,9 фоиз хизматрасонӣ ба аҳолӣ, 3,7 фоиз сохтмончӣ ва 3,9 фоиз ба омӯзиши касби қаннодӣ ҷалб шудаанд.

Ҳамин тавр, давоми соли 2011 аз ҳисоби маблағҳои дар барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ пешбинишуда маҷмӯан 2 миллиону 978 ҳазору 715 сомонӣ барои ба тайёрии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатӣ сарф шуд, ки аз ин маблағ 1 миллиону 267 ҳазору 360 сомониашро стипендияи касбомӯзон ташкил медиҳад.

Таъкид гардид, ки новобаста аз ин, дурнамои талабот ба таълими касбӣ нишон медиҳад, ки заминаи мавҷудаи муассисаҳои таълими касбии системаи вазорат барои ҳарчи бештар ба тайёрии касбӣ фаро гирифтани аҳолӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ кофӣ нест.

Қарор дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ташкили муассисаҳои таълими касбии кӯтоҳмӯҳлат бо назардошти талабот ба кадрҳои коргарӣ ба мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ мусоидат намоянд.

Бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари шаҳрвандон ба тайёрии касбӣ дар муассисаҳои таълими касбии калонсолони Тоҷикистон зарур дониста шуд, ки омӯзиши касбу ихтисосҳои нав, аз қабили кандакорӣ, заргарӣ, мураббия-парастор ва дигар касбҳо ба роҳ монда шавад.

Сипас ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси ноҳияи Шӯрообод дар бораи рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҳисобот дод.

Як зумра санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла Тартиби ташкил намудани паноҳгоҳҳо ва дигар иншооти мудофиаи гражданӣ, Барномаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик барои солҳои 2013-2020 ва Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ, ядак ва нимядакҳои тракторҳо тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумат, Шӯрои мушоҳидавии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқ ва назорати ҷараёни таҷдиди сохтори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи Барқи Тоҷик, Муассисаи таълимии давлатии Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Муассисаи таълимии давлатии Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис дода шуд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи ҳозиринро ба таъминоти бозори истеъмолӣ, ҷамъоварии ҳосили мева, сабзавот, ғалла, суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ, махсусан идома бахшидани бунёди роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, ҷамъбасти соли таҳсил ва омодагии муассисаҳои олии таълимӣ ба қабули довталабон ҷалб намуда, дар назди роҳбарони сохторҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520