Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай

07.06.2012 10:00, Чин

Субҳи имрӯз кори ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар ҳайати васеъ бо ҳамроҳ шудани сарони давлатҳои нозир, меҳмонони воломақом ва намояндагони созмонҳои зиёди минтақавию ҷаҳонӣ идома ёфт.

Хотиррасон бояд кард, ки дар қатори 6 кишвари аъзо – Чин, Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар ин созмон, ҳамчунин Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва Муғулистон дорои мақоми нозир буда, Беларусу Шриланка шарикони гуфтугӯ ба шумор мераванд. Дар ин ҳамоиш ба ҳайси меҳмон, инчунин сарони давлатҳои Афғонистону Туркманистон иштирок намуданд.

Сарони давлатҳоро Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао истиқбол гирифта, ба макони аксбардории муштарак даъват намуд.

Тавре зикр гардид, мавзӯъҳои иқтисодӣ ва амнияти минтақавӣ дар ин ҳамоиш мақоми марказӣ доштанд. Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао, аз ҷумла изҳор дошт, ки кишвари ӯ барои дастгирии рушди босуботи кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва таҳкими амну субот дар минтақа бори дигар дар ҳаҷми 10 миллиард доллари амрикоӣ қарзҳои имтиёзӣ ҷудо менамояд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Самтҳои асосии Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои дурнамои миёнамуҳлат, дигар санадҳои муҳимва ба ҳайси нозир дар ин созмон қабул шудани Афғонистонро дастгирӣ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин қабули Барномаи нави сесолаи мубориза бо терроризму экстремизм ва ҷудоихоҳӣ ва дигар санадҳои муҳими пешниҳодшударо дастгирӣ намуд.

«Мо «хонаи СҲШ»-ро, ки бо талошҳои муштарак сохтаем, бояд хуб ҳифз намоем, кӯшиш кунем, ки ҳар як узви ин оилаи бузург худро дар он бехатар эҳсос намояд», - таъкид дошт Президенти Тоҷикистон.

Дар мавзӯи таҳкими муносиботи шарикӣ миёни аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва рушди ҳамкории минтақавӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин изҳор дошт: - «Тоҷикистон ҷонибдори он аст, ки ҳамаи давлатҳои аъзо дар асоси моддаи якуми Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай уҳдадориҳои худро доир ба таҳкими боварӣ, дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи миёни онҳо як хел иҷро намоянд».

Ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай бо имзои 10 санади нави ҳамкорӣ ва изҳороти матбуотии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ХУ Ҷинтао, ки аз номи сарони ҳамаи давлатҳои аъзо сухан гуфт, ба поён расид.

Яке аз санадҳои асосии имзошуда Самтҳои асосии Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай барои дурнамои миёнамуҳлат мебошад, ки бо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки фаъоли ҷониби Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида буд.

Тибқи қарорҳои қабулшуда, ба Афғонистон мақоми нозири созмон ва ба Туркия шарики он доир ба муколама дода шуд.

facebook
twitter
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2016
Тел/Факс.: (+992 37)2212520