Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи табрикотӣ ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

29.05.2012 19:00

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол дошт, ки дар он аз ҷумла, чунин омадааст:

Мӯҳтарам Илҳом Ҳайдарович,

Ба муносибати 20 – солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни кишварҳоямон Шумо ва халқи дӯсти Озарбойҷонро бо қаноатмандии бузург муборакбод менамоям.

Хурсандибахш аст, ки тайи солҳои баъди ин воқеаи бароямон таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон муносибатҳои мавҷудаи чандинасраи дӯстӣ ва некхоҳии мутақобилаи байни халқҳояшонро собитқадамона ривоҷ медоданд.

Бо саъю кӯшишҳои якҷоя таҳкурсии муносибатҳои байнидавлатӣ - заминаи шартномавию ҳуқуқӣ гузошта, ба кори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ибтидо гузошта шуд, робитаҳои фарҳангию гуманитарии ду кишвар тадриҷан мустаҳкам мегарданд, муколамаи сиёсии мо, аз ҷумла дар сатҳи баланд ривоҷу густариш меёбад.

Ин дастовардҳо, ки дурнамои хуби рушди минбаъдаи ҳамкории мутақобилан муфиди Тоҷикистону Озарбойҷонро фароҳам меоранд, ба мо ҳамаи асосҳоро медиҳанд, ки ба оянда дилпурона назар кунем.

Омодагии хешро ба фаъолияти минбаъдаи муштарак ҷиҳати ба ҳамкории кишварҳоямон бахшидани мазмуни нав иброз дошта, ба Шумо, мӯҳтарам Илҳом Ҳайдарович, тансиҳатии бардавом, дар фаъолияти масъулиятнокатон беҳбудию муваффақиятҳо ва ба халқи дӯсти Озарбойҷон сулҳу дастовардҳои навро дар амри татбиқи сиёсати миллӣ баҳри пешрафту шукуфоӣ орзу мекунам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520