Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

06.06.2012 18:00

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли мамнуният Шуморо бо санаи муборак дар таърихи муосири муносибатҳои байни давлатҳоямон - бистсолагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ сидқан табрику таҳният мегӯям.

Пас аз соҳибихтиёр гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон кишварҳои ба ҳам дӯсти мо ба муносибатҳои дипломатии хеш ҳусни оғоз бахшида, ба ташаккули шакли сифатан нави равобити байнидавлатӣ шурӯъ намуданд.

Дар давраи мазкур сатҳи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг хеле ҳам боло рафта, мутобиқи манфиатҳои аслии ду давлат ва халқҳояшон рӯз аз рӯз вусъат меёбанд.
Дар ин раванд муколамаи доимии сиёсӣ, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, нақши хеле муҳим бозидааст.

Дар шароити имрӯза кишварҳои мо имкониятҳои фаровони тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро доранд.

Итминони комил дорам, ки бар асари кӯшишҳои минбаъдаи муштарак равобити гуногунҷанбаи байни кишварҳои мо боз ҳам рушду нумӯъ касб намуда, зина ба зина такомул хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсати фараҳбахш бо таҷдиди табрикоту шодбошҳо ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, сиҳатмандии комилу пирӯзиҳои нав ба нав ва ба мардуми дӯсту бародари Покистон - саодату хушрӯзӣ ва пешрафту шукуфоӣ хоҳонам.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520