Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар шаҳри Норак

20.03.2019 11:56, шаҳри Норак

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак дар вазъияти тантанавӣ Парчами давлатиро барафрохтанд.

Парчами давлатӣ бо садо додани Суруди миллӣ дар фазои орому осудаи Ватан, дар маркази шаҳри Норак партавафшон карда шуд.

Баландии пояи Парчами давлатӣ 50 метрро ташкил медиҳад. Дарозии матои ин рамз ва муқаддасоти миллӣ 14 метр ва паҳноиаш ба 7 метр баробар мебошад.

Иншоот дар масоҳати 40 садяк бунёд гардида, атрофи он бо гулу бутаҳои ҳархела, дарахтони ҳамешасабз ва чароғҳои равшанидиҳанда бо тарҳи муосир оро дода шудааст.

Поя ва майдони Парчами давлатӣ бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бунёд шудааст.

Барафрохтани Парчами давлатӣ дар ин мавзеъ аз як ҷониб ба ҳусни шаҳри Норак зебогии бештар зам намояд аз тарафи дигар майдони он барои истироҳату фароғати сокинон басо созгор аст.

Парчами давлатӣ дар ин макони сераҳолии шаҳр бо хотири арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ бунёд гардидааст. 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520