Бегоҳии рӯз ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оғоз ёфт.
Барои иштирок дар ин ҳамоиш сарони ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ дар шаҳри Пекин ҷамъ омадаанд.
Хотиррасон бояд намуд, ки аъзои Созмони ҳамкории Шанхай давлатҳои Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон мебошанд.
Дар ҷаласаи имрӯза, ки дар ҳайати маҳдуд ҷараён мегирад, танҳо сарони давлатҳои аъзои созмон иштирок намуданд.
Ҷаласаи ҳайати васеъ бо ҳамроҳ шудани роҳбарони давлатҳои нозири Созмони ҳамкории Шанхай, меҳмонони воломақом ва намояндагони созмонҳои гуногуни байналмилалӣ пагоҳ баргузор мегардад.
Зимни ин ҳамоиш баррасии масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва қабули Эъломияи муштараки давлатҳои аъзо, Самтҳои асосии стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай, Барномаи нави сесолаи ҳамкорӣ доир ба мубориза бо «хатарҳои сегона» ва дигар санадҳои муҳим дар назар аст.